Аз илм мурод ҷуз амал нест

Олими беамал, занбӯри беасал

Оламу одам пири пазирандаанд, вале хирад ҳарчанд пир гардад, ғанитару корозмудатар ё худ таҷрибадидатар шавад. Аз ин рӯ, ҷӯёи хирад дар розхонаи даҳр аз тоифаи саодатмандон аст. Дар мантиқи оддии ифода ҳар он ки ғановати маънавиро дар рӯзғори хеш дар қиёс бо ғановати моддӣ афзал донист, ғалат накард. Зеро ғановати моддӣ бо андак ҷаҳде гирдоварӣ шавад, вале илму ҳикмат ва маърифат маънавиётсозанд ва дастрасӣ ба он муддатҳои тӯлониро тақозо менамояд. Бубинед ҳадафи фавқуззикр дар як қазовоти мутафаккири давронсоз Ҳаким Саноии Ғазнавӣ хеле мӯшикофона арзёбӣ шудааст:

Солҳое бояд, ки то як кӯдаке аз рӯи табъ,

Олиме гардад накӯ ё шоире ширинсухан.

Умрҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Лаъл гардад дар бадахшон ё ақиқ андар яман.

Арзишҳои умумибашарии илму дониш ҳанӯз аз замони худшиносии инсон мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён қарор дошту дорад ва бегазанду заволнопазир аст. Зимни қазовоти хеш Суқроти бузург бо дарки афзалияти илм таъкид мекунад, ки: «Ҳеҷ ганҷе беҳтар аз ҳунар нест ва ҳеҷ чизе бузургтар аз дониш нест…». Беш аз Ҳазрати Мавлавӣ қазовате тавассути каломи мавзун дорад, ки боз ҳам ҷолибтаре ҷаззобтар, муассиру гаронарзиш аст. Ӯ мегӯяд, ки илму дониш бақои халқу давлат ва оламу одам мебошад:

Ҳотами мулки Сулаймон аст илм,

Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

Илме, ки шахс аз худ намуд илм нест то оне ки ӯ илми азхуднамудаи худро дар амал татбиқ намояд. Беҳуда нест, ки сарчашмаи бузурги дини мубини ислом – Қуръони карим фармудааст: ҳар шахсе, ки илми худро, ҳунари худро ба касе наомӯхтааст шахси бесамарест, ки мисли дарахти хушк аст, бешоху бебарг. Агар дарахтро шоху барги он оро диҳад, пас илми инсониро амали он зеб хоҳад дод. Амали илм чӣ қадар зиёд бошад, пас зебогии он ҳамон қадар зиёд хоҳад буд. Амали он аз бузургии илме, ки соҳиби он дорад шаҳодат медиҳад. Магар ин ҳама шукӯҳу шаҳомате, ки дар асри ХХ1 дастони инсонӣ офаридааст маҳсули илми инсон нест? Магар парвоз ба кайҳон, офаридани кишитҳои кайҳонӣ таххайули илм нест? Магар ин офаридаҳо зеби илми инсон нест?

Агар илм ба амалия чи қадаре бештар ҳамроҳ гардад маҳсули он ҳамон қадар зиёд хоҳад гашт. Дар ҳолати акс илм ба чизе табдил хоҳад ёфт, ки дар қарни фаромӯшӣ лаб ба сукут хоҳад нигошт. Дар ҳолати дар гӯшаи хомӯшӣ қарор гирифтани илм аз он касе суроғ нахоҳад кард. Он зебогии худро оҳиста – оҳиста аз даст медиҳад, тароварти худро гум мекунад. Дар ҳолати аз даст додани тароват илм аз чизи нолозима беш нест. Аз ин ҷо, дониш, маърифат, илм, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонист. Инсон ба василаи он ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рӯйи худ дари бахту саодатро мекушояд. Дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи ақли инсон марбут аст. Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меёбад. Яъне дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфтааст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф мекунанд. Вобаста ба ин асри ХХI-ро асри пешрафти куллии илмӣ метавон ҳисобид. Дар асри XXI инсониятро дастовардҳои калони илмӣ мунтазиранд. Ҳоло эътибори ҷаҳониён ба компютер равона гардидааст. Дар бахши истеҳсолот ва коркарди саноатӣ низ онро истифода мебаранд. Парвози тайёраву чархбол, гардиши моҳвораҳо, киштиҳои калони атомӣ дар уқёнусҳо бо компютер идора карда мешаванд. Ирсоли ахбор низ бо Шабакаи «Интернет» мавқеи муҳим дорад. Дар ҳамаи бахшҳои илмӣ нақши он бештар мегардад. Дар давлатҳои пешрафта ба коркарди компютерҳои нав шурӯъ намудаанд. Садои одамро компютерҳои навбаромад беғалат бо хат сабт менамоянд, ҷарроҳӣ низ бо воситаи компютерҳо сурат мегирад. Бинобар ин илм ҳангоми омезиш бо амал маънии худро пайдо хоҳад кард, ба зиндагӣ тобиши дигар хоҳад дод, онро то ба дараҷаи шинохтанашаванда табдил хоҳад дод, зиндагиро аз будааш ширинтар хоҳад кард.


Калидвожаҳо: Аз илм мурод чуз амал нест, мавзуи озод илм, иншои озод дар мавзуи илм.

ҚаблӣҲУРМАТИ МЕҲМОН НИГАҲ ДОР, ЭЙ ПИСАР
БаъдӣАз захми сухан захми табар беҳ