Сохтани сайт. Омӯзиши сомонасозӣ – тарзи сохтани сомона

Сомона / сайт чист? Сомонасозӣ / Сайтсозӣ чист? Сомонаҳо чӣ тавр сохта мешаванд? Тарзи сохтани сайт. Ин ҳама суолоту маълумот дар ин саҳифаи мо >>


Барои сохтани сайт айни замон донистани забонҳои сомонасозиву барномасозӣ муҳим нест.  Бо пешрафти замон тарзи сохтани сомонаҳо низ осон гардид.  Имрӯзҳо аксари сомонаҳо на бо забонҳо балки бо истифода аз хизматрасониҳои хостинг ва намуна (шаблон)-ҳои тайёр сохта мешаванд. Мо низ тасмим гирифтем, роҳҳои осони сохтани сомонаро ба шумо омӯзонем.


Пеш аз он ки сайте месозед, бояд мақсади онро аниқ гардонед.  Чаро ки барои сохтани сомона вақт ва пул сарф мекунед. Агар мақсади шумо навиштаҳои худатонро ба дигарон муаррифӣ кардан бошад, беҳтараш барои худ блог созед, на сайт. Чаро ки барои сохтани блог вақти шумо кам сарф мешавад ва инчунин дастрас кардани он  ройгон аст.  Навиштаи  Омӯзиши блогсозӣ ба шумо дар ин самт кӯмак мекунад:


Сайт (сомона) чист?
Сайт (сомона) майдоне дар фазои маҷозӣ (интернет) аст. Сохтани он монанди сохтмони хона аст. Чӣ гунае ки дар дунёи воқеӣ барои сохтани хона мийдори замин харидорӣ мекунед, дар дунёи маҷозӣ (интернет) низ ҳамин тавр аст.  Чӣ миқдор арзиш доштани замин ба масоҳат ва макони ҷойгиршавии он  ва чӣ миқдор арзиш доштани сомонаи шумо  ба андозаи ғунҷоиши он вобаста аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сомонаҳо аз чӣ асос ёфтаанд?
1) хотира. (ғунҷоиши сайт, ки бо мегабайт андозагирӣ карда мешавад).
2) ном (домен), ки онро низ бо маблағи муайян харидорӣ мекунед.
3) системаи идоракунии сайт (CMS)

Барои сохтани сомона интихоби хостинги нағз нақши муҳим мебозад.  Мо ба шумо Beget (https://beget.com)-ро тавсия медиҳем.  Нархгузориҳои ин хостинг арзон буда, инчунин як моҳи аввал шумо ба таври ройгон сомонаатонро сохта метавонед. Агар он писандатон наомад,  баъд аз 1 моҳ бе пардохти маблағ аз истифодааш даст мекашед. Ҳамчунин ба фарқ аз дигар ширкатҳо дар “Бегет”  метавонед, ҳаққи хостингро моҳона пардохт кунед (ҳол он ки аксарияти хостингҳо пардохти солонаро талаб мекунанд).


Тарзи сохтани сомона
Аввал ба сомонаи https://beget.com гузариш намоед.

Аз хизматрасониҳои пешниҳоднамуда ба худ мувофиқашро интихоб кунед.

 

Маълумотатонро ворид намоед. Ба телефони шумо рамз барои тасдиқи шахсият фиристода мешавад, онро ворид сохта барои истифодаи сомона дастрасии пурра пайдо мекунед.

 

Баъд аз бақайдгирӣ равзанаи зерро мебинед. Ба қисмати “Сайты” ворид шуда, номи сайтеро, ки сохтан мехоҳед, ворид кунед. Масалан jadid.tj

Баъдан ба сайт номи доменӣ пайваст мекунем. Домени миллии .tj-ро ба воситаи худи “Бегет” харидан имкон дорад, вале нархаш гаронтар аст.  Бинобар ин домени .tj-ро аз ширкатҳои ватанӣ харидорӣ кунед.  Масалан get.tj.  Ҳангоми бақайдгирии номи доменӣ дар get.tj DNS-ҳоро  ns1.beget.com ва ns2.beget.com нишон диҳед.  Баъд аз бақайдгирии номи доменӣ  ба қисмати “Домены и поддомены” ворид шуда, номи доменро дохин намоед ва сайти қаблан сохтаатонро нишон диҳед.

Баъдан системаи идоракунии сомонаро насб кунед.  Осонтарин ва хубтарин системаи идоракунии сайт ба назари мо ин WordPress аст, аз ин рӯ тавсия медиҳем, ки ин системаро барои идора кардани сомонаатон насб кунед. Барои насби он ба қисмати CMS ворид шуда, Wordpress-ро интихоб карда, маълумоти зарурӣ ва логину рамзвожаи маъмуриятро ворид сохта, “Установить”-ро зер кунед.

 

Акнун давоми 3 рӯз интизор мешавем, ки домени бақайдгирифтаамон ба сайт пайваст шавад. Баъзе вақтҳо пайвастшавии он аз 3 рӯз ҳам зиёд тӯл мекашад.  Шумо қисматҳои ороиши сомона, сохтани почта ва дигар хизматрасониҳои хостингро мустақилона омӯхта метавонед. Шояд дар аввал ба хатоҳо роҳ диҳед, аммо меомӯзеду дигар такрор намекунед. Инчунин мо кӯшиш мекунем, ки ҳар чӣ зудтар дар бораи дигар қисматҳои сомонасозӣ мавод омода созем.


Маблағи домени .tj-ро метавонед, бо истифода аз сомонаи get.tj  ба воситаи  ҳамёнҳои электронӣ ва ё бевосита дар идораи ин ширкат супоред.  Нархи домени .tj 200 сомонист, ки давоми 1 сол эътибор дорад.  Пардохти маблағи хостинг ба воситаи ҳамёнҳои электронӣ сурат мегирад. Нархи ибтидоии “Beget” 6,12 рубл дар 1 рӯзро ташкил медиҳад.


Нархҳои дар ин мақола нишон дода шуда, барои соли 2019 буданд. Алҳол нархи ибтидоии хостинги мазкур барои як моҳ 9,20 рубл дар як рӯз мебошад.


Аз натиҷаи коратон моро огоҳ кунед. Мехоҳем, бидонем, ки то куҷо ба шумо кӯмак карда тавонистем. Агар суоле пайдо шавад, дар шарҳ навишта метавонед. Барори кор!  🙂

ҚаблӣОмӯзиши блогсозӣ. Блог чист? Тарзи сохтани блог
БаъдӣИнкишофи паҳнкирмҳои муфтхӯр

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед