Адабиёти кудак – шеърхои кудакона

Якчанд шеър барои кудакон, шеърхои кудакона дар ин саҳифа оварда мешавад. Шеърхо барои кудакон >>

Азизу беҳтаринамӣ,
“Дугона”-и қаринамӣ

Ҷону ҷаҳони ман туӣ
Хушгилу нозанинамӣ

Накҳати ту фараҳфизо
Чун мушки анбаринамӣ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Рӯи базеб дориву
Ахтару маҳ баринамӣ

Ширинкалому хушбаён
Очаи ангубинамӣ.

Фарзона Восиева


Маҳвора дар гаҳвора

Инга ингу инга анг,
Ҳамаро карда гаранг.

Дар дохили гаҳвора,
Хурдакаки Маҳвора

Дастонашро меафшонд,
Чизе ба мо мефаҳмонд:

Афтидааст,ту бубин.
Чочаки ӯ дар замин.

Санавбар Ибодова


Сарисабзи замин аз лутфи об аст,
Сари сабзи замон лек аз китоб аст.
Муҳаммад Ғоиб

Хона он аст, ки хонанд дар он,
Гар нахонанд варо хона махон.
Рустам Ваххоб

Тан ба дониш сиришта бояд кард,
Дил ба дониш фаришта бояд кард.

Фурӯғи кооинот аз офтоб аст,
Фурӯғи одамият аз китоб аст.


Бача раҳгардон шавад…

Гунҷишкаки бечора
Сарсон асту овора
Ин сӯву он сӯ давад,
Лаб-лабаки ҷӯ равад.

Барояд болои бом:
– Куҷо шуд бачаи хом?!…
Вай параду нишинад,
Ҳар гӯшаро бубинад.

Бачаи худ бикобад,
Ӯро вале наёбад.
Ҳоли зорӣ ӯ дида,
Фарёди ӯ шунида,

Ба ман гуфто модарҷон:
– Ана, дидӣ, писарҷон? –
Бача раҳгардон шавад,
Оча саргардон шавад!

Абдусаттори Раҳмон


Рӯзи дониш

Аз хурдӣ дорад Барзу,
Хурдакак як орзу:

Зудтар калон шавам кош,
Саъй кунаму талош.

Тавонам ҳарф хонда,
Ҳиҷоҳоро часпонда.

Ҷумларо хондан равон,
Бароям шавад осон.

Дигар дорам ман савод
Мекунам ҳисоб озод

Шудам акнун ҳафтсола
Ду рухсорам чун лола.

Акнун равам ба мактаб
Омӯзам илму адаб.

Рӯзи якуми хониш
Ҳамроҳи дӯстам Ромиш

Гирем андар ҷузвдон
Хаткашаку қаламдон

Гирем дафтар бисёр,
Қаламтезкуну худкор

Гирем ҳам алифбо
Суратҳояш чи зебо.

Гулҳоро даста баста
Тайёр кунем гулдаста.

Ҳадя кунем ба устод,
Устоди мо шавад шод.

Ҳарду ба мактаб равон
Дар дил дорем ҳаяҷон.

Дар мактаб ғалоғула
Ҷарангос зад зангула

Ҳама ба синф ворид шуд,
Имрӯз рузи ид шуд.

Гуфто муаллим ба мо
Хуш омадед ,бачаҳо!

Имрӯз рузи дониш,
Рӯзи аввали хониш

Санавбар Ибодова


Барфи аввал

Осмони каб-кабуд,
Яке пури лак-лак шуд.
Дару тирезаи мо,
Ҳамон замон тақ-тақ шуд.

Барфи аввал, рез-рез,
Ордакатро без-без.
Барфи аввал бесадо,
Мекунад моро нидо.

Тӯе аҷаб шуд ба по
Кӯча пур аз бачаҳо.
Барфи калон бор, бор,
Туро будем интизор!

Кӯча пури момо шуд,
Майдон пури бобо шуд.
Ҷаҳон-ҷаҳон хурсандӣ,
Андар дили мо ҷо шуд.

Барфак рез, барфак рез,
Теппа шавад ҳарчӣ тез.
Барфи ширинкор омад,
Савори бисёр омад.

Ба ёди мо якбора
Барфии перор омад.
Барфи аввал рез, рез,
Ордакатро без, без!

Як барфи калон бошад,
Лаклак фаровон бошад.
Аз шӯхиҳои сармо,
Чеҳраҳо алвон бошад.

Барфи нав, хаёли нав.
Нишонаи Соли Нав!

Гулчеҳра Сулаймонӣ


Чилпо, ки чил по дорад,
Якто муаммо дорад.
Чил кафшаки зебояш,
Кӣ пӯшонад ба пояш?

Куррачаи ман доно
Хуб мехонад “Алифбо”
Саҳар хонад шодона:
– И- аъ! И-аъ! И-аъ! А!!

Занбӯри ҷомабурак
Дар зодрӯзи мӯрак.
Як хумча асал овард,
Дар зери бағал овард.
Хушҳол аҷаб мӯрак шуд,
Дигар асалхӯрак шуд

Бидид пашша
Фили таҳамтан.
Гуфто ба ҳасрат:
“Ин ғафсгардан,
Э кош, ғунҷад
Дар шиками ман!”

Кабӯтарак, кабӯтарак!
Ба ҳам бизан болу парак.
Зи васфи кӯҳу осмон
Ба ман суруди тоза хон!

Латофат Кенҷаева

ҚаблӣДАР ОМАДИ ГАП (ҷолиб)
БаъдӣАмалҳои математики бо шеър – шеър дар бораи математика