Ҷумъа Одина

Чумъа Одина расм картинка

Ҷумъа Одина яке аз нависандагони соҳибзавқи тоҷик буда, соли 1930 дар деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст.

Аввалин навиштаҳояш солҳои шастум ба табъ расидаанд. Повести «Иншо дар мавзӯи озод» (соли 1974), романи «Гузашти айём» (соли 1978) ва як силсила ҳикояву очерк ва қиссаҳо ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Ҷумъа Одина тарҷумон низ буд. Асарҳои Н. Тихонов, Я.  Гашек, С. Алӣ, Г. Кирх, И. Шамякин, Г. Марков ва дигаронро хонандагони тоҷик дар тарҷумаи ин нависандаи хушсалиқа хондаанд. Ҷумъа Одина соли 1982 аз олам чашм пӯшидааст.

Қиссаи «Иншо дар мавзӯи озод» аз марғубтарин ва писандидатарин асарҳои адиб аст. Нависанда зимни ин қисса гуфтанист, ки танбалӣ, фиребгарӣ, ошнобозӣ аз бадтарин хислатҳои инсонӣ мебошанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Зиндагиномаи/шархи холи/тарчумаи холи Чумъа Одина, Джумъа Одина биография.

ҚаблӣБандагӣ даркор нест
БаъдӣАсарҳои Драмавӣ (Драма чист?)