Панду андарзҳои Фирдавсӣ (Шеър/Байтҳо)

Байтҳои панду ахлоқӣ аз устод Абулқосим Фирдавсӣ меорем, хонед ва дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн кунед.

панду насихат, гуфтахои бузургон


Агар ду бародар ниҳад пушт- пушт,
Тани кӯҳро хок молад ба мушт.

Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,
Дусад гуфта чун ними кирдор нест.

Чу некӣ кунад кас, ту подош кун
В-агар бад кунад, низ пархош кун.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба ранҷ-андар аст, ай хирадманд, ганҷ,
Наёбад касе ганҷ, нобурда ранҷ.

Ҷавонмардию ростӣ пеша кун,
Ҳама некуӣ андар андеша кун.

Бибахшу бихур, то тавонӣ, дирам,
Ки ҷуз ин дигар ҷумла дард асту ғам.

Ба ҳар кор – дар пеша кун ростӣ,
Чу хоҳӣ, ки нагзоядат костӣ.

Макун дӯстӣ бо дурӯғозмой,
Ҳамон низ бо марди нопокрой.

Зи гетӣ ду чиз аст ҷовиду бас,
Дигар ҳар чӣ бошад, намонад ба кас.
Сухан гуфтани нағзу кирдори нек
Бимонад чунон, то ҷаҳон аст, рек[1].

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек,
Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек.

Касе, к-ӯ ҷаҳонро бувад хостор,
Варо дониш ояд, на гавҳар ба кор.

Ҳунармандро шоду наздик дор,
Ҷаҳон бар бадандеш торик дор,

Чу дӣ[2] рафту фардо наёяд ба пеш,
Мадеҳ хира бар бод авқоти[3] хеш.

Хирадмандию пешбинӣ кунӣ,
Тавоноию покдинӣ кунӣ.

Мар онро, ки дониш бувад, тӯша бурд,
Бимирад танаш, ном ҳаргиз намурд.

Ҳама сар ба сар дасти некӣ баред,
Ҷаҳони ҷаҳонро ба бад маспаред.

Бимонад дуто ҷовидон як гуҳар,
Ҳунармандию донишу додгар.

Набошад касе дар ҷаҳон пойдор,
Ҳама номи некӯ бувад ёдгор.

Ба нопокзода мадоред умед,
Ки зангӣ нагардад ба шустан сапед.

Зи бадасл чашми беҳӣ доштан
Бувад хок дар дида анбоштан.

Падар чун ба фарзанд монад ҷаҳон,
Кунад ошкоро бар ӯ-бар ниҳон.

Гар ӯ бифканад фарру номи падар,
Ту бегона хонаш, махонаш писар.

Ту чандон ки бошӣ, сухангӯй бош,
Хирадманд бошу ҷаҳонҷӯй бош.

Нигар, то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ,
Сухан ҳар чӣ гӯӣ, ҳамон бишнавӣ.

Хирад мояи ҷовидонӣ бувад,
Хирад пояи зиндагонӣ бувад.

Мабошед густох бо ин ҷаҳон,
Ки ӯ тирагӣ дорад андар ниҳон.

Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ,
Ба мардум намонад ба ҷуз мурданӣ.

Ба анбарфурӯшон агар бигзарӣ,
Шавад ҷомаи ту ҳама анбарӣ.
В-агар бигзарӣ сӯи ангиштгар,
Аз ӯ ҷуз сиёҳӣ набинӣ асар.

Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.

Ниёгони мо номдорон буданд,
Ба даҳр-андарун тоҷдорон буданд.
Набардоштанд аз касе саркашӣ
Ба тезию тундию бедонишӣ.

Маёзор мӯре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин х(в)аш аст.

Чу паймони озодагон бишканӣ,
Нишони бузургӣ ба хок афганӣ.

Надонӣ, ки мардони паймоншикан
Ситуда набошанд дар анҷуман.

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.


[1] рек – некбахт, нек.

[2] дӣ – дирӯз, рӯзи гузашта.

[3] авқот – ҷамъи вақт, вақтҳо.


Дигар маводҳо:

Рубоӣ (Рубои чист?)


Панду насихат, шеър/ашъори Фирдавси, байтхои панду ахлоки аз Абулкосим Фирдавси, панду андарз.

ҚаблӣДостони «Кова ва Заҳҳок»
БаъдӣЗаҳирии Самарқандӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед