Шеър дар бораи барф

Дар ин саҳифа тамоми шеърхо дар васфи барф оварда мешаванд. Барф шеър >>

Шеър дар бораи барф

Аз само меҳмон биëяд бар замин,
Бас дурахшон аст барфи аввалин.
Номаи барфиятон бар ман расид,
Дар вуҷудам шавқу ҳам шодӣ дамид.
Як зиëфат садқаи номи шумо,
Мисли барфи сап — сафед иқболатон.
Ҷовидонӣ хуб бодо ҳолатон.
Бо дили пурмеҳру бо чашмони чор.
Мешавам роҳи шуморо интизор.

Ӯғилой Ҷурабоева


Зимистон мерасад, зеби замин барф,
Ба ҳар як заррааш сеҳрофарин барф.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Чӣ нотакрору зебо об гардад
Нишаста бар ҷамоли нозанин барф.

Бисӯзад ҷисму ҷон аз сардии ӯ,
Ба сад сардист, охир, оташин барф.

Ба домони шабу рӯзи зимистон,
Ҷилоноку сапеду нуқрагин барф.

Барад аз дил сиёҳӣ, чун сафед аст,
Ҷило бар чашмҳои одамин барф.

На танҳо боиси ризқи ману туст,
Фараҳбахшандаи қалби ҳазин барф.

Чӣ хуш аз осмон бар сар бирезад,
Чу садбарги сафеду ёсамин барф.

15.01.2020 Кӯҳзод Фатҳулло

Зара зара барф меборад сафед

Барои аз мақолаҳои нави мо хабардор шудан