Дар баёни бесуботии чор чиз – Аз пандномаи Аттор

Аз силсиламақолаҳои Пандномаи Аттор — Дар баёни бесуботии чор чиз >>


Чор чиз, эй хоҷа, кам дорад бақо,
Гуш дор, эй мӯмини маймунлиқо,

Ҷаври султонро бақо камтар бувад,
Пас итоби асдиқо камтар бувад,

Бо раият чун кунад султон ситам,
Мардро бошад бақо дар мулк кам.

Гар туро аз дӯстон ояд шитоб,
Камбақо бошад чу хат дар рӯи об.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Гарчи бошад зан замоне меҳрубон,
Чун кам ояд баҳра, бикшояд забон

Чун ба ноҷинсон нишинад одаме,
Камтарак бинад аз эшон ҳамдаме

3oғ чун фориғ зи бӯи гул бувад,
Нафраташ аз суҳбати булбул бувад.

Суҳбати ноҷинс ҷонкоҳӣ бувад,
Ҷумларо з-ин ҳол огоҳӣ бувад.

Чун туро ноҷинс ояд дар назар,
Эй писар, чун бод аз вай даргузар.

Аз  Пандномаи Аттор


Шояд ин ҳам писандатон ояд:

Пандномаи Аттори Нишопурӣ

Қаблӣ9-май – Рӯзи Ғалаба (Рузи Галаба – иншои озод)
БаъдӣШиркати Олуча Такси