Сирри муваффақият

Дар як осорхонае муҷассамаи мармарин маҳфуз будааст ва кариб ҳар рӯз ба тамошои он одамони зиёд меомадаанду аз зебоии он ангушти ҳайрат мегазидаанд.

Як рӯз санги фарше, ки дар рӯйи он мизи муҷассама гузошта шуда буд, ба ҳайкалчаи болои сари худ муроҷиат карда гуфт:

«Ин чи беадолатӣ аст? Тамоми тамошобинон ба рӯйи ман қадам зада, ба назди ту мераванд. Ҳамаи вазнинии онҳоро ман эҳсос мекунам. Аммо ҳама танҳо туро таърифу тавсиф мекунанд ва ман аз назарҳо дур мондаам» .

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Муҷассама посух медиҳад: «Ёд дорӣ? Вақте ки ҳардуи моро ҳунарманд ба коргоҳаш бурд ва хост аз мо муҷассама созад, ту дардҳои теғ ва тешаву табари ӯро таҳаммул накардиву худро пора-пора сохтӣ ва туро аз коргоҳ берун карданд. Аммо ман то ба касб кардани ин сурати зебо ҳамаи азобҳоро таҳаммул кардам ва ба ин мартаба расидам. Ҳамин аст фарқи ману ту. Яъне ман то расидан ба мақсад азоби зиёд кашидам, аммо ту якбора зиндагии осонро ҷустуҷӯ кардӣ ва агар як муддат ҳам ором зиста бошӣ, акнун тамоми умр дар азобу шиканҷаӣ».

ҚаблӣСароғоз
БаъдӣТаърихи пайдоиши ҳуқуқ ҳамчун фанни таълимӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед