Саноаткунонӣ дар шароити Тоҷикистон

Зарурияти саноаткунонӣ дар давраи нав. Дар давраи нави дигаргунсозиҳо, яъне солҳои 1929-1914, масъалаи саноатикунонӣ яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳими на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро, аз ҳалли дурусти ин масъала тақдири худи сохти Шӯравӣ сахт вобастагӣ дошт. Маҳз ҳаминро рақобати бошиддати иқтисодии байни Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар асл, дар миқёси ҷаҳон давлати ягонаи сотсиалистӣ буд, бо мамлакатҳои бузурги капиталистӣ, ки хеле пешрафта буданд, талаб мекард.

Чуноне маълум аст, сараввал давлатҳои бузурги капиталистӣ бо роҳи зӯрӣ – ҷанг давлати ҷавони Шӯравиро барҳам додан мехостанд, ки натавонистанд. Акнун онҳо ният доштанд бо роҳи осоишта, дар рақобати иқтисодӣ Иттиҳоди Шӯравиро мағлуб намоянд. Ҳамин гуна мақсади сарварони мамлакатҳои капиталистиро роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ эҳсос мекарданд. Ба ғайр аз ин дар давлатҳои Италия (соли 1922) ва Олимон (соли 1933) фашистон ба сари ҳокимият омада буданд, ки онҳо даъвои тақсимоти нави ҷаҳонро доштанд. Ин ҳама аз хусуси ҷанги нави ҷаҳонӣ дарак медод. Бинобар ҳамин ҳам роҳбарони Иттиҳод ба тамоми душвориҳои мавҷуда нигоҳ накарда, бо ҷалби тамоми захираҳои дохилӣ, дар давраи  нави дигаргунсозиҳо ҳам саноатикунонии мамлакатро, ки дар миёнаи солҳои 20-ум оғоз карда буданд, идома доданд. Дар натиҷаи иҷрои ин вазифа Давлати Шӯравӣ дар ҳақиқат дар давраи хело кӯтоҳи таърихӣ аз давлати қафомондаи аграрӣ ба мамлакати пешрафтаи саноатӣ табдил ёфт.

Саноатикунонии давраи нави дигаргунсозиҳо, чун давраи аввала тамоми сарзамини Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро низ фаро гирифта буд. Вале аз ҳамон вақт мақсад гузошта буданд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон, бо сабаби ҳанӯз омӯхта нашудани иқтидори саноатии он, аз ҷумла иқтидори энергетикиаш, маҳз ҳамон соҳаҳои саноат бунёд гардид ва инкишоф ёбад, ки онҳо минъбад манбаи ашёи хом ва хӯроквории Иттиҳоди Шӯравиро васеъ намоянд. Яъне, Тоҷикистон бояд яке аз маконҳои асосии ашёи хоми саноатии Иттиҳод мегардид. Ҳамин ҳолат дар нақшаи панҷсолаи якӯм (солҳои 1928/29 – 1932/33), дуюм (солҳои 1933 1938) ва сеюми (солҳои 1938-1942) рушди хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ акси худро ёфтааст.

Заводҳои пахтатозакунӣ. Дар замони саноаткунонии мамлакат барои Тоҷикистон бунёд ва рушди заводҳои пахтатозакунӣ мақоми асосиро ишғол мекунад. Зеро, фаъолияти он заводҳо ба ашёи хоми  маҳаллӣ-пахта, ки барои Иттифоқ хело зарур буд, асос меёфт. Инчунин истеҳсоли пахта ҳам сол аз сол инкишоф меёфт ва коркарди он бунёди заводҳои навро талаб мекард.

Бо сабабҳои дар боло ишорашуда дар давраи нав ҳам, дар ҳудуди ҷумҳурӣ суръати сохтмони заводҳои пахтатозакунӣ тезонида шуд. Дар натиҷа чунин заводҳо соли 1930 дар Кӯлоб, соли 1932 дар Сарой Камар (Панҷ) сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин, дар муддати солҳои 1930-1932 заводҳои амалкунандаи пахтатозакунии Сталинобод, Хуҷанд, Фархор, Ҷилликӯл, Қӯрғонтеппа ва ғайраҳо қисман аз нав таҷҳизонида, васеъ карда шуданд. Чунин чорабинии бо техникаи нав таҷҳизонидан ва васеъ намудани заводҳои пахтатозакунӣ минбаъд ҳам идома дода шуд. Соли 1938 дар ҳудуди ҷумҳурӣ боз ду адад заводҳои нави пахтатозакунӣ сохта ба истифода  дода шуданд, ки яке аз онҳо дар Мелниково (Конибодом) ва дигаре дар Регар (Турсунзода) ҷойгир шуда буданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

  Умуман охири солҳои 30-уми асри ХХ дар ҳудуди Тоҷикистон 11 адад заводҳои пахтатозакунӣ фаъолият мекарданд. Аз ин миқдор танхо солҳои 30-ӯм 4 адад чунин заводҳои нав ба кор  шурӯъ намудаанд.

Саноати бофандагӣ. Сарзамини Тоҷикистон, дар баробари истеҳсоли пахта, барои инкишофи кирмакпарварӣ ҳам қулай буд. Пилла низ барои Иттифоқ ҳамчун ашёи хом зарур ҳисобида мешуд. Бо ҳамин сабабҳо дар ин гӯшаи Иттиҳод, пеш аз саноати бофандагии  пахта, бунёд ва никишофи саноати абрешимро зарур шумориданд. Дар натиҷа, дар Тоҷикистон аввали солҳои 30-ӯми асри ХХ саноати бофандагиро аз саноати абрешим оғоз намуданд. Ҳамон солҳо округи Хуҷанд ҳамчун маркази анъанавии истеҳсоли пилла ҳисоб мешуд. Зеро, 65,6%-и пиллаи ҷумҳурӣ маҳз дар ҳамин округ истеҳсол  мегардид. Бо ҳамин сабаб, феврали соли 1930 дар шаҳри Хучанд, фабрикаи абрешими «Бофандаи сурх» бунёд гардид. Инчунин вазифа гузошта шуд, ки дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Сталинобод саноати замонавии ин соҳа сохта шаванд. Дар натиҷа соли 1930 дар Хуҷанд сохтмони чунин фабрикаи замонвӣ оғоз гардид ва 1 майи соли 1932 навбати аввали он ба фаъолият шурӯъ кард, ки ҳамон лаҳза он асосан калобаи абрешимӣ мебаровард. Минъбад ин корхона васеъ гардид ва 1 майи соли 1934 аввалин бор матои абрешимӣ – атлас (500-метр) истеҳсол кард. Дар натиҷа фабрикаи абрешими Хуҷанд ба комбинати шоҳибофӣ табдил ёфт ва яке аз корхонаҳои бузурги иттифоқии соҳаи абрешим ба ҳисоб мерафт.

Ноябри соли 1932 фабрикаи пиллакашии Сталинобод низ ба кор даромад, ки хело дертар (соли 1949) он ҳам ба комбинати шоҳибофӣ табдил дода шуд. Дар давраи аввал масолеҳи ин фабрика, ҳамчун ашёи хом, ба шаҳрҳои Москва, Оренбург, Рига, Киев ва ғайра фиристода мешуд.

То миёнаи солҳои 30-юми асри ХХ ҳарчанд дар Тоҷикистон истеҳсоли пахта меафзуд, вале ҳамаи онҳо ҳамчун ашёи хом ба марказҳои саноати бофандагии Иттиҳод фиристода мешуд. Инак, соли 1936 дар Сталинобод ба сохтмони комбинати бофандагӣ шурӯъ карданд ва  14 марти соли 1942 навбати аввали он ба кор даромад. Ҳарчанд ин корхона ҳамон вақт асосан калоба ва матои дурушт истеҳсол мекард вале он ибтидои коркади пахта дар ҷумҳурӣ буд.

Саноати хӯрокворӣ. Талаботи рӯзафзуни мардум нисбат ба маҳсулоти мевагӣ ва дар ҷумҳурӣ фаровонии меваю ангурро ба инобат гирифта, соҳаҳои  гуногуни саноати хӯроквориро ба вуҷуд оварда, инкишоф доданд. Аз ҷумла, соли 1931 заводи шаробкашии  Конибодом, ки ҳанӯз соли 1928 сохта шуда буд, ба заводи консервабарорӣ табдил дода, бо навтарин таҷҳизотҳо таҷҳизонида шуд. Соли 1932 заводи консервабарории Хуҷанд ба истифода дода шуд, ки баъдтар он ба комбинати консервабарорӣ табдил ёфт. Дар миёнаи солҳои 30-юм заводҳои консервабарорӣ дар Чикаловск (Қистакӯз) ва Исфара ба кор даромаданд. Баъзе маҳсулоти ин заводҳо аллакай ҳамон солҳо берун аз доираи Иттиҳоди Шуравӣ шӯҳрат пайдо карданд. Аз ҷумла, соли 1937 дар Париж, дар намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ, мураббои (консерваи) зардолугии комбинати консервабарории Ленинобод (шаҳри Хуҷанд аз соли 1936 сол то соли 1991 чунин номро гирифта буд) дипломи дараҷаи аввалро соҳиб шуд.

Инкишофи ангурпарварӣ сабабгори афзудани заводҳои шаробпазӣ гардид. Чунончӣ, соли 1930 дар Уротеппа (Истаравшан), соли 1931 дар Панҷакент ва Хуҷанд, соли 1932 дар Исписор чунин заводҳо ба истифода дода шуданд.

Соли 1932 дар Қӯрғонтеппа ва соли 1933 дар Кӯлоб заводҳои равғанбарорӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар солҳои 30-юм комбинати ордбарорӣ дар Янги Бозор (Ваҳдат) ва Қӯрғонтеппа сохта ба истифода дода шуданд. Танҳо дар шаҳри Сталинобод соли 1938 заводи нави механиконидашудаи нонпазӣ, соли 1940 комбинати гӯшт, бо сехҳои ҳасиб (колбаса) ва консервабарорӣ ба фаъолият шурӯъ карданд.

Саноати полиграфӣ. Дар ҷумҳурӣ аввалин нашриёт ҳанӯз соли1924, дар Душанбе ба вуҷуд омада буд. Соли 1934 дар ин ҷо комбинати полиграфӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Минъбад, бо сабаби зиёд гардидани нашри рӯзномаҳои вилоятию ноҳиявӣ, адади нашриётҳо ҳам афзуданд. Дар маркази вилоятҳо ва аксари ноҳияҳо низ нашриётҳо ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷа, соли 1937 шумораи умумии нашриётҳо дар ҷумҳурӣ ба зиёда аз 40 адад расид.

Саноати дӯзандагӣ ва пойафзолдӯзӣ. Аввалин корхонаи дӯзандагӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ин фабрикаи дӯзандагии Сталинобод ба ҳисоб меравад,  ки он ноябри соли 1933 ба фаъолият шурӯъ кард. Дуюмин корхонаи калони дӯзандагӣ дар ҷумҳурӣ фабрикаи дӯзандагӣ – трикотажии Ленинобод ба ҳисоб меравад, ки он соли 1939 ба фаъолият оғоз намудааст. Инчунин дар ҳамин давр корхонаҳои зиёди нисбатан хурди трикотажӣ ба вуҷуд омада, ба фаъолият оғоз карданд.

Дар ҷумҳурӣ барои инкишофи саноати пойафзолдӯзӣ ҳам шароити қулай вуҷуд дошт. Соли 1933 ба сохтмони заводи чармбарории Сталинобод шурӯъ карданд ва соли 1936 сохтмони он ба итмом расид. Соли 1937 дар Сталинобод аввалин дар ҷумҳурӣ фабрикаи пойафзолдӯзӣ ба кор шурӯъ кард. Соли 1936 дар шаҳри Ленинобод ҳам ба сохтмони заводи пойафзолдӯзӣ сар карданд.

Саноати масолеҳи сохтмон. Инкишофи сохтмони корхонаҳои  саноатӣ ва шаҳрсозӣ зарурияти саноати масолеҳи сохтмонро ба миён гузошт. Аввалин корхонаи саноатии ин соҳа заводи ғиштпазии Сталинобод ба ҳисоб меравад, ки соли 1929 ба сохтмонаш оғоз намуда, соли 1930 онро аллакай ба истифода доданд. Дар ин сол заводи ғиштпазии Драгомиров (ҳоло ноҳияи Ҷаббор Расулов) низ ба кор даромад. Заводҳои хиштпазӣ инчунин соли 1932 дар Шаҳринав, соли 1936 дар Ленинобод, Исфара, Панҷакент, Кӯктош (Сомониён) ва Шаҳритус сохта шуданд. Соли 1938 дар Сталинобод ба сохтмони заводи сментбарорӣ шурӯъ карда, онро соли 1942 ба истифода доданд. То соли 1940 дар Конибодом заводи битумбарорӣ, дар Сталинобод заводҳои алебастрбарорӣ ва истеҳсоли сафолакҳои бомпӯш ба кор даромаданд. Соли 1940 дар Помири Шарқӣ заводи оҳак ба фаъолият шурӯъ кард.

Электроэнергетика. Дар солҳои 30-юм дар соҳаи истеҳсоли барқ ҳам  дар ҷумҳурӣ аввалин қадамҳо гузошта шуданд. Аз ҷумла соли 1931 ба сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Варзоб (иқтидораш 7500 квт/соат)  шурӯъ карданд. Декабри соли 1937 сохтмони он ба итмом расид ва ин нерӯгоҳ ба пойтахти ҷумҳурӣ барқ дод. 12 сентябри соли 1933 истгоҳи дизелии барқии Сталинобод низ ба кор шурӯъ кард.

  Дар Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои 5-солаи 2-юм дар дарёи Ғунт сохтмони нерӯгоҳи барқии обӣ оғоз ёфт ва дар солҳои 5 солаи 3-юм он ба кор даромад. Соли 1934 маркази гармидиҳии барқии Шӯроб ба истифода дода шуд, ки он нерӯгоҳ Исфараро низ қисман бо барқ таъмин мекард.

  Умуман, соли 1940 дар ҷумҳурӣ шумораи истгоҳҳо ва зеристгоҳҳои барқӣ ба 40 адад расида буд. Дар ин сол дар ҷумҳурӣ ба миқдори умумӣ 62,1 млн квт/соат қувваи барқ истеҳсол  карда шуд.

Саноати сӯзишворӣ. Ба вуҷуд омадан ва инкишоф ёфтани корхонаҳои саноатӣ ва нақлиёт талаботро нисбат ба маводҳои сӯзишворӣ, махсусан ангишт ва нефт зиёд кард. Чунин ҳолатро ба назар гирифта, соли 1931 дар кони ангишти Шӯроб ба коркарди механиконидани ангишт шурӯъ карда, онро соли 1939 пурра ба истфода доданд. Дар натиҷа истеҳсоли ангишти танҳо Шӯроб аз 13 ҳазор тоннаи соли 1928, дар соли 1940 то ба 200 ҳазор тонна зиёд шуд. Дар ин муддат, соли 1933 роҳи оҳани 52 километраи байни Мелниково (Конибодом) ва Шӯроб ҳам сохта ба истифода дода шуд. Дар ҳамин давр азхудкунии конҳои Тошқӯрғон, Киштут-Заврон низ оғоз гардид.

Истеҳсоли нефт ҳам афзуд. Сараввал кони нефткашии «КИМ» қисман аз нав таҷҳизонида шуд. Ба ғайр аз ин соли 1935 кони Нефтобод (наздикии Конибодом) низ ба кор даромад. Дар натиҷа, агар соли 1932 дар ҷумҳурӣ 18,9 тонна нефт истеҳсол карда бошанд, пас соли 1940 он ба 29,8 тонна расид.

Саноати кӯҳӣ. Натиҷаи тадқиқотҳои олимон ва солҳои 30-юм пайдо намудани кони маъдани Қаромазор сабабгори дар ҷумҳурӣ ба вучуд омадани соҳаи нави саноат – саноати кӯҳӣ гардид. Ин кони маъдан ҳатто диққати вазири саноати вазнини ҳамонвақтаи  Иттиҳод С. Орҷоникидзеро ба худ ҷалб карда буд. Зеро, ҳамон вақт комиссияи махсуси Умумииттифоқӣ хулоса бароварда буд, ки захираи маъданҳои рангаи танҳо ноҳияи Қарамазор 30%-и мис, 30%-и сурб ва 15%-и руҳи захираҳои Иттифоқро ташкил мекунад. Бинобар ин истеҳсоли маъдан дар ин кон сол аз сол  афзуд. Масалан, соли 1937 истеҳсоли он нисбатан ба соли 1933-88 баробар зиёд гардид. Солҳои 1936-1938 азхудкунии кони Тагоб, барои истеҳсоли шпати гудохташаванда оғоз шуд. Соли 1940 дар асоси кони бисмути (висмути) Адрасмон комбинати полиметаллии (яъне, дорои якчанд маъдан) Адрасмон бунёд гардид.

Умуман Тоҷикистон то соли 1941 аз ҷиҳати истеҳсоли маъданҳои ранга дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҷойи аввалро ишғол  мекард.

Саноати коркарди маъдан. Ба вуҷуд омадан ва рушди саноат, зиёд гардидани адади мошину тракторҳо ва ғайра зарурияти корхонаҳои таъмиргариро ба миён гузошт, ки ин ҳама барои ба вуҷуд омадани соҳаи дигари нави саноат – саноати коркарди маъдан сабаб шуд. Аввалин чунин корхона – заводи таъмирӣ – механикаи Сталинобод ба номи С. Орҷоникидзе буд, ки ба сохтмонаш соли 1931 шурӯъ карда, соли 1933 онро ба кор дароварданд. Минъбад дар ин корхона тракторҳо, ҳар гуна мошинҳо ва ғайраро таъмир мекарданд. Соли 1934 дар Сталинобод боз заводи таъмири автомошинҳо ба фаъолият шурӯъ кард. Дар охири солҳои 30-юм дар Қӯрғонтеппа заводи таъмири автомошину тракторҳо, дар Нов заводи таъмири маторҳо ба кор даромад. Соли 1938 дар Конибодом заводи таъмири автомошинҳо ба кор дароварда шуд. Ҳамин тавр дар муддати хеле кӯтоҳ, ҳамагӣ 15 сол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 намуди соҳаҳои гуногуни саноат бунёд гардид. Миқдори умумии корхонаҳои бузурги саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 273 адад расид. Албатта қариб ҳамаи онҳо корхонаҳои соҳаи саноати сабук буданд. Зеро, дар он солҳо дар ҷумҳурӣ ҳанӯз барои инкишофи саноати вазнин шароит набуд. Аниқтараш, ҳанӯз канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва иқтидори дарёҳои Тоҷикистон омӯхта нашуда буд. Ба ин амал эъзомияи комплекси Тоҷикистон, ки соли 1932 аз тарафи Академияи илмҳои ИҶШС (СССР) ва Эъзомияи Тоҷикистону Помир, ки солҳои 1933-1934 ташкил карда шуданд, мавқеи бузург бозиданд. Маҳз натиҷаи омӯзиши онҳо имконият дод, ки минбаъд солҳои 50-60-ум ҳукумати Иттифоқ барои инкишофи соҳаҳои гуногуни саноати вазнин дар Тоҷикистон, махсусан саноати энергетика диққати махсус диҳад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҳанӯз солҳои 30-ӯм дар соҳаи саноати вазнин низ дар ҷумҳурӣ аввалин қадамҳо гузошта шуд. Чунончӣ, агар дар аввали 5- соли якум дар ҷумҳурӣ танҳо як соҳаи саноати вазнин – сӯзишварӣ (ангишт ва нефт) мавҷуд бошад, пас дар охири солҳои 30-ӯм дар ҷумҳурӣ чунин соҳаҳои нави саноати вазнин, ба монанди коркарди фузулот (металл), ки дар соҳаи таъмири техникаи мавҷуда, корҳои обёрӣ ва сохтмони роҳҳо зарур буд; металлургияи ранга, дар мисоли коркарди маъдани кони Консой; электроэнергетика ва саноати маводҳои сохтмонӣ дида мешуд.

  Хулоса, дар охирҳои солҳои 30-юм Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қафомондагӣ то андозае роҳо ёфта, ба ҷумҳурии аграрию саноатӣ табдил ёфта буд.

Омода намудани кадрҳо. Ба вуҷуд омада инкишоф ёфтани корхонаҳои саноатӣ дар назди ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи омода намудани кадрҳоро гузошт. Албатта дар давраи аввал сафи коргарон қисман аз ҷумлаи деҳқонони камзамину безамин, косибону ҳунармандони харобгардида пур мешуд. Вале дар давраи аввал мутахассисон ва ҳатто як ҳиссаи коргарон аз Федератсияи Русия ва Украина сафарбар карда шудаанд. Чунончӣ, солҳои 1929/30 дар ҷумҳурӣ сафи коргарон ҳамагӣ 2 ҳазор нафар буд. Аммо соли 1930 аз ҷумҳуриҳои номбурда зиёда аз 13,5 ҳазор ва соли 1931 зиёда аз 4,3 ҳазор нафар коргар даъват шудаанд.

  Барои аз ҷумлаи ҷавонони ҷумҳурӣ тарбия намудани коргарони касбӣ, омӯзишгоҳҳои фабрикаю заводӣ (ФЗУ) ташкил карда шуданд. Аввалин чунин омӯзишгоҳ дар ҳудуди Тоҷикистон, ҳанӯз соли 1924 дар кони нефтистеҳсолкунии КИМ (аввала САНТО) ташкил карда шуда буд. Соли 1929 чунин омӯзишгоҳ дар комбинати абрешими Хуҷанд ташкил ёфт. Соли 1932 бошад миқдори чунин омӯзишгоҳҳо ба 9 адад расид. Бунёди омӯзишгоҳҳо минъбад ҳам идома ёфт. Аз ҷумла соли 1935, дар назди комбинати полиграфии Сталинобод (як сола), соли 1936 дар назди фабрикаи дӯзандагии Сталинобод, дар назди матбааи Ленинобод омӯзишгоҳҳо ташкил карда шуданд. Танҳо соли 1940 дар омӯзишгоҳҳои ҷумҳурӣ 1185 нафар мутахассисони касбӣ тарбия гирифтаанд.

  Аммо омӯзишгоҳҳо талаботи рӯзафзунро нисбати мутахассис қонеъ гардонида натавонистанд. Зеро, онҳо аз тарафи вазоратҳо ва корхонаҳои ҷудогона ташкил карда мешуданду талаботи умум чандон ба инобат гирифта намешуд. Бинобар ин аз соли 1940, чун дар Иттиҳод, дар ҷумҳурии мо ҳам омӯзишгоҳҳои дусолаи ҳунармандӣ, аз ҷумла барои роҳи оҳанчиён ва мактаби шашмоҳаи омӯзиши фабрикаю заводӣ (ФЗО) бунёд карда шуданд. Илова ба ҳама ин дар корхонаҳо устоҳои моҳир вазифадор  карда шуда буданд, ки шогирд тайёр намоянд.

  Ҳамаи ин чорабиниҳо имконият доданд, ки минбад аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ ҳар чӣ бештар  мутахассис омода карда шавад.


Калидвожаҳо: Тоҷикон дар давраи дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии солҳои 1929 – 1941, Точикон дар давраи дигаргунсозихои сиёси, ичтимоию иктисоди ва фархангии солхои 1929 – 1941, Саноаткунони дар шароити Точикистон, Зарурияти саноаткунони дар давраи нав, Заводхои пахтатозакуни, Саноати бофандаги, Саноати хуроквори, Саноати дузандаги ва пойафзолдузи, Саноати масолехи сохтмон, Саноати сузишвори, Саноати кухи, Омода намудани кадрхо.

ҚаблӣМақсад ва вазифаи асосии дигаргунсозиҳо дар марҳилаи нав
БаъдӣСаросар коллективонидани кишоварзон дар шароити Тоҷикистон ва кӯшишҳо барои рушди он