Иктисодиёт чист? Масъалаҳои асосии иқтисодиёт

Иктисодиёт чист? Масъалахои асосии иктисодиёт


Дар бораи иқтисодиёт ҳама ва ҳар рӯз ҳарф мезананд. Бинобар ин дар саҳифаҳои китоби мазкур моро суҳбате оид ба иқтисодиёт интизор аст. Дар аввал бояд донист, ки «иқтисодиёт» чист? Истилоҳ (ё вожаи «иқтисодиёт»­ро) се хел таъриф кардан мумкин аст:

Якум иқтисодиёт – ин маҷмӯи муносибатҳое мебошад, ки байни одамон дар доираи истеҳсолот, тақсимот, муомилот ва истеъмоли неъматҳо ва хизматрасониҳои моддӣ ва ғайримоддӣ сурат мегиранд. Бояд дар назар дошт, ки иқтисодиёт бо риштаҳои ноайён ҳамаи паҳлӯҳои ҷомеаро фаро мегирад.

молия, молия чист? аз фанни молия точики

Дуюм, иқтисодиёт тарзи ташкили фаъолияти одамонро ифода карда, барои ба вуҷуд овардани неъматҳои зарури истеъмолӣ ва қонеъ гардонидани талаботи онҳо нигаронда шудааст. Талабот ҳоҳиши бошуурона ва ё бешууронаи одамонро барои ба даст овардани неъматҳои зарурӣ ба мақсади пешбурди фаъолият ва инкишофи шахс ифода менамояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сеюм, иқтисодиёт илмест, ки истифодабарии самараноки захираҳои маҳдудро барои қонеъ гардонидани талаботи номаҳдуди одамон меомӯзад. Умуман истилоҳи «иқтисодиёт»­ро ҳамчун қонун, қоидаи хоҷагидорӣ, яъне тарзу усулҳои хоҷагидорӣ бо мақсади таъмини талаботи одамон тавассути истеҳсоли неъматҳои ҳаётан зарур маънидод кардан мумкин аст. Аз сабаби он ки илми иқтисодиёт рафтор, фаъолияти одамонро меомӯзад ба гурӯҳи илмҳои ҷамъиятӣ дохил мешавад.

Дар ҳаёти иқтисодӣ одатан се иштирокчии асосӣ фаъолият мекунанд: оилаҳо (хоҷагиҳои хонагӣ), фирмаҳо ва давлат. Фаъолияти онҳо байни ҳамдигар вобастагии мутақобила дошта, тавассути бозори омилҳои истеҳсолот (яъне, захираҳое, ки барои истеҳсоли неъматҳо заруранд) ва бозори молҳои истеъмолӣ (неъматҳои аз тарафи одамон истеъмол ва ё тавассути шартҳои бозорӣ мубодилшаванда) ба роҳ монда мешавад.

НЕЪМАТҲО ҳамаи он воситаҳое мебошанд, ки барои қонеъ гардондани талаботи инсон нигаронида шудаанд.

ОМИЛҲОИ ИСТЕҲСОЛОТ захираҳое мебошанд, ки аз тарафи одамон барои истеҳсол кардани неъматҳои ҳаётӣ истифода мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар раванди фаъолият дар иқтисодиёт ба сифати иштирокчии асосӣ шахс, оила ва ё хоҷагии хонагӣ баромад мекунад. Бахусус, барои қонеъ гардондани талаботи хоҷагиҳои хонагӣ тамоми фаъолияти иктисодиёт дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон равона карда шудааст.

Бештар оиди “Омилҳои истеҳсолот”–>>

Омилҳои истеҳсолот, шакл ва хусусиятҳои онҳо

ХОҶАГИИ ХОНАГӢ воҳиди иқтисодиест, ки аз як ва ё якчанд нафар иборат буда, ҷиҳати ба даст овардани даромад аз ҳисоби омилҳои истеҳсолоти дар ихтиёрдошта ва истифода кардани ин даромадҳо барои дарёфти молу хизматрасониҳо бо мақсади истеъмоли шахсӣ мустақилона қарорҳо қабул мекунад.

Намуди одии хоҷагии хонагӣ шахси алоҳида мебошад, ки бидуни наздикон зиндагии ҷудогона бурда, воситаҳои заруриро худ ба даст меоварад ва истеъмол мекунад. Намуди мураккаби хоҷагии хонагӣ оила аст, ки аз волидайну фарзандон иборат буда, дар хонаи алоҳида хоҷагии умумиро пеш мебарад. Аъзои оила дорои омилҳои истеҳсолот, пеш аз ҳама, меҳнат қувваи корӣ мебошад. Бар ивази меҳнати дар корхонаҳо иҷрокарда дар шакли музди кор аъзои оила даромад ба даст меорад ва оид ба истифодаи он ба мақсади харид намудани маҳсулоти истеъмолӣ, сару либос, пардохти хизматҳои коммуналӣ, истироҳат ва ғайраҳо қарорҳо қабул мекунад.

Ғайр аз меҳнат аъзои оила метавонад соҳибмулки дигар омилҳои истеҳсолот, ба монанди заводу фабрика, қитъаи замин ва дигарҳо низ бошад. Оила аз истифодаи ин омилҳои истеҳсолот низ даромад ба даст оварда метавонад. Бояд қайд намуд, ки хоҷагиҳои хонагӣ дар қатори давлат соҳибмулки захираҳои табиии мамлакат маҳсуб меёбанд. Бинобар ҳамин ҳамаи кӯшишҳои давлат барои самаранокии истифодаи захираҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии хоҷагиҳои хонагӣ равона карда шудаанд.

Аз ин лиҳоз илми иқтисодиёт рафтор ва фаъолияти одамонро дар раванди хоҷагидорӣ меомӯзад. Омӯзиш ва донистани ин илм барои одамон, корхонаҳо ва давлат баҳри беҳтар шудани фаъолияти хоҷагидорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда мусоидат мекунад.

Чи хеле ки маълум аст, тамоми мавҷудоти зиндаи сайёраи Замин аз табиат истифода мебаранд, вале танҳо инсон барои қонеъ гардондани талаботи худ қобилияти дигаргун кардани неъматҳоро (дар ҳаҷм ва намудҳои гуногун) дорад.

Дар баробари ин на ҳамаи неъматҳоро метавон ба вуҷуд овард ва истеҳсол кард. Бинобар ин илми иқтисодӣ тамоми неъматҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунад: 1) неъматҳои ғайрииқтисодӣ (табиӣ, озод); 2) неъматҳои иқтисодӣ.

НЕЪМАТҲОИ ҒАЙРИИҚТИСОДӢ гурӯҳи неъматҳоеанд, ки дар табиат захираи беохир доранд ва барои қонеъ кардани талаботи одамон кифояанд.

Ин гурӯҳи неъматҳо зарурати истеҳсолӣ надошта, дастраси ҳамагонанд, озодона ва ройгон мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ба неъматҳои ғайрииқтисодӣ ҳаво, нури Офтоб, оби борон, моҳӣ дар уқёнус ва ғайра дохил мешаванд.

Қисми зиёди талаботи инсон аз ҳисоби неъматҳои иқтисодӣ, яъне молу хизматрасониҳое, ки аз тарафи одамон истеҳсол шудаанд, қонеъ гардонида мешаванд. Ҳаҷми ин неъматҳо барои пурра қонеъ гардондани талаботи одамон нокифояанд ва танҳо аз ҳисоби истифодаи омилҳои иловагии истеҳсолот зиёд гардонида шуда, бо тарзҳои гуногун тақсим карда мешаванд.

Имрӯз одамон нисбат ба давраҳои қадим зиндагии хубтар доранд, ки ин ҳама натиҷаи афзоиш ва беҳтаршавии хусусиятҳои неъматҳои иқтисодист (хӯрока, сару либос, манзил ва ғ).

Барои истеҳсоли неъматҳои ҳаётан зарур одамон захираҳои табиӣ, меҳ нат ва дигар воситаҳои мах сус (таҷҳизот, объект ҳои истеҳсолӣ ва ғ.)­ро истифода мебаранд, ки ҳамаи онҳо омилҳои истеҳсолот ро ташкил медиҳанд.

Намудҳои зерини омилҳои истеҳсолотро ҷудо кардан мумкин аст: меҳнат; замин; сармоя.

Зери мафҳуми меҳнат ҳамчун омили истеҳсолот, фаъолияти одамон оид ба истеҳсоли молу хизматҳо фаҳмида мешавад.

Меҳнат чист?

МЕҲНАТ дар раванди истеҳсоли неъматҳои иқтисодӣ истифода кардани қобилияти зеҳнӣ ва ҷисмонии одамон мебошад.

Бузургии ин омил дар маҷмӯъ дар миқёси мамлакат аз миқдори аҳолии синни қобили меҳнат, сатҳи таҳсилоти одамон, касбияти онҳо асосан вобастагӣ дорад. Соҳиби заҳираи меҳнат даромад мегирад, ки онро музди меҳнат меноманд.

Бештар

Меҳнат ва истеҳсолот

Зери мафҳуми замин ҳам чун омили истеҳсолот, та моми захираҳои табииро, ки барои истеҳсоли неъмат ҳои иқтисодӣ истифода мешаванд, дар бар мегирад. Соҳибмулки захираҳои табиӣ низ даромад мегирад ва он рента номида мешавад.

мехнат, хочаги, истехсолот

Мафҳуми сармоя ҳамчун омили истеҳсолот, биною иншооти истеҳсолӣ, дастгоҳу таҷҳизотро, ки барои истеҳсоли неъматҳои иқтисодӣ истифода мешаванд, дар бар мегирад. Бояд қайд намуд, ки меҳнат ва замин омилҳои аввалиндараҷаанд, яъне бе мавҷудияти онҳо хоҷагидорӣ вуҷуд дошта наметавонад. Сармоя бошад, омили дуюмдараҷа аст ва он тавассути меҳнати инсон сохта мешавад, чунки дастгоҳу таҷҳизот дар табиат худ аз худ пайдо намешаванд.

Барои таҳлили равандҳои иқтисодӣ одатан аз меҳнат боз як омили дигари истеҳсолот – соҳибкорӣ ҷудо карда мешавад, ки он қобилияти одамонро, ба монанди дуруст баҳо додан барои пешниҳоди молҳои нав ба харидорон ва ё ворид намудани технологияҳои нав бо мақсади соҳиб шудан ба фоидаи зиёд, ҷой доштани хавф ва зарар дидан аз фаъолияти тиҷоратӣ ва хавфи аз даст додани пасандозҳои худ ва инчунин пурсамар истифода бурдани дигар омилҳоро барои истеҳсоли неъматҳои зарури ҷамъиятӣ дар бар мегирад.

Дар мавриди аввал барои мо муайян нест, ки меҳнат аз қобилияти соҳибкорӣ чӣ фарқе дорад, дар ҳоле ки ҳам соҳибкор ва ҳам коргари кироя якҷо фаъолият мекунанд. Албатта, фарқияте ҳаст, чунки коргари кироя танҳо амалҳоеро ба анҷом мерасонад, ки аз тарафи соҳибмулк­соҳибкор фармуда мешаванд. Соҳибкор бошад, такя ба қобилиятҳои худ намуда, оид ба чӣ, чӣ қадар ва чӣ тавр дар корхона бояд истеҳсол намудан қарорҳо қабул мекунад. Ғайр аз ин қарорҳои соҳибкор бояд пешомади раванди истеҳсолот ва фурӯши маҳсулотро низ фаро гирифта тавонад. Ана, ҳамин ҳолатҳо иқтисодчиёнро водор месозанд, ки қобилияти соҳибкориро ба сифати омили истеҳсолот ворид намоянд.

Дар асри XX иттилоот низ ба қатори омилҳои истеҳсолот ворид шуда, тамоми маълумот ва ахбореро, ки ба одамон барои пеш бурдани фаъолият дар иқтисодиёт зарур аст, дар бар гирифт. Ҳаҷми ин захираро чен кардан имконнопазир аст, лекин арзиши он басо гарон мебошад.

Мукаммал намудани тарзи истифодаи омилҳои истеҳсолот барои ҷамъият ду унсури муҳим, яъне махсусгардонии меҳнат ва мубодилаи натиҷаи онро ба миён овард.

Махсусгардонии меҳнат дар принсипҳои инкишофи хоҷагидории ҷамъиятӣ асос меёбад, ки муҳимтарини онҳо: тақсимоти бошууронаи меҳнат байни одамон; бо касбҳои нав омӯзондани одамон; имконияти ҳамгироӣ, яъне ҳамкорӣ баҳри ноил гаштан ба мақсади умумӣ мебошанд.

Умуман, арзишнокии махсусгардонии меҳнат ба асосҳои зерин такя мекунад: якум, ҳамаи одамон қобилияти гуногуни зеҳнӣ ва ҷисмонӣ доранд ва фаъолияти онҳо низ аз рӯи қобилияти меҳнатиашон интихоб мегардад. Дуюм, махсусгардонии меҳнат барои одамон имкон медиҳад, ки касби интихобкардаашонро такмил диҳанд ва бо сифати баланд молу хизматҳоро пешниҳод намоянд. Сеюм, рушди қобилияти меҳнатӣ вақтро  низ сарфа намуда, зарари гузариш аз як намуди меҳнат ба намуди дигари онро кам мекунад.

Махсусгардонӣ ва афзоиши ҳосилнокии меҳнат барои одамон имконияти истеҳсоли зиёди неъматҳоро таъмин намуд, ки ба ғайр аз қисми истеъмолшаванда, қисми изофаро ба вуҷуд овард. Ҳолати мазкур зарурати мубодилаи доимии неъматҳоро ба миён овард.

Мубодилаи доимии молу хизматрасониҳо ҳамчун сарчашмаи пайдоиши фаъолияти муҳим, яъне тиҷорат мебошад, ки шакли хариду фурӯш ё ки мубодилаи молро ба пул мефаҳмонад.

Мол чист?

МОЛ ашёи моддиест, ки барои истеъмол ва ё мубодила истеҳсол карда мешавад.

ХИЗМАТРАСОНИҲО гуфта фаъолияти самаранокеро меноманд, ки арзишнокии муайянро доро мебошад.

Тиҷорат чист?

ТИҶОРАТ мубодилаи озоду самараноки неъматҳост, ки шакли хариду фурӯши молҳо ва хизматрасониҳоро тавассути пул мефаҳмонад.

Бештар оиди Тиҷорат дар ин мавод:

Тиҷорат чист?


Масъалахои асосии иктисодиёт, Иктисодиёт чист?, иктисодиёт илмест, ки, неъматхо, Омилхои истехсолот, Хочагии хонаги, неъматхои гайрииктисоди, неъматхои иктисоди, мехнат хамчун омили истехсолот, Мехнат чист?, замин хамчун омили истехсолот, рента чист?, сармоя хамчун омили истехсолот, Мол чист?, Хизматрасонихои иктисоди, Тичорат чист?

ҚаблӣОмӯзиши забони англисӣ — Муроҷиат ба шинос
БаъдӣМаҳдудияти захираҳои иқтисодӣ

3 шарҳ

  1. Асалому алейкум дусти азиз ба ман як мавзуъ дар самти таърихи иктисодии халки точик барои макола лозим омадааст ба ман як мусоидат мекардед агар имкон мешуд аз Шумо сипос гузорам!

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед