Ахамияти растании сабз дар табиат ва хаёти инсон

Аҳамияти рустании сабз дар табиат ва ҳаёти инсон. Олими барҷастаи рус Климент Аркадевич Тимирязев    дар «Ҳаёти рустанӣ» ном китобаш дар хусуси аҳамияти рустаниҳои сабз дар табиат ва инкишофи ҳаёт дар рӯйи Замин ба таври хеле возеҳу фаҳмо ба мо хитоб кардааст: «Замоне, дар кадом як маҳал нури Офтоб ба замин афтид, аммо на ба замини бесамар, балки ба як майсаи сабзи гандум ё аниқтараш ба донаи хлорофилл. Нур ба дона бархӯрду хомӯш шуд, ҳамчун рӯшноӣ барҳам хӯрд, аммо нест нашуд. Вай фақат барои иҷрои кори дохилӣ сарф шуд…»

табиат, иншо, иншои озод

Ҳамин тавр, рустании сабз ҳангоми фотосинтез энергияи нури Офтобро аз худ мекунад ва моддаҳои органикӣ ҳосил карда, оксигенро хориҷ мекунад. Рустанӣ аз моддаҳои органикӣ ғизо гирифта месабзад, гул мекунад ва дар он мева ва тухм пухта мерасад. Ҳайвонот ва одам моддаҳои органикии дар рустаниҳо ҳосилшударо истеъмол мекунанд. Бе мавҷудияти рустаниҳои сабз мавҷудоти зиндаи Замин бе хӯроку ғизо мемонд.

Рустаниҳои сабз атмосфераро аз оксиген, ки барои нафасгирии ҳамаи организмҳои зинда зарур аст, бой мегардонанд. Гази карбонати ҳаворо фурӯ бурда, ҳаворо тоза мекунанд. То он даме, ки дар рӯйи Замин рустаниҳои сабз вуҷуд доранд, захираи оксиген тамом намешавад.

Беша, марғзор, дашту доманакӯҳ ва дигар ноҳияҳо бо   рустаниҳояшон маҳалли зисти ҳайвонот мебошанд. Ҳайвонот дар ин маҳалҳо ҳаёт ба сар бурда, хӯрок меёбанд, паноҳ мебаранд ва барои афзоиш шароит пайдо мекунанд. Ба ҳар кадом анбӯҳи наботот гурӯҳи муайяни ҳайвонот мувофиқати ҳамзистӣ доранд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Аҳамияти рустаниҳои сабз дар ҳаёти инсон беандоза калон аст. Рустаниҳо ҳамчун манбаи оксигени ҳаво ва ғизои органикӣ ба ҳисоб рафта, инсонро инчунин бо сӯзишворӣ, масолеҳи бинокорӣ ва ашёи хоми саноатӣ таъмин мегардонанд. Инсон ҳатто ба сифати сӯзишворӣ боқимондаҳои он рустаниҳоеро истифода мебарад, ки ҳазорҳо ва миллионҳо сол пеш нашъунамо доштанд. Масалан, ангиштсанг ва торф.

Хусусан, кӯчаву хиёбонҳо, чорбоғу гулбоғҳо ва гулгаштҳои сабзу хуррамро бе рустанӣ тасаввур кардан аз имкон берун аст. Рустаниҳо чангу гард ва дигар ғубору партовҳои барои саломатӣ зарарнокро фурӯ бурда, ҳаворо аз ифлосшавӣ эмин нигоҳ медоранд. Рустаниҳо намнокии муътадили ҳаворо нигоҳ дошта, шиддати ғалоғулаву шавқунро дар кӯчаҳои шаҳр паст мекунанд, пеши роҳи шамоли сахт ва бӯрони хокбодро мегиранд. Бинобар он, одамон ба шинондани дарахту буттаҳои серсояву зебо ва сарсабз намудани маҳалли худ диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Мутаассифона, манфиати рустаниҳоро на ҳама одамон мефаҳманд. Одамоне ёфт мешаванд, ки дарахту буттаҳоро мебуранд, гулу гиёҳҳоро поймол мекунанд ва боиси нобудшавии рустаниҳо мегарданд. Онҳо фаромӯш мекунанд, ки рустаниҳоро нобуд кардан осон, вале онҳоро сабзондану калон кардан хеле душвор аст. Барои ин солҳои зиёд бояд ранҷ кашид.


  1. Рустанихои сабз дар табиат чи ахамият доранд?
  2. Хайвонот ва одамон моддахои органикии барои хурокашон заруриро аз кучо мегиранд?
  3. Кабудизор кардани шахру дехот чи ахамият дорад?

Навда ва Муғҷа (Мугчаи дарахтон)