Якчанд гуфтаҳои бузургон дар васфи муаллимро меорем. Гуфтахои бузургон:
Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад.
(Эмомали Раҳмон)
Муаллим, то даме, ки зиндааст, мехонад: Ҳамин ки аз хондан бозмонд, симои муаллимиаш низ барҳам мехӯрад.
(К. Д. Ушинский)
Агар дар ҷаҳон набвад Омузгор
Шавад тира аз бехирадон Рузгор.
(Ҷомӣ)
Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар.
(Халқ)
Ҳар кӣ номӯхт аз гузаши рӯзгор,
Низ номӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
(Рӯдакӣ)
Муаллими ҳақиқӣ ҳамонест, ки дониши ӯ дониши хонандагонаш гардад.
(Д. И. Менделеев)
Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хизмат намекард, зиндагӣ як лаҳзам ҳам пеш намерафт.
(А. С. Макаренко)
Муаллим бояд кори худро бидонад ва ба масъулияти сангини худ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дошта бошад. Омӯзгор метавонад шахсони шоиста тарбия намояд, ӯ қодир аст, ки ҳатто одами бадкирдорро некӯ гардонад. Ҳеҷ ибодате беҳтар аз Муаллимӣ нест.
(Ҳусейн Мазоирӣ)
Дигар маводҳо вобаста ба муаллим ва шеър дар бораи муаллим >>>
- Шеър дар васфи муаллим
- Ба Муаллим (шеър)
- Шеър барои рӯзи муаллимон
- Табрикот барои рузи муаллим (омузгор, устод)
гуфтахои бузургон дар васфи омузгор, устод, муаллим.
Бехтарин. Рахмат барои нафароне ки ин сайтро рохбари мекунанд. Он чизеро ки мехостам аз ин чо дарёфт кардам.
Сипос бонуи муҳтарам, суханони шумо барои мо қувва мебахшанд, то як қадами дигар пеш гузорем!
Муаллим на хатто на танхо ба мо Дарси русиву ангилиси балки Дарси хаётро омузондааст👩🏫👩🏫👩🏫
Як ҷаҳон ташаккур ба нигорандаҳои ин сайт.Беҳтаринед…Кӯшиши зиёд ба харҷ додаед! Ғанӣ аст, хонданибоб.Монда набошанд!
Сипоси бепоён. Сарамон ба осмон расид. Барои шумо ҳамавақт ҳаракат мекунем. Суханҳои шумо барои мо қувваи зиёд мебахшанд!
Агар омузгор намебуд Хом мемондем мо
Муаллим ин мухандиси рухи инсон мебошад.