Сафармуҳаммад Айюбӣ

Сафармухаммад Аюби расм картинка

Шоир ва драматурги маъруфи тоҷик Сафармуҳаммад Айюбӣ 20 декабри соли 1945 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлобро (с. 1976) хатм кардааст. Шеърҳои аввалинаш ҳанӯз аз соли 1956, аз синни 11-солагиаш ба табъ расидаанд.

Муаллифи китобҳои «Гули гандум», «Роҳи сафар», «Шохаи барқ», «Фалаки роғӣ», «Осори мунтахаб», «Ҷилвагоҳи офтоб», «Мунзим», «Тӯй дар Хуррамдара», «Шоҳ Бика» мебошад. Ҳамчунин драмаҳои манзуми «Амир Исмоил», «Дақиқӣ», «Алии Сонӣ», «Спитамен», «Заволи Чамбули Мастон», «Фишор» ба қалами ӯ мансубанд.

Ӯ дар жанри маснавӣ низ асарҳои бисёре офаридааст. Айюбӣ Шоири Халқии Тоҷикистон, Арбоби Ҳунари Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакист.

22 феврали соли 2011 аз олам даргузашт. Ва дар мазори Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тарчумаи холи/зиндагиномаи/шархи холи Сафармухаммад Айюби, Сафармухамад Аюби биография.

ҚаблӣАсарҳои Драмавӣ (Драма чист?)
БаъдӣТухм. Сохти тухми растаниҳои дупалла ва якпалла