Мактаби классики. Иктисоди сиёсии классики

Иқтисоди сиёсии классикӣ ба назарияи иқтисодӣ ҳақиқатан ҳам хислати илмиро дод. Классикӣ – муайян намудани категорияҳои иқтисодӣ ва барориши қонунҳоро аз воқеияти аслӣ ва таҷрибаи ҳаётӣ дар назар дорад.

Мактаби классикӣ номи худро барои саҳми бузурги худ дар инкишофи назарияи иқтисодӣ ва пойдоршавии он ҳамчун илми ҳақиқӣ гирифтааст. Дар ташаккулёбии иқтисоди сиёсии классикӣ дар тӯли тақрибан 200 сол бисёр иқтисодчиён аз мамлакатҳои гуногун иштирок варзидаанд, бо вуҷуди ин хусусиятҳои умумии онро ҷудо кардан мумкин аст, ки онҳоро ба як мактаби илмӣ муттаҳид месозад.

  1. Иқтисоди сиёсии классикӣ дар даврае ҳукмрон буд, ки дар он капитал босуръат ба саноат ворид шуда, ҷалби миқдори зиёди захираҳои меҳнатӣ ва табиӣ, ихтироотҳои техникӣ ва қоибилиятҳои соҳибкорӣ ба истеҳсолот амалӣ карда мешуд.
  2. Боигарии миллат аллакай бо пулҳои тиллоӣ нею, балки бо миқдори молҳои офаридашуда маънидод карда мешуд (ин ақида барои савдогар шубҳанок ба ҳисоб рафта, барои мавқеъи ҳаёти саноатчӣ мувофиқат мекард). Албатта, табаддулоти афкори иқтисодӣ дар ин равия пуразоб мегузашт. Ҷамъият бе майлё рағбат аз нигаҳҳои пешинаи худ даст мекашид.
  3. Иқтисоди сиёсии классикӣ дар даврае ба миён омад, ки дар он низоми бозорӣ дар ҷараёни инкишоф ва пойдоршавӣ имкониятҳои худтанзимшавии худро аниқтар муайян карда буд. Бинобар ҳамин классикон консепсияи либерализми иқтисодиро коркард намуданд, ки дар боварии мутлақ ба саховатмандии соҳибкори хусусӣ асос гирифта, нозарурии дахолати давлатро ба иқтисодиёт эътироф мекард.
  4. Классикон ҷараёни нархгузории бозориро аз мавқеъи истеҳсолкунандагон ва хароҷоти онҳо барои истеҳсоли мол ва хизматҳо тадқиқ мекарданд. Онҳо истеъмолкунандаро ба сифати иштирокчии ин ҷараён мушоҳида намекарданд.

Ҳамин тавр, мактаби классикии назарияи иқтисодӣ бо чунин мунсибатҳо фарқ мекунад:

  • усули абстраксияи илмиро истифода бурда, классикон кӯшиш мекарданд, ки ба мафҳуми мантиқии ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодӣ бо воситаи гузаронидани тадқиқот ба соҳаи истеҳсолот сарфаҳм раванд;
  • мавҷудияти қонунҳои иқтисодии объективиро тасдиқ мекарданд, ки омӯзиши онҳо ба масъалаи (фанни) назарияи иқтисодӣ дохил мешаванд;
  • оид ба маҳдудкунии дахолати давлат ба иқтисодиёт, савдои озод ва принсипи «laissez faire» баромад мекарданд;
  • қувваи асосии тараққиёти иқтисодиётро дар манфиати шахсӣ, фоида, «худпарастӣ» ва дар асоси моликияти хусусӣ медиданд;
  • капитализм ҳамчун сохти имконпазири «муқаррарии» ягона мушоҳида карда мешуд.

Аввалин маротиба истиллоҳи «мактаби классикӣ» – ро

К.Маркс истифода бурдааст. Ба классикон ӯ пеш аз ҳама тарафдорони назарияи меҳнатии арзишро мансуб медид. Аз ин лиҳоз К.Маркс ба мактаби классикӣ чунин олимонро дохил мекард: У.Петти, П.Буагилбер, А.Смит, Д.Рикардо. Ба ақидаи К.Маркс ба ҷои мактаби классики «иқтисоди сиёсии буржуазии вулгарӣ» омадааст, ки ҳодисаҳоро рӯяки мушоҳида карда, ба сифати ҳомии капитализм баромад мекунад ва моҳияти истисмории даромади синфҳои ҳукмронро пинҳон менамояд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Дар назарияи иқтисодии муосир «иқтисоди сиёсии вулгарӣ» истифода намешавад, лекин нисбати истиллоҳи «классикӣ» маънидодкуниҳои васеъ истифода мешаванд.

Адам Смит (1722 – 1790) иқтисодии машҳури ҳама давру замон ба ҳисоб меравад. Дар асари безаволи худ «Тадқиқот оид ба табиат ва сабабҳои боигарии халқҳо» (1776) ӯ аввалин шуда аз ҳалли муаммоҳои алоҳидаи иқтисодӣ ба низоми донишҳои иқтисодӣ рӯй овард. Муносибати ӯ се қисми асосиро дар бар мегирифт:

1) мафҳуми инсони иқтисодӣ ва ё ба гуфти А.Смит инсони – худпараст; 2) принсипи «дасти ноаён»; 3) тартиби муқаррарӣ.

Ҳамин тавр аз тарафи А.Смит «ташкили худсаронаи ҷаҳони иқтисодӣ зери таъсири манфиати шахсӣ» маънидод карда шуд.

Модели (тамсилаи) инсони иқтисодии А.Смит зери таъсири назарияи файласуфии ҳуқуқи муқаррарӣ пайдо шуд, ки масъали баҳамтаъсиррасонии шахсият ва давлатро ба тарафи манифати шахсии инсон ҳал менамуд. Ҳар як шахсият ба фикри А.Смит табиатан худпараст буда, кӯшиш мекунад, ки доимо боигарии худро афзоиш диҳад, лекин ин камбудӣ набуда, балки баръакс ҷамъиятро ба некӯаҳволӣ меоварад.

Принсипи «дасти ноаён»

Принсипи «дасти ноаён» гӯё ҳолати аҷиби зеринро маънидод мекарда бошад. Чӣ тавр ҷамъияте, ки аз худпарастони ба зиёд намудани боигарии моддии худ майлдошта иборат буда, арзи вуҷуд доранд ва инкишоф меёбанд? А.Смит нишон дод, ки бозор чунон сохта шудааст, ки, инсон манфиатҳои худро танҳо дар ҳолати пешкаш намудани меҳнат ва маҳсулоти худ барои мубодила амалӣ гардонида метавонад. «На аз саховатманди қассоб, пивопаз ва ё нонвой мо ба дастоаврдани нисфирӯзии худро интизор ҳастем, балки аз риоя намудани пешбарии манифатҳои худо онҳо мо соҳиби таоми нисфирӯзи мешавем». Яъне шахси манфиатҳои худро пешбарикунанда бо воситаи «дасти ноаён» ба мақсадҳои тамоми ҷамъият равона карда шуда, ба тараққиёти он мусоидат менамояд.

Зери мафҳуми тартиботи муқаррарӣ А.Смит шароитҳоро дарк менамуд, ки дар он амали хайрхоҳонаи манфиати шахсӣ ва «дасти ноаён» амалӣ карда мешавад. Муҳити ҳамонвақтаи ба ӯ муносиб буда, дар амал модели идеализатсияшудаи капиталзми ибтидоиро ифода мекард: бозори аз ҳама гуна маҳдудиятҳои феодалӣ озод; корхонаҳои зиёди байни худ рақобаткунанда; нақши ҳадди ақали давлат дар иқтисодиёт.

  А.Смит ба омӯзиши арзиши мол саҳми босазое гузошт. Мувофиқи таълимоти А.Смит, арзиши мол танҳо бо меҳнат муайян карда мешавад. Ин консепсия номи «назарияи меҳнатии арзиш»-ро гирифта, дар таърихи илми иқтисодӣ ниҳоят нақши бузургро бозидааст, зеро он ба масъалаҳои сарчашмаи боигарӣ ҷавоб медод. А.Смит навишта буд: «Аз ҳама ҳам ҳуқуқи муқаддастарин ва дахлнопазири моликият ин ҳуқуқ ба меҳнати азони худӣ мебошад, зеро меҳнат сарчашмаи ибтидоии ҳамагуна моликият мебошад». Аз тарафи А.Смит назарияи пулҳо, даромадҳо, капитал, тақсимоти меҳнат ва такрористеҳсол тадқиқ шуда буданд.

Ҳамин тавр, схемаи мантиқии консепсияҳои иқтисодии А.Смитро дар намуди зерин тасвир кардан мумкин аст:

  • боигарӣ – ин маҷмӯаи воситаҳои моддии истеҳсолот ва истеъмолоти мамлакати додашуда мебошад. Сарчашмаи боигарӣ – меҳнат дар ҳамагуна соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ мебошад. Воситаи зиёдкунии боигарӣ – тақсимоти меҳнат, баландшавии ҳосилнокии он мебошад. Тақсимоти меҳнат ва мубодила – асоси иқтисодии ҷамъият мебошад;
  • дар ҷараёни мубодила зарурият ба пулҳо ҳамчун моли махсус ба миён меояд, к ибо талаботи махсус таъмин аст;
  • бо воситаи пулҳо арзиши мол муайян карда мешавад. А.Смит арзиши истеъмолӣ (бизоат дар истеъмолот) ва арзиши мубодилавиро (бизоат дар мубодиларо) фарқ мекард. Дар асоси таносубҳои мубодила хароҷоти меҳнат хобидааст.

А.Смит     ба     таърихи     назарияи     иқтисодӣ     ҳамчун «офарандаи ҳақиқӣ» – и иқтисоди сиёсӣ ворид шуд.

Давид Рикардо (1772 – 1823) анъанаи иқтисоди сиёсии классикиро давом дода, ақидаи А.Смитро инкишоф додааст. Д.Рикардо илми иқтисодиро аз бисёр хатогиҳои тадқиқотчиёни пешин ислоҳ намуд ва назарияи меҳнатии арзишро аз зиддиятҳои дохилӣ озод намуд.

Назарияи иқтисодӣ дар таълимоти Д.Рикардо дар намуди консепсияи давомнокии мантиқӣ инъикос ёфтааст. Д.Рикардо аввалин шуда мафҳуми хароҷоти зарурии ҷамъиятии меҳнатро ва тафовути онро аз хароҷоти инфиродии меҳнат маънидод карда, исбот намуд, ки арзиш айнан бо меҳнати зарурии ҷамъиятӣ муайян карда мешавад.

Саҳми назарраси Д. Рикардо дар илми иқтисодӣ дар маънидодкунии ҷараёни гузариши арзиши воситаҳои истеҳсолот ба маҳсулоти тайёр ифода ёфтааст. Ӯ нишон дод, ки дар ҷараёни офаридани арзиш меҳнати зинда иштирок мекунад, лекин ба таркиби арзиши маҳсулоти тайёр арзиши дар воситаҳои истеҳсолот таҷассумёфта низ дохил мешавад.

Ба ғайр аз ин Д.Рикардо бисёр муаммоҳои иқтисодиро ҳал намуд: аз самаранокии иқтисодии савдои байналхалқӣ ва назарияи афзалияти муқоисавӣ (нисбӣ) то муайян намудани «сатҳи ҳадди ақали музди меҳнат» ва ё ҳадди ақали рӯзгузаронӣ.

Кори асосии Д.Рикардо «Ибтидои иқтисоди сиёсӣ ва андозбандӣ» мебошад. Дар ин кор оид ба тадқиқи муносибатҳои иқтисодӣ аз мавқеъи назарияи меҳнатии арзиш кӯшиш карда шудааст.

Ба итмомрасии мантиқии анъанаҳои идеализатсияи иқтисоди бозорӣ, тадқиқотҳои Жан Батист Сей (1767 – 1832) иқтисодчӣ ва соҳибкори франсуз мебошад. Ӯ қонуни бозорро, яъне «Қонуни Сей»-ро тавсия додааст. Ин қонун худтанзимшавии мукаммали низоми бозориро тасдиқ карда, то ҳатто имкониятҳои бӯҳронҳои иқтисодиро рад мекард. Мувофиқи ин қонун, ҳангоми дастрасӣ ва риояи принсипи laissez faire аз тарафи ҷамъият, истеҳсолот (пешниҳод) истеъмолоти мувофиқро (талаботро) тавлид мекунад, яъне истеҳсоли мол ва хизматҳо ҳатман даромадҳоро ба вуҷуд меоварад, ки аз сабаби нархгузории тағйирёбанда ва озод дар бозор ба ин даромадҳо мол ва хизматҳо фурӯхта мешаванд.