Лозим нест, ки ба як ё ду хулқе, ки дӯст намедорӣ худро аз бародарат дур бигирӣ. Агар аксари ахлоқаш ва рафторашро маъқул донӣ, пас ба як ё дуяш чашм бипӯш. Туро кифоят аст, ки рафиқи бисёр дорӣ.
Абӯдардоъ мегӯяд: “Сарзаниш кардани бародар беҳтар аст аз гум карданаш”. Баъзеи дигар мегӯянд: “Мо аз нафси худамон розӣ нестем, пас чӣ тавр аз ғайрамон розӣ мегардем?”
Ҳасан ибн Ваҳб мегӯянд: “Аз ҳуқуқи дӯстӣ авфи бародарон ва чашм пӯшидан аз баъзе кӯтоҳиашон аст.”
Бахшидан хислати худовандист, ки Худованд бахшиданро дӯст медорад. Мо бандагон низ дар пайравӣ аз ин хислати Ӯ ҳамдигарро бояд бубахшем.
Давоми матн пас аз блоки реклама