Он асарҳои саҳнавие, ки воқеа ва ҳодисаҳои муҳими ҳаётро дар бар гирифта, амалиёти қаҳрамононро барои ба мақсад расидан таҷассум менамоянд, драма меноманд. Драма калимаи Юнонӣ буда, маънояш ҳаракат, амалиёт мебошад.
Асосгузорони театр ва нахустин офарандагони асарҳои драмавӣ: Эсхил, Сафокл, Аристофан, Еврипид (Юнон), Шекспир (Англия), Молер (Франсия), Шиллер (Олмон) будаанд.
Муҳимтарин хусусияти асарҳои драмавӣ аз он иборат аст, ки воқеа ва ҳодисаҳои ҳалталаби зиндагиро дар саҳна ҳунармандон иҷро менамоянд. Асарҳои драмавӣ дар мавзӯъҳои гуногун навишта мешаванд. Нависандаеро, ки асари драмавӣ менависад, драматург меноманд.
Драматургон дар бораи ҳаёту фаъолият ва қаҳрамонию ҷонфидоии шахсони бузурги давраҳои муайяни таърихӣ ба мисли устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва дигарон асари драмавӣ навиштаанд.
Асари дарамавӣ аз дигар намудҳои адабӣ фарқ дорад. Хусусияти фарқкунандаи асарҳои дарамавӣ дар он аст, ки барои дар саҳна намоиш додан навишта мешаванд. Санъатшиноси машҳури рус К.С. Станиславский барҳақ гуфтааст: «Танҳо дар пешайвони театр асари саҳнавиро бо тамоми ҳастиву моҳияташ фаҳмидан мумкин аст. Агар ин тавр намебуд, тамошобин ба театр намерафт ва дар хона нишаста намоишномаро мустақилона мутолиа мекард».
Хусусияти дигари асарҳои драмавӣ дар он аст, ки ба воситаи тазодҳо, ихтилофҳо ва ақидаҳое, ки дар рафтору лаҳни гуфтор, ҳаракату амалиётҳо, ишораҳо ва тағйиротҳои зоҳирии ҳунармандон ба амал меоянд, бинандаро ба моҳияти асар шинос менамоянд. Бинобар ин, аз тамошобин бодиққатӣ ва мулоҳизакориро талаб менамояд. Он амалиётҳое, ки дар саҳна воқеъ мешаванд, танҳо барои намоиш набуда, дар ҳаёт низ рӯй хоҳанд дод. Хосият ва моҳияти асари драмавӣ низ ошкор ва ифшо намудани ҳаёти воқеӣ, ҳақиқати зиндагии ҳар як давр бо тамоми бурду бохтҳояш мебошад.
Асархои Драмави, Драма чист? Асари драмави чи гуна аст?