Чанд факт дар бораи устод Садриддин Айнӣ

Чанд факт дар бораи устод Садриддин Айнӣ меорем, дӯстон. Барои зиёд кардани чунин маводҳо сомонаи моро дар саҳифаҳои иҷтимоӣ паҳн (поделиться) кунед.

Давоми матн пас аз блоки реклама

1) Гарчанде дар ҳама ҳуҷчатҳо соли таваллуди Айнӣ соли 1878 қайд шуда бошад ҳам, лекин худи ӯ таъкид мекунад, ки «….дар асл соли 1875 таваллуд шудаам.»

2) Садриддин Айнӣ пеш аз тахаллуси «Айнӣ» ро интихоб карданаш бо тахаллусҳои «Муҳтоҷӣ»,»Ҷунунӣ» ва «Сифлӣ» эҷод кардааст.

3) Нахустин шеъри Айнӣ «Гули сурх» ном дорад, ки онро соли 1895 нависта буд.

4) Устод Садриддин Айни дар нахустин мактаби тоҷикӣ усули нав, ки дар Бухоро, дар ҳавлии Абдулвоҳиди Мунзим кушода шуд, барои тоҷикбаччагон дарс мегуфт.

5) «Дохунда» аввалин романи Айнӣ ба шумор мешавад.

6) С.Айни нахустпрезиденти АИ ҶШСТ(Ҷумҳурӣ Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон) мебошад.

7) Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100 солагии устод дар тамоми дунё қайд карда шуд.

8) 8 сентябри соли 1997 бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба устод Айнӣ Унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.


Зиндагиномаи устод Садриддин Айниро инҷо хонед >>

Садриддин Айнӣ

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед