Истеҳсолоти молӣ, шакл ва заминаҳои густариши он

Истеҳсолоти (хоҷагиҳои) молӣ аз хоҷагиҳои натуралӣ бо он фарқ мекунад, ки он мустақиман бо бозор сару кор дорад. Таҳти хоҷагиҳои молӣ истеҳсолоте тасаввур карда мешавад, ки дар он молу хадамот аз ҷониби тавлидгарони махсусгардонидашуда ва мустақил барои хариду фурӯш ва қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷи истеъмолгарон пешниҳод карда мешавад.

Хоҷагиҳои молӣ дар асоси моликияти хусусӣ бунёд гашта, мустақил раванди истеҳсолот, идораи он, даромаду хароҷот, подош ва такрористеҳсоли онро ба роҳ мемонанд.

Хоҷагиҳои молӣ дар асоси мавҷуд будани ду шароит – тақ-сими ҷомеавии меҳнат ва мустақилияти молистеҳсолкунандагон имконпазир мегардад. Мустақилияти иқтисодӣ имкон медиҳад, ки ҳар як молистеҳсолкунанда, чанде аз унсурҳои “дастаи ҳуқуқ”-ро истифода намуда, дар ин асос соҳиби моликият гардад ва нисбат ба моли тавлидкардаи худ озодона рафтор намояд.

Муносибати байни моликиятдорони гуногун ногузир шакли молӣ гирифта, бо воситаи бозор мубодила карда шуда, зери таъсири қонуну қонуниятҳои он қарор мегирад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар иқтисоди сиёсии марксистӣ истеҳсолоти молӣ аз нуктаи назари нақш ва мақоми онҳо дар ташаккули муносибатҳои истеҳсолии капиталистӣ, истисмору ба даст овардани арзиши изофа мавриди таҳлилу тадқиқ қарор мегирад. Аз ин лиҳоз, чунин шаклҳои истеҳсолоти молӣ ҷудо карда мешаванд: истеҳсо-лоти оддии молӣ, истеҳсолоти молии капиталистӣ ва истеҳсо-лоти молии сотсиалистӣ.

Дар шароити истеҳсолоти оддии молӣ воситаҳои истеҳсо-лот ба худи молистеҳсолкунанда таалуқ дошта, мол аз ҷониби фардҳо ва молистеҳсолкунандагони мустақил – косибон, ҳунар-мандон, деҳқонон ва ғайра барои фурӯш ба бозор бароварда ме-шавад. Фаъолияти онҳо дар асоси фаъолияти ҳарифона, яъне рақобати озод бидуни таъсири дигар субъектҳои иқтисодӣ, алалхусус, давлат сурат мегирад.

Истеҳсолоти оддии молӣ дар шароити ғуломдорӣ бунёд гашта, дар ҷомеаи феодалӣ ба зинаи баланди густариши худ расидааст. Кунун он дар мамлакатҳои мутараққии капиталистӣ ва рӯ ба инкишоф дар шакли хоҷагиҳои нисбатан хурд, хоҷагиҳои инфиродӣ, хонадорӣ, деҳқонӣ, фермерӣ, табақаҳои хурди ҳунармандӣ, косибӣ, савдогарӣ ва ғайра арзи вуҷуд доранд.

Истеҳсолоти молии капиталистӣ – истеҳсолоте мебошад, ки дар асоси истифодаи меҳнати коргари кироя ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи баланд ташкил карда мешавад. Дар ин шароит моликиятдор ва истеҳсолкунанда дар як шахсият вуҷуд дошта наметавонад. Воситаҳои истеҳсолот, натиҷаҳои истеҳ-солот (даромад, молу маҳсулот, хадамот…) ба капиталист таалуқ дорад. Коргарони кироя (истеҳсолкунанда) ба капиталист тобеъ буда, маҳсулот тавлид менамоянд ва ба ивази он фақат музди меҳнат мегиранд.

Тибқи ақидаи К. Маркс музди кори коргар ҳамчун қисми меҳнат – маҳсулоти зарурӣ ташкил ёфта, қисми иловагии он ҳамчун арзиши изофа сурат мегирад, ки онро капиталист муфт аз они худ мекунад.

Дар шароити истеҳсолоти молии ривоҷёфта ҳама чиз (замин, молу мулк, маҳсули меҳнат, қувваи коргарӣ…) хариду фурӯш карда мешавад. Аз ин ҷиҳат муносибатҳо (муносибатҳои бозорӣ) ҳамаҷониба густариш ёфта, ба муносибатҳои ҳамаро фарогиранда табдил меёбанд. Муносибатҳои молӣ, яъне бозорӣ тамоми фаъолияти низоми иқтисодиро фаро мегиранд. Дар натиҷа, муносибатҳои молӣ ҳамчун муносибатҳои байни худи молҳо бар одаму иқтисод ва ҷомеа ҳукмрон гардида, фавқулситои (фетишизми)-и молиро ба вуҷуд меоварад.

Назарияи фавқулситоии молҳо сарнахуст аз ҷониби К. Маркс ба иқтисод ворид карда шуда, ҳамчун муносибатҳои иқтисодии ба мол табдил ёфтаи байни инсон, ҳукмронии молҳо бар онҳо фаҳмида мешавад. Ҳар як молистеҳсолкунанда аз таҷрибаи ҳар рӯзаи худ ҳис менамояд, ки ҳастӣ ва рифоҳу зиндагии он аз “хулқу одоби” молҳо дар бозор, фурӯхтану фурӯхта нашудани онҳо аз рӯи нархи пасту баланд, талабу пешниҳоди онҳо ва ғайра вобаста аст. Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки ҳар як мол “ҷони зинда” дорад ва раванди ҳаракати молҳоро идора менамояд, инсон бошад дастнигар ва тобеъи молҳо мебошад. Аз ин сабаб, К. Маркс ақида пешниҳод менамояд, ки баробари нест кардани сохти капиталистӣ муносибатҳои бозорӣ ва фавқулситоии молҳо низ аз байн рабуда мешаванд1.

Мувофиқи ақидаи К.Маркс инкишоф ва таҳаввули тарзи капиталистии истеҳсолот мустақиман аз андӯхти ибтидои  капитал  ғизо мегирад.

Андӯхти ибтидоии капитал имкон медиҳад, ки:

1) молистеҳсолкунандагони зиёде ба субъектҳои мустақил ва озоди иқтисодӣ, вале аз воситаҳои оддии истеҳсолот (замин, олоту асбоб, коргоҳ…) маҳрум табдил дода шаванд ва дар бозор намуди моли нав – қувваи коргарӣ пайдо шавад. Ба ҷараёни аз замин маҳрумсозӣ ва бехонумоншавии деҳқонону дигар  табақаҳои аҳолӣ давлат (Англия) саҳми арзанда мегузорад;

2) сарвати ҷомеа(замин, қасру бино, корхонаҳо, муассисоти савдо, бонкҳо ва ғайра) дар дасти гурӯҳи хурди корчаллонҳо андӯхта шавад, табақаи капиталистон бунёд гардад, низоми муайяни андозситонӣ, заёмҳои давлатӣ, низоми ҳимоятгароӣ (протексионизм дар савдо) ва низоми мустамликадории капитализм ташкилу ташаккул ёбад.

Хуллас, андӯхти ибтидоии капитал дар бунёду ташаккули истеҳсолоти моли(бозори)-и мамлакатҳои капиталистӣ, таҳаввули раванди кооператсияи оддӣ, мануфактура ва истеҳсолоти мошинии капиталистӣ саҳми арзанда  гузоштааст.


Истехсолоти моли, шакл ва заминахои густариши он


1 К.Маркс. Капитал. Т.1. гл.1,4.

ҚаблӣШакл ва намудҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ
БаъдӣТамсилаҳои кунунии истеҳсолоти молӣ (бозорӣ)