Соҳибхоназан бояд инро дар назар дорад

Сохибхоназан бояд инро дар назар дорад

Тарзи дуруст истифода бурдани даспӯшак
Тарзи дуруст истифода бурдани даспӯшак

Барои паст кардани сӯзиши ҷойи сӯхтагии бадан порчаи докаро ба маҳлули перманганати калий (маргансовка) тар карда, ба ҷойи сӯхтагӣ гузоред ва аз болояш докапеч кунед.


Дар вақти қабули меҳмон бояд хона ва либос тозаю ороста, мӯй шонакардагӣ, рӯй ва абрувон ороишдодашуда бошад. Меҳмонро бо чеҳраи хандон ва кушод пешвоз гиред. Дар сари миз дар давоми суҳбат агар меҳмоне хато кунад ё асбоберо афтонда шиканад ё таомро резонад, ягон саволи беҷо диҳад, шумо ба ӯ бо овози баланд, дағалона ҷавоб надиҳед, ки дили дигар нишастагон меранҷад. Бо мулоимӣ, оромона, бо чеҳраи кушод, боодобона ҷавоб диҳед, то ки давоми суҳбат бо хурсандӣ гузарад.

Масолеҳро барои хӯришҳои сард бо пӯсташ дар об ҷӯшонед. Дар ин ҳолат ҳамаи витаминҳо ва моддаҳои шифобахш нигоҳ дошта мешавад.


Маслиҳатҳои муфид барои кадбонуҳо

ҚаблӣМаслиҳатҳои муфид барои кадбонуҳо
БаъдӣТабиат ва аҳолии Мисри қадим