Аз захми сухан захми табар беҳ

Забони сурх сари сабзро диҳад барбод. Ривоят мекунанд, ки дар як замон марди ҳезумкаше умр ба сар мебурд. Ӯ зиндагии ҳақиронае дошту ҳар рӯз ба ҷангал мерафт ва аз он ҷо як банд ҳезум оварда дар бозор мефурӯхт. Аз ҳисоби фурӯши як банд ҳезум ӯ қутии лоямути худ ва оилаи худро меёфт. Рӯзҳо, моҳҳо, солҳо паси сар мешуданд.

Марди ҳезумкаш як рӯз ба ҷангал меравад. Дар он ҷо хирсе бо ӯ вомехӯрад. Марди ҳезумкаш дар аввал метарсад, лекин худро ба даст гирифта ба ҷанг омодагӣ мебинад. Хирс бошад ба забон омада, бо марди ҳезумкаш ошноӣ пайдо мекунад ва ба ӯ барои ҷамъоварӣ намудани ҳезум кӯмак менамояд. Аз ин таъби марди ҳезумкаш болида гардида, қуттии лоямуташ низ то андозае беҳтар мешавад. Акнун марди ҳезумкаш ба бозор ба ҷойи як банд ҳезум ду банд оварда мефурӯхт.

Як рӯз марди ҳезумкаш бо нишони эҳтиром ба хирс ӯро ба хонааш даъват мекунад ва зиёфат меорояд. Вақте ки хирс ба хонаи марди ҳезумкаш меояд зани марди ҳезумкаш хирсро дида мегӯяд:

– Дӯсти ҷониат ҳамин хирси бадбӯй-мӣ?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Хирс аз ин суханони зани марди ҳезумкаш сахт ранҷида ба назди марди ҳезумкаш меояд ва ба ҷону ҳоли ӯ намонда аз ӯ хоҳиш менамояд то марди ҳезумкаш бо табараш ба фарқи сари ӯ як зарба занад. Марди ҳезумкаш аз ноилоҷӣ бо табари худ ба фарқи сари хирс мезанад. Хирс бо дарди ҷонкоҳ аз хона баромада меравад. Бадин минвол якчанд рӯз паси сар мешавад. Як рӯз марди ҳезумкаш дар ҷангал хирсро мебинад, ки аз захми табари ӯ нишоне намондааст.

Хирс ба марди ҳезумкаш мегӯяд:

– Дидӣ, аз он захми табаре, ки ту ба фарқи сари ман зада будӣ ягон нишоне намондааст, лекин он захме, ки зани ту ба дили ман расонид то ба имрӯз нарафтааст. Бо ҳамин дӯстии марди ҳезумкаш ва хирс ба охир мерасад.

Магар ин сухане набуд, ки риштаи дӯстии марди ҳезумкаш ва хирсро канда кард? Бале, ин ҳамон як сухани носанҷида гуфта шудаи зани марди ҳезумкаш буд, ки боиси ранҷидахотирии хирс гардида, риштаи дӯстии онҳоро барканд. Гарчанде сухан зебост, вай метавонад дӯстро душман гардонад, душманро дӯст гардонад, оламро наҷот диҳад ва ё онро ба коми ҷанг кашад.

Сухан дар даҳон хуш аст. Сухани аз даҳон баромада мисли тири аз камон ҷастааст, ки он бозпас нахоҳад гашт. Аз ин хотир луқмони суханро зарур аст андеша ба он намояд, ки сухан бар беҳуда нагӯяд, то сухани бисёр ранҷа бар дари пистаи бемағз кунад. Чун кунад сухан ранҷа бар дари пистаи бемағз, кунад луқмони сухан аҳамияташро гум. Аз ин ҷо сухане, ки беҳуда гуфта мешавад боиси он мегардад, ки шахс қурбу манзалати хешро гум карда, обрӯву эътибори худро аз даст диҳад. Дар ҳолате, ки агар шахс қурбу манзалати худро бинобар сабаби суханони беҳуда аз даст диҳад, он чиз аз эҳтимол дур аст, ки он ин обрӯву эътиборашро аз сари нав барқарор намояд.

Равшан аст, ки ҳар як қавму миллатро қабл аз ҳама бо фарҳангу забонаш мешиносанд. Ба дигар сухан, рукни асосии мавҷудияти миллат, ҳувияти миллӣ, забони он миллат маҳсуб мешавад. Зеро тамоми бурду бохти марлуми ин ва ё он қавм, пешинаи таърихӣ, дастовардҳои техникӣ, илмию фарҳангиаш твассути забонаш, суханаш инъикос мегарданд. Аз сӯи дигар дар покизанигоҳдорӣ, рушду камоли забон адибону нависандагонанд, ки беш аз ҳар каси дигаре саҳм мегиранд.

Хидмати устод Рӯдакӣ дар инкишофу таҳкими забони тоҷикӣ ниҳоят бузург аст. Гап дар сари ин аст, ки хилофати араб дар сарзаминҳои тоҷикнишин зиёда аз дусад сол ҳукмронӣ намуданд. Дину ойину фарҳанги хешро маҷбуран таҳмили дигарон карданд, сарвати маънавии мардум – китобхонаҳоро сӯзонданд. Ин зулму таадӣ то асри IX идома дошт. Вале арабҳо натавонистанд фарҳангу адаби моро аз байн бибаранд. Фарҳанги мо болотару ҷонсахтар аз фарҳанги араб ҷилва намуд. Зеро сухан аз бузургон дорем, сухан аз онҳое, ки машъалафрӯзи забони тоҷикӣ, сухани ноби тоҷикӣ, лафзи ширини дарианд.


Калидвожаҳо: захми сухан, иншои захми сухан, Аз захми сухан захми табар бех, хезумкаш ва хирс.

ҚаблӣАз илм мурод ҷуз амал нест
БаъдӣМактабҳои усули нав ва рӯзномаи “Бухорои Шариф”