Вазифаҳои молия дар иқтисоди бозорӣ

Табиати иқтисодии молия, таъйинот ва тартиби фаъолия­ти он дар вазифаҳое иҷро мекардааш, инъикос меёбанд. Ҳар як амалиёти молиявӣ маънои тақсимоти маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва назорат аз рӯи ин тақсимотро дорад, ки дар вақти мазмунан дида баромадани онҳо аён мегарданд. Молия ҳамчун категорияи арзишӣ ду вазифаи асосӣ тақсимкунӣ ва назоратиро иҷро менамояд.

Вазифаи тақсимкунии молия дар пайдарҳамии зерин мегузарад:

Тақсимоти даромади миллӣ дар бунёди номгӯи даромади асосӣ ё худ аввалия инъикос меёбад. Даромади асосӣ дар вақти тақсимоти даромади милли дар байни иштирокчиёни истеҳсолоти моддӣ ба вуҷуд меояд, ки он ду гурӯҳро дарбар мегарад:

а)        музди меҳнати коргарон ва хизматчиён, даромади деҳқонон ва фермерон, ки дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ фаъолият мебаранд;

б) даромади корхона ва ташкилотҳои соҳаи истеҳсолоти моддй.

Даромадҳои якуминдараҷа дар ин давра воситаҳои пу­лии ҷамъиягиро, ки барои рушди соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқ таъмини қобилияти мудофиавии мамлакат, қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва фархангию маишии ахолӣ заруранд, ташкил намекунад. Бинобар ин зарур аст, ки даромади миллӣ минбаъд боз тақсим ва азнавтақсим карда шавад. Азнавтақсимкунии даромади миллӣ аз омилҳои зерин вобаста аст:

-азнавтақсимкунии байнисоҳавӣ ва минтақавии воситаҳо, аз нуқтаи назари самаранок ва оқилона истифодабарии даромад ва ғункуниҳои корхона ва ташкилотҳо;

-дар баробари соҳаҳои истеҳсолӣ мавҷуд будани соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ, ки даромади миллиро ба вуҷуд намеоранд (маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, идоракунӣ ва дигарҳо);

-нигаҳдории қудрати мудофиавии давлат;

-бо азнавтақсимкунии даромад байии табақаҳои гуногуни аҳолӣ.

Дар натиҷаи тақсимкунии даромади аввалия даромадҳои дубора ё худ ҳосилавӣ ба вуҷуд меоянд. Ба он дохил мешаванд: андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андози иҷтимоӣ, андози замин, боҷҳои гумрукӣ, андозҳо аз аҳолӣ ва дигарон. Даромади дубора барои ташаккули таносуби ниҳоии истифодаи даромади миллӣ хизмат менамояд.

Ҳамин тариқ, мақсади асосии тақсимкунӣ ва азнавтақсимкунии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва даромади миллӣ, ки бо ёрии молия мегузарад таъмини қувваҳои истеҳсолӣ, бунёди инфраструктураи иқтисоди бозорӣ, мустаҳкам гардонидани давлат, таъмини беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Дар ин маврид ба молия вазифаи баландбардории ҳавасмандии моддии коргарон дар беҳтар намудани фаъолияти хоҷагию молиявии корхонаву ташкилотҳо, ба даст даровардани натиҷаҳои баланд бо сарфи ками захираҳои моддӣ, меҳнатӣ ва молиявӣ пешбинӣ карда шудааст.

Дар сатҳи умумидавлатӣ вазифаи тақсимкунии молияро бо нишондодҳои Нақшаи 1 баён кардан мумкин аст:

Нақшаи 1. Вазифаи тақсимкунии молия дар сатҳи умумидавлатӣ

Вазифаи дигари ниҳоят мухими молия назорат мебо­шад, ки бо вазифаи тақсимкунӣ дар алоқаи мустаҳкам ме­бошад.

Дар байни муносибатҳои молиявии бузургу бисёрпаҳлу нест муносибате, ки бо назорат оид ба ташаккул ва истифода­барии фондҳои пулӣ алоқаманд набошад. Дар баробари ин нест чунин муносибати молиявие, ки танҳо барои вазифаи на­зорат хос бошад.

Вазифаи назоратии молия дар он инъикос меёбад, ки ба сифати олоти ташаккул ва истифодабарии фондҳои пулӣ ва даромад он ба тарзи кушод рафти ҷараёни тақсимкуниро инъ­икос менамояд.

Вазифаи назоратии молия аз шакли арзиши назорат оид ба тақсимкунии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), даромади миллӣ (ДМ) ба фондҳои алоҳида ва истифодабарии онҳо барои мақсадҳои пешбинишуда иборат мебошад. Назорати молиявӣ чӣ соҳаи истеҳсолӣ, яъне дар он ҷое ки даромади миллӣ ташак­кул меёбад ва чӣ соҳаи ғайриистеҳсолиро, ки дар он ҷо дарома­ди миллӣ ба вуҷуд намеояд, дарбар мегирад.

Мақсади асосии назорати молиявӣ уҳдабароёна ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои моддӣ, меҳнатӣ ва мо­лиявӣ, кам кардани хароҷотҳои ғайриистеҳсолӣ ва пешгирии зарар аз бесарусомонӣ ва исрофкорӣ мебошад.

Яке аз вазифаҳои муҳими назорати молиявӣ санҷиши риояи бечунучарои қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои молиявӣ, иҷрои пурра ва саривақтии уҳдадориҳои молиявӣ дар назди низоми буҷетӣ, мақомоти андоз, бонкҳо ва инчунин уҳдадо­риҳои тарафайни корхона ва ташкилотҳо оид ба ҳисоббаробаркунӣ ва пардохтҳо ба ҳисоб меравад.

Дар адабиёти иқтисодӣ нисбати назарияи молия ва вазифаҳои он ақидаҳо гуногунанд. Ақидаи нисбатан маъмул ба ин ка­тегория хос донистани ду вазифа -тақсимот ва назорат мебошад.

Гурӯҳи дигари олимон мешуморанд, ки ба молия вазифаи сеюм низ хос мебошад. Аксарияти онҳо вазифаи сеюми молияро «хизматрасонии пулии гирдгардии фондҳо» меноманд, дигаронашон «ҳисоби хоҷагӣ», «ташаккули фондҳои пулӣ», «танзим», «ҳавасмандгардонӣ» ва ғайра меноманд.

Профессор Вознесенкий Э.А. қайд менамояд, ки халли дурусти ин масъаларо бо назардошги ду ҳолати асосӣ муайян намудан мумкин аст[1]:

  • дарки моҳияти вазифаи категорияи иқтисодӣ умуман;
  • -нишон додани (ошкор намудани) фарқи байни вазифа ванақши категория дар такрористеҳсолкунии ҷамъиятӣ.

Вазифа гуфта аслан шакли зохирии таъиноти ҷамъиятии категория фаҳмида мешавад. Аз ин лиҳоз, нуқтаи назари ҳамон олимоне, ки ду вазифаи молия тақсимкунӣ ва назоратиро тасдиқ менамоянд, аз ҷиҳати илмӣ асоснок ҳисобидан мумкин аст. Нақш ва аҳамияти мафҳумҳои «бо пул таъминкунии гирд­гардии фондҳо», «ташаккули фондҳои пулӣ», «ҳисоби хоҷагии фавран амалкунанда», «танзимӣ», «ҳавасмандгардонӣ» ва ғайраро рад накарда, қайд менамоем, ки онҳо дар ҳақиқат ҷой доранд, лекин ҳамчун оқибати вазифаи тақсимкунии молия мебошанд. Агар тақсим ва азнавтақсимкунӣ намешуд, дар бораи ин мафҳумҳо чун категория сухан рондан ғайри имкон мебуд.

Вазифаи молия ба воситаи механизми молиявӣ, ки ба худ маҷмӯи шаклҳои ташкили муносибатҳои молиявӣ, тарзи та­шаккул ва истифодабарии фондҳои марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаи захираҳои пулӣ, усулҳои банақшагирии молиявӣ, шаклҳои идоракунии молия, низоми молиявӣ, қонунгузории молиявӣ амалӣ гардонида мешавад.

Дар шароити тақвияти муносибатҳои бозорӣ дар ҷумҳурӣ дигаргунсозиҳои механизми молиявӣ ба амал меоянд. Ба ин дохил мешаванд: муносибатҳои тарафайни субъектҳои хоҷагидорӣ бо низоми буҷетӣ, фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, низоми суғурта; низоми бонкӣ ва дигарҳо.


Вазифахои молия дар иктисоди бозори


[1] – Ниг. ба «Финансы социалистических государств». Под.ред.проф. Вознесенского Э А. Москва, Нашр. «Финансы и статистика», 1982, саҳ.. 42.

ҚаблӣЗарурият ва моҳияти молия. Молия чист?
БаъдӣНақши молия дар такрористеҳсолкунии васеъ