Хушбин бош! (Бархурд бо проблемаҳо)

Дар ин мақола оиди саволи “Чаро тағйирот дар зиндагиямон хуб аст?” ҷавоб мегӯем. Дӯстам ҳамавақт оиди ҳаётат хушбин бош ва зиндагиро бо тағйиротҳояш ошиқона ва бомеҳр нигоҳ кун. Якчанд сабабҳоеро баҳри шумо гирдоварӣ намудем. Мутолиа намоед ва тағйироти зиндагии худро низ ҳамин тавр назар кунед ва қабул намоед!

Зебоии ман дар гузашта монд!

Занон одатан дар оина ожангчаҳои хурди аввалинро дида, бисёр андӯҳгин мегарданд. Ва албатта беҳуда!

зебоии зан

Мувофиқи омор ба мардон занони хело ҷавон не, балки занони баркамол ва пухта маъқуланд. Чунки бар замми зебоӣ онҳо таҷриба ва маҳорати хуб доранд.

Маро аз кор озод карданд!

Аз кор рондани шумо набояд сабаби ғусса хӯрдани шумо гардад! Ин метавонад ба он асос шавад то шумо пештар равед ва ягон кори беҳтару ҷолибтарро ҷустуҷӯ намоед, ҳатто ба таври қатъӣ метавонед муҳити кории худро иваз намоед.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

маро аз кор ронданд

Ишқи ман беҷавоб аст!

Ишқи беҷавоб – чӣ чизе метавонад бадтар бошад? Аммо танҳо ба воситаи ҳамин ҳиссиёт маҳсулот ва асароти зиёд ба вуҷуд меоянд. Ва умуман ҳамин эҳсос ба шумо иҷозат медиҳад дар ин дунё ба пеш равед.

ишки бечавоб, картинка ошики

Маро аз донишгоҳ хориҷ карданд!

Аз хориҷ шудан аз донишгоҳ ҳама донишҷӯён метарсанд. Бале, нофорам аст, бо шумо розӣ ҳастам, вале ин фалокат нест, балки имконият аст то аз нав фикр кунед ва ба коре машғул шавед, ки дар ҳақиқат барои шумо ҷолиб бошад. Инчунин метавонед тамоман ба дигар факулта дохил шавед!

маро аз донишгох хорич карданд

Ба ҳама мушкилие, ки дар ҳаёт бар мехӯред онро хушбинона назар намуда, ҳалли он масъаларо аз ҷиҳати хубиаш пайдо созед.

Шояд ин мақола ҳам ба Шумо писанд ояд:

Мушкилиҳо ҳангоми хоб


Проблема дар зиндаги, халли мушкили дар зиндаги, маро аз кор озод карданд, маро аз донигох хорич карданд.

ҚаблӣМисол ва масъалаҳо оиди тақсими ададҳои натуралӣ
БаъдӣТарзи навиштани Маълумотнома (Справка)

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед