Мақсад ва вазифаи асосии дигаргунсозиҳо дар марҳилаи нав

соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфт ва он бевосита ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии сотсиалистӣ (ИҶШС- СССР) дохил шуд. Кумитаи вилояти Тоҷикистонии ҳизби комунистии Ӯзбекистон ба ҳизби коммунистии Тоҷикистон табдил ёфт ва он ҳам бевосита қисми таркибии ҳизби комунистии (болшевикии) Умумииттифоқӣ ба ҳисоб мерафт. Мисли пештара ҳизби коммунистӣ дар доираи  Иттиҳоди Шуравӣ яккаҳукумрон буд. Бинобар ҳамин ҳам ҳар ҳукме, ки ҳизби комунистии (болшевекии) Умумииттифоқӣ мебаровард, он ба воситаи ҳизби комунистии Тоҷикистон дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон низ амалӣ мегардид. Албатта ҳизби комунистии Тоҷикистон ҳуқуқ надошт, ки иҷроиши ҳукми ҳизби коммунистии умумииттифоқиро ба таъхир гузорад, ё худ аз иҷроиши он саркашӣ намояд. Дар доираи Иттифоқ мақсад ва вазифаҳои ҳамаи ҳизбҳои комунистии ҷумҳуриҳои он ягона буд ва онҳоро маҳз ҳизби комунистии (болшевикии) Умумииттифоқӣ муайян мекард.

Самтҳо ва вазифаҳои асосии сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ низ аллакай муайян шуда буд ва дар нимаи дуюми солҳои 20-уми асри ХХ, чуноне дар боби гузашта таъкид шуд, дар ин роҳ баъзе корҳо ба сомон расонида шуданд. Вале ҷиҳатҳои фарқкунандаи  давраи солҳои 1929-1941, нисбат ба солҳои пешин дар он аст, ки: 1) Баъди он ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфт, минбаъд вазифаҳои сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ ба ӯҳдааш бе восита аз тарафи ташкилотҳои болоии ҳизбӣ ва ҳукуматии Иттифоқ гузошта мешуд. Яъне, на ин ки мисли замони мухторият (солҳои 1924-1929), ҳамаи вазифаҳо барои ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ҷумҳурии иттифоқииӮзбекистон сурат мегирифт. Акнун ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон, дар доираи ҳудуди худ, вазифаҳои сохтмони ҷамъияти сотсиалистиро бевосита ба ӯҳдааш гирифта, оиди иҷроиши онҳо чораҳо меандешид ва ҷавобгар буд; 2) То солҳои хоҷагидори 1928-1929 дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳама гуна супоришҳо ба воситаи қарорҳои гуногун, ё худ супоришҳои бевосита дастрас мешуд. Аз ин солҳои хоҷагидорӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ пурра ба хоҷагидории нақшавӣ (планӣ) гузаштанд ва дар мамлакат  нақшаи 5-солаи якум барои солҳои 1928/1929-1932/1933 қабул  гардид. Ин нақша нақшаи Иттифоқӣ-давлатӣ буда, он вазифаҳои чӣ Иттифоқ ва чӣ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, аз ҷумла ҶШС Тоҷикистонро ҳам дар муддати 5-соли муайяншуда, дар бар мегирифт. Минбаъд низ ҳама гуна вазифаҳо, аз ҷумла, дар аввал вазифаҳои асосии сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ: саноатикунии мамлакат, коллективонидани кишоварзон ва инқилоби фарҳангӣ дар ҳамин нақшаи 5-солаҳои аввал акси худро ёфта буданд. Бинобар ин дар давраи нав, яъне солҳои 1929-1941 фаъолияти тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ ва шӯравии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам барои иҷроиши ҳамин вазифаҳо ва инкишофи минъбадаи онҳо нигаронида шудаанд.

Вобаста ба мақсад ва вазифаҳои гузошташуда, дар натиҷаи дигаргунсозиҳои давраи нав, яъне солҳои 1929-1941 бояд ба чунин натиҷаҳо муяссар мегардиданд:

1) Дар ҳаёти сиёсӣ. Тамоми нишонаҳои ҳукуматдории замони кӯҳнаро барҳам дода, ба мустаҳкам шудани ҳукуматдории синфи коргар ва иттифоқчии он деҳқонон мушарраф мешуданд. Ин ҳамаро мустаҳкамшавии диктатураи пролетариат ва минъбада инкишофи он меномиданд. Баробари расидан ба ин мақсад диктатураи пролетариат бояд ба давлати умумихалқӣ табдил меёфт;

2) Дар ҳаёти иҷтимоию иқтисдӣ. Амалан барҳам додани истисмори одам аз тарафи одам ва бунёди асосҳои ҷамъияти сотсиалистӣ дар назар дошта мешуд. Барои ин дар мамлакат бомуваффақият гузарониданӣ маъракаи саноаткунонӣ ва колективонии кишоварзон, инчунин инкишофи минбаъдаи ин соҳаҳо дар назар дошта шуда буд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

3) Дар ҳаёти фарҳангӣ. Вазифаи асосӣ куллан тағйир додани тафаккури одамон ва ба талаботи ҷамъияти сотсиалистӣ мутобиқ намудани шуури онҳо ба ҳисоб мерафт.

Хулоса, солҳои 1929-1941 фаъолияти тамоми ташкилотҳои ҳизбию давлатӣ ва ҷамъиятӣ барои иҷроиши вазифаҳои дар боло ишорагардида нигаронида шуда буд. Бояд ба инобат гирифт, ки дар он солҳо бо сабаби хеле қафомонда будани Тоҷикистон, барои амалӣ гардонидани он вазифаҳо аз 70 то 80%-и маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ буд.


Калидвожаҳо: Тоҷикон дар давраи дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии солҳои 1929 – 1941, Точикон дар давраи дигаргунсозихои сиёси, ичтимоию иктисоди ва фархангии солхои 1929 – 1941, Максад ва вазифаи асосии дигаргунсозихо дар мархилаи нав.

ҚаблӣТашкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалисти Тоҷикистон
БаъдӣСаноаткунонӣ дар шароити Тоҷикистон