Ташкилотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ. Бюрократия ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ

Ташкилотхои расми ва гайрирасми. Бюрократия хамчун ходисаи ичтимои.

Ташкилотҳои иҷтимоиро ба ташкилотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ҷудо менамоянд. Меъёри ин ҷудосозӣ сатҳи ба расмиятдарории робитаю ҳамкорӣ ва муносибатҳои мавҷуда мебошад. Асоси ташкилоти расмиро тақсимоти меҳнат, ки ҳамчун натиҷаи раванди ба таври зарурӣ мутахассисшавӣ баромад менамояд, ташкил мекунад. Тақсимоти меҳнат дар шакли системаи мақомҳо-мансабҳо, ки ҳар яке соҳиби вазифаҳои махсус мебошанд, сурат мегирад. Мақомҳои мансабӣ дар сохтори иерархӣ тибқи вазифаҳо дар зерташкилотҳои мухталиф аз рӯи принсипи роҳбарону тобеъон бо мавҷудияти вобастагӣ байни поёниҳо (тобеъон) ва болоиҳо(роҳбарон) ба тартиб дароварда мешаванд.

Ташкилоти расмӣ тамоюли ба системаи бюрократӣ мубаддалшавиро дорад. Дар сотсиология нисбати ин система андешаҳои ба ҳам зид вуҷуд дорад. М.Вебер имкониятҳои бюрократиро баланд баҳогузорӣ намуда, рушди онро дурнамои мусбии раванди таърихӣ ҳисобидааст. Тибқи андешаи М.Вебер навъи идеалии бюрократия шомили сифатҳои зерин мебошад: фаъолияти идоракунӣ доимо ба таври мунтазам сурат мегирад; соҳаи ҳокимияту ваколати ҳар як зина ва фард дар дастгоҳи идоракунӣ муқаррар гардидааст; иерархия принсипи асосии назоратро аз болои мансабдор ба вуҷуд меорад ва мансабдор аз моликият ба воситаҳои идоракунӣ ҷудо аст, ҳамчунин мансаб низ аз фарде, ки вазифаи идоравиро иҷро менамояд, ҷудо аст; фаъолияти идоранамоӣ ба касби махсус табдил меёбад; системаи таҳсилот оид ба омодасозии мансабдорон вуҷуд дорад; фаъолиятҳои идоранамоӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда мешаванд; дар идоранамоӣ принсипи ба ҳисоб нагирифтани шахсият ҳукмрон аст.

Ҷанбаи муҳим ва асосии бюрократия тибқи назари М.Вебер – ин маҳсулнокии баланди иқтисодӣ-хоҷагист: дақиқӣ, суръатнокӣ, дониш, доимии раванди идоранамоӣ, сирри хидматӣ, яккасардорӣ, субординатсия, сатҳи пасттарини муноқиша ва сарфакорӣ. Камбудии асосии он- ба инобат нагирифтани хусусиятҳои вазъиятҳои муноқишавӣ, тибқи шаблон амал кардан, набудани уҳдабароии зарурӣ. М.Вебер чунин меҳисобид, ки кафолатҳои муайянро аз камбудиҳои бюрократию сӯиистифода аз мансаб коркард кардан мумкин аст.

Назарияи веберии бюрократия дар сотсиологияи муосир зери танқид гирифта мешавад. Т.Парсонс, А.Голднер ва ғ. чунин меҳисобанд, ки ду навъи ҳокимият- дар асоси мақом дар иерархия ва дониши касбӣ – бо ҳам дар ихтилофанд. Ҳокимияти бюрократ ба фармон асос меёбад ва аз ин рӯ, тобеият ба он ихтиёрӣ нест. Тобеият ба мутахассис бо эътирофи мақоми иҷтимоию касбии ӯ алоқаманд мебошад, бинобар ин вай ихтиёрист. Зиддият байни ин ду асосҳои ҳокимият метавонад, ки заминаи низоъҳои доимӣ бошад. Проблемаи амалии асосии ташкилотҳои муосир аз муайян намудани сатҳи мустақилнокии мутахассисон дар соҳаи дақиқ намудани мақсадҳои фаъолият, навъи вазифаҳои ҳалшаванда, тарзи истифодаи дониш ва назорати иҷрои он иборат мебошад.

Дар сотсиологияи ташкилот ба омӯзиши зиддиятҳо байни тарзи бюрократии идоранамоӣ ва фаъолияти эҷодӣ, омодагии ташкилот ба навоварӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Сотсиологи фаронсавӣ М.Крозе нишон додааст, ки қобилияти ташкилот ба навовариҳо аз мавҷудияти чунин меъёрҳое, ки фаъолияти созандагию эҷодиро дастгирӣ менамоянд, вобастагӣ дорад. Ҳамзамон мантиқи фаъолияти ташкилотҳои бюрократӣ, вижагиҳои робитаю вобастагиҳои дар он шаклгирифта ба фаъолияти оқилона монеъ мебошанд. Бюрократия фаъолияти зинаҳои поёниро дар асоси иерархияи вобастагиҳои хидматӣ ҳамоҳанг месозад. Фаъолияти тобеъон, агар онҳо ба нишондоду фармонҳои роҳбарият мувофиқат намоянд, ҳамчун фаъолияти дуруст шарҳ дода мешаванд. Аммо донишу қобилият ба эҷодкорӣ дар шакли фармон интиқол намеёбанд. Системаи дастгирӣ низ дар ташкилотҳои бюрократӣ ба шахшудагӣ, бетағйирию якнавъии рафтору тафаккур мусоидат менамояд, на ба мустақилнокию эҷодкорӣ. Бинобар ин хулоса ҳамин хоҳад буд, ки бюрократия барои идора намудани раванди эҷодӣ қодир нест.

Таъсири боздорандаи бюрократия ба навоварӣ инчунин дар зиддият байни идоранамоии мутамарказу профессионализм ба зоҳир мерасад. Бюрократия дар системаи идоранамоӣ ба якнавъӣ, якшаклӣ талош менамояд. Гуногунии аз ҳад зиёд дар супоришот, вазифаҳо, зинаҳои ташкилот роҳбариро душвор месозад, агарчанде барои навовариҳо имкониятҳои зиёд эҷод месозад. Сотсиологҳои амрикоӣ Блау ва Скотт дар асоси тадқиқотҳои эмпирикӣ исбот намуданд, ки гурӯҳҳое, ки супоришҳои соддаро иҷро менамоянд, дар сохтори иерархиявии идоранамоӣ онҳоро хуб иҷро менамоянд. Аммо гурӯҳҳое, ки проблемаҳои мураккабу номуайянро иҷро менамоянд, агар системаи иерархии ташкилот набошад, ба натиҷаҳои беҳтарин ноил мегарданд.

Ба сифати ҷуброни камбудиҳо ва муқобилат ба ташкилотҳои расмӣ ташкилотҳои ғайрирасмӣ пайдо мешаванд ва фаъолият менамоянд. Ташкилотҳои ғайрирасмӣ гуфта системаи робитаю ҳамкориҳо ва меъёрҳои муоширати байнишахсию байнигурӯҳии худбахудпайдошударо меноманд. Ташкилотҳои ғайрирасмӣ дар ҷое пайдо мешаванд, ки нуқсони ташкилоти расмӣ дар иҷрои вазифаҳои барои тамоми организми иҷтимоӣ муҳим халал ворид месозанд. Онҳо вайро аз ҳисоби худташкилнамоию худтанзимнамоии вазифаҳо ҷуброн месозанд. Асоси чунин ҷубронсозиро умумияти муайяни манфиатҳои ташкилот ва аъзоёни он ташкил менамояд. Умуман, ташкилоти ғайрирасмӣ барои фаъолияти эҷодию маҳсулнок, коркарду ворид намудани навовариҳо имкониятҳои фаровон ба вуҷуд меоварад.


Мавзӯи пурра » Мавзӯи 5. Умумиятҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ

ҚаблӣТашкилотҳои иҷтимоӣ (сотсиология)
БаъдӣТаълимоти марксистӣ дар бораи давлат ҳамчун ташкилоти иҷтимоии ҷомеаи синфии антагонистӣ. Давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ