Шакл ва намудҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ

Инсони иқтисодии тамсилаи низоми иқтисоди суннатӣ тарзу услуби хонадорӣ ё худ хоҷагидории худро дар мояи олотҳои оддии сангин ё оҳанини худсохт ба роҳ мемонад. Ҳосилнокӣ ва самаранокии пасти воситаҳои истеҳсолот имконияти бештар тавлид кардани неъматҳо ва пурра қонеъ гардонидани талаботи ҳамаи мардумро надорад. Бинобар ин хоҷагидорӣ дар шакли алоҳида, дар доираи хонавода, оила, қабила, авлод ё қавмҳои ҷудогона ба роҳ монда шуда, неъматҳою маҳсулоти истеҳсолкардашуда барои истеъмоли худи онҳо истифода карда мешавад. Ингуна хоҷагиҳо дар доираи общинаи ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ ва қисман давраи капитализм ба вуҷуд омадаву ташаккул ёфтаанд. Онҳо дар асоси  моликияти шахсӣ ё бо ном “коллективӣ”(дастҷамъӣ), тарзи баробари тақсими неъмату маҳсулот, ба ҳам муттаҳидшавӣ дар доираи кооператсияи оддии меҳнат қарор мегиранд. Ин гуна хоҷагиҳо дар адабиёти иқтисодӣ ҳамчун хоҷагиҳои натуралӣ эътироф карда мешаванд.

Хоҷагиҳои натуралӣ аз воҳид (субъект)-ҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ (хоҷагиҳои патриархалӣ, деҳқонӣ, общинаи соддаи кишоварзӣ, мулкиятҳои феодалӣ) ва ғайра иборат буда, дар бунёд ва ташаккули хоҷагиҳои молӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Онҳо баробари амиқ гаштани тақсими ҷомеавии меҳнат, тахсиси истеҳсолот, бунёди моликияти хусусӣ, васеъ паҳн шудани муносибатҳои бозорӣ, саноатигардони (индустрони) -и истеҳсолот рӯ ба таназзул ниҳоданд.

Ҳолат ва вазъи ташкили қувваҳои истеҳсолкунанда нисбатан содда буданд. Теъдоди маҳсулотҳои тавлид кардашаванда тӯли садсолаҳо бетағйир бо як номгӯй ва дар як ҳаҷм боқӣ мемонданд. Барои ин гуна хоҷагиҳо асосан такрористеҳсоли оддӣ хос мебошад. Тавлидот бидуни мубодила ва тақсими ҷамъиятӣ дар асоси услуби “истеҳсол – истеъмол” кардан сурат мегирад. Масоили умдаи иқтисод дар мояи ҳалли масоили чӣ?, чӣ хел?, барои кӣ? дар доираи маҳдуди хоҷагӣ ҳаллу фасл карда мешавад.

Дар адабиёти иқтисодӣ эътироф шудааст, ки фаъолияти хоҷагиҳои натуралӣ бидуни мубодила, яъне бозор, дар доира(дохил)-и худи хоҷагиҳо сурат мегирад. Бозор бошад, бевосита дар асоси хоҷагиҳои молӣ ба вуҷуд омада, минбаъд густариш меёбад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба назари мо, ин гуна баҳодиҳӣ ба ҳақиқат чандон дуруст намеояд. Агар мувофиқи фаҳмиши ҳозира – бозор ҳамчун воситаи хариду фурӯш, яъне васоили муомила бо роҳу тарзу услуб-ҳои гуногун аз гуфтугӯи телефонӣ сар карда, то биржаю музои-даҳо, мубодилаи маҳсули зеҳнӣ, иттилоот сурат гирад, пас муно-сибатҳои дар доираи хоҷагиҳои натуралӣ ба вуҷуд омада(доду гирифти байни одамони алоҳида, гурӯҳҳо, қабилаҳо ва ғайраро дар шакли натура, яъне неъмату чизҳо, маҳсулот ва ғайра)-ро ҳамчун муносибатҳои бидуни молию пулӣ – яъне бозори ниҳонӣ (пинҳонӣ) ё худ бозори маҳсулоту неъматҳо, ҳамчун мубодилаи М-М – маҳсулот ба маҳсулот ё худ М-П-М маҳсулот ба сарват, ё худ ганҷ (пулҳои металлии қимматдор) ва охирон ба маҳсулоти дигар тасаввур кардан мумкин аст.

Хоҷагиҳои натуралӣ (махсусан, дар шароити ҳозира), хоҳ нохоҳ, барои дастрас кардани воситаҳои меҳнат ва предметҳои истеъмолӣ (сару либос, пойафзол, асбобу анҷоми рӯзғор, ашё, маводҳои сохтмон, мошин, трактор ва ғайра) бо ёрии воситаҳои пулӣ ба бозор муроҷиат мекунанд. Бозор ҳамчун муносибати байни тавлидгару истеъмолгар аз давраи тафриқабандии тақси-ми меҳнат то давраи ҳозира давом дорад. Он дар мамоликҳои Рими Қадим, Юнон, Ҳинду Чин ва Шарқи Қадим вуҷуд дошт. Хоҷагиҳои натуралӣ, хоҳ но хоҳ, як қисми  маҳсулоти  изофаи  ночизи худро бо воситаи бозор мубодила хоҳанд кард. Вале ин гуна муносибат сирати доимӣ надорад ва он қонунияти иқти-соди бозорӣ шуда ҳам наметавонад.

Пас, хулоса бармеояд, ки бозор дар шакли содда, ҳамчун мубодилаи молӣ (М-М) дар доираи хоҷагиҳои натуралӣ ба вуҷуд омада, дар шароити истеҳсолоти молӣ равнақ меёбад.


Шакл ва намудхои хочагихои чамъияти, шаклхои очагии чамъияти, шаклҳои хоҷагии ҷамъиятӣ

ҚаблӣТақсим ва тахсиси меҳнат – асоси бунёд ва ташаккули хоҷагиҳои бозорӣ
БаъдӣИстеҳсолоти молӣ, шакл ва заминаҳои густариши он