Маҳорати Сайидои Насафӣ дар эҷоди «Баҳориёт» (иншо)

Миробид Сайидои Насафӣ аз устодони барҷастаи адабиёти тоҷик мебошад. Тазкиранигорон ва адабиётшиносон ба осори пурмазмун ва ҳадафраси шоир баҳои сазовор додаанд. Ӯ бо ашъори намакини худ дар рушду такомули илму адаби давр хидмати шоёни таҳсин намудааст. Аз шоир ба мо осори бисёре боқӣ монда, ки ба масъалаҳои мухталифи ҳаётӣ бахшида шудаанд.

«Баҳориёт» аз ҷумлаи баргузидатарин офаридаҳои ӯст, ки ғояи асосии онро тавоноӣ ва қудратмандии аҳли заҳмат ташкил дода, он дар шакли тамсил, яъне тавассути амалиёт ва гуфтори ҳайвонот ба риштаи таҳрир кашида шудааст. Шоир ба нерӯи хастагинопазири аҳли меҳнат эҳтиром гузорида, дар баробари ин ба шикасту заволи ситампешагон боварии комил дорад.

«Баҳориёт» ва ё «Ҳайвонотнома» аз муқаддима, қисми асосӣ ва хотима таркиб ёфтааст. Дар ин асар ҳаждаҳ ҳайвон – муш, гурба, саг, гӯсфанд, гург, уштур, сангпушт, маймун, оҳу, паланг, фил, карк, шер ва мӯрча миёни ҳам баҳсу мунозира мекунанд. Ҳар яке худро таъриф ва сифат намуда, ба танқиди дигаре мепардозанд. Қисмати асосии манзума аз худро ситоиш намудани муш ибтидо мегирад:

Дорам даруни хона зи анвои хӯрданӣ,

Аз арзану ҷуворию мошу биринҷу нон…

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аҷдоди ман ба мири мушон такя мекунад,

Имрӯз дар баробари ман кист дар ҷаҳон?

Гурба аз хурдтаърифкунии муш ба ғазаб омада, нотавонбинона ба сӯи муш санги маломат мезанад.

Эй беадаб, ту шарм надорӣ зи рӯи ман,

Аҷдоди ту шуданд пеши ман калон

Обои олии ту бувад кӯршапарак,

Абнои софили ту ҳам аз ҷинси сифлагон.

Пасон гурба, худро чунин васф мекунад:

Бар ман бубину нек тамошо бикун маро,

Яъне, шер сурати ман медиҳад нишон.

Паррандае, ки бигзарад аз пеши чашми ман,

Ӯро ба чанги хеш дарорам ҳамон замон.

Худсифаткунии гурбаро душмани ашаддиаш саг шунида, ӯро сахт мазаммат мекунад ва хешро сифаткунон мақому мартабаашро боло мегузорад. Ба ҳамин минвол ҳайвоноти дигар низ паси ҳамдигар ба саҳна ворид шуда, ҳайвони пеш аз худ бударо накӯҳиш намуда, дар сифат ва тавонмандии худ аз дигарон овардани суханони хушро дареғ намедоранд.

Ниҳоят шоҳи ҳайвонот – шер ба майдон омада, бо виқору сарфарозӣ забон аз бартарият ва шукӯҳмандии хеш мекушояд. Аз шунидани суханони пурдағдағаи шер мӯрча ба оташи ғазаб фурӯ рафта, хитобан ба шер аз иттифоқи мӯрчагон ғофилӣ магар мегӯяд. Ба тариқи зайл ба шер посух медиҳад:

Дар фикри дона мӯрчае буд даргузар,

Омад ба шеру гуфт, ки «Эй Рустами замон!

Аз иттифоқи мӯрчагон ғофилӣ магар?

В-арна чаро ҳақир шумориву нотавон?!

…Мӯре шунидаӣ, ки Сулаймони вақтро,

Бар аҳди худ ба рони малах карда меҳмон…»

Шунидани суханони мӯрча ба тамоми баҳскунандагон гарон меафтад ва ҳамаи ҳайвонот ба ӯ таслим шуда, аз ҳамдигар узр хоста бо ҳам оштӣ мешаванд.

Шоир бо офаридани ин асари тамсилӣ қувваи мағлубнашавандаи табақаи меҳнаткашонро нишон дода, пойдорӣ ва ободонии ҷомеа ва рӯзгори инсониро аз заҳмату пайкори онҳо медонад. Бояд таъкид намуд, ки ҳайвонҳоро ба сулҳу салоҳ даъват намудани шоир ба он далолат мекунад, ки ӯ ҷонибдори ваҳдату ҳамдигарфаҳмист. Аз ин ҷиҳат, «Баҳориёт»-и Сайидо аз аҳамияти баланди тарбиявию ахлоқӣ бархурдор мебошад.


Калидвожаҳо: Махорати Сайидои Насафи дар эчоди «Бахориёт», мавзу, иншо, адабиёт, иншои озод, Бахориёти Сайидои Насафи.

ҚаблӣТаҳлили образҳои асосии «Комде ва Мадан»-и Абдулқодири Бедил
БаъдӣАҳамияти тарбиявию ахлоқии «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ