Демократияи Афина. Гражданинхо (шахрвандон)-и Афина. Мачлиси халки. Шурои 500. Шахсони интихоби.
ГРАЖДАНИНҲО (ШАҲРВАНДОН)-и АФИНА
«Демократия» маънои «ҳокимияти халқ»-ро дорад. «Шаҳрвандон», онҳое ба шумор мерафтанд, ки дар давлати Афина дорои ҳуқуқҳои муайяни шаҳрвандӣ буданд.
Шаҳрвандони комилҳуқуқи Афина танҳо ҳамон одамоне ҳисобида мешуданд, ки падару модарашон ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дошта бошанд. Номи ин гуна одамон дар рӯйхати махсус навишта мешуд. Ин рӯйхатро «демҳо» меномиданд. Ба чунин рӯйхат ҷавонписарон ва ҷавондухтароне дохил карда мешуданд, ки синнашон ба 18-солагӣ расида бошад.
Комиссияи махсусе шаҳрванд будани ин ва ё он ҷавонро ҳаматарафа месанҷид. Ҷавононеро, ки ба рӯйхати «демҳо» дохил карда буданд, аз тамоми Аттика дар Пирей ҷамъ намуда, дар зарфи як сол ба таълиму тарбия фаро гирифта мешуданд. Ин корро омӯзгороне, ки «сафронистҳо» ном доштанд, иҷро менамуданд.
Омӯзгоронро комиссия аз байни шахсони маъруфи Афина интихоб мекард. Ҷавонон, ки онҳоро «эфебҳо» меномиданд, дар баробари таълим ба шамшерзанӣ, камонварӣ, гулӯлаандозӣ, дискпартоӣ, давидан, гуштингирӣ ва бо намудҳои дигари варзиш ва тарбияи бадан машғул шуда, худро хуб обутоб медоданд. «Эфебҳо» аз омӯзгорон инчунин ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандони Афинаро меомӯхтанд.

Баъд аз як соли машқ ва таълиму тарбияи ҷавонон омӯзгорони онҳо дар Маҷлиси халқӣ дар ин бора ҳисобот медоданд. «Эфебҳо» бошанд, донишу маҳорат ва малакаи дар таълимгоҳ ҳосилкардаашонро дар театр намоиш дода, баъд аз давлат сипару найза гирифта ба посбонии сарҳадҳои мамлакат мерафтанд ва ё ба иҷрои вазифаҳои дигари давлатӣ шурӯъ мекарданд. Пас аз ду соли хатми мактаб «эфебҳо»- шаҳрвандони комилҳуқуқи Афина ҳисобида мешуданд.
Шаҳрванди Афина ғайр аз ҳуқуқҳо вазифаҳою уҳдадориҳои муайян ҳам дошт. Ӯ уҳдадор буд, ки ҳатман дар қитъаи замин меҳнат кунад, кишвари худро аз душманон муҳофизат намояд, ба қонунҳо ва ҳукуматдорони интихобшуда итоат кунад ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзад.
МАҶЛИСИ ХАЛҚӢ
Мақомоти асосии ҳокимияти давлатии Афина – Маҷлиси халқии шаҳрвандон (гражданинҳо) буд. Ба он ҷо ҳамаи шаҳрвандон аз тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки ба ҳайати давлати Афина дохил буданд, ҷамъ меомаданд.
Занҳо ҳуқуқ надоштанд, ки дар кори Маҷлиси халқӣ ва корҳои дигари давлатӣ иштирок кунанд.
Дар Маҷлиси халқӣ қонунҳои давлатиро қабул, ҷангу сулҳ эълон, шартномаҳо тасдиқ ва мансабдорони давлатиро интихоб карда, ҳисоботи онҳо шунида мешуданд. Маҷлиси халқӣ ғайр аз ин ба таъминоти аҳолӣ бо озуқа, об, дуруст истифода бурдани замину конҳои маъдан ва тарбияи ҷавонон диққати ҷиддӣ медод.
Қонунҳои давлатиро Маҷлиси халқӣ қабул мекард, вале ба онҳо ҳатман ҷумлаи зайлро ҳамроҳ мекарданд: “Шӯро ва халқ қарор кард.” «Шӯро» гуфта, «Шӯрои 500» дар назар дошта шудааст.
ШӮРОИ 500
Шӯрои 500 бо ин усул таъсис дода мешуд: сокинони ҳар яки 10 вилояти Афина 50-нафариро

ҳамчун намояндаи худ интихоб карда, ба «Шӯрои 500» равон мекарданд. Ин «интихобот» аз байни якчанд нафар номзадҳо аз тариқи қуръапартоӣ сурат мегирифт. Дар интихобшавӣ ва интихобкунӣ танҳо гражданинҳои Афина иштирок карда метавонистанд. Муҳлати ваколатҳои ба «Шӯрои 500» интихобшудагон як сол буд.
Шӯрои 500 бо Маҷлиси халқӣ ҷиҳати ҳуқуқу вазифаҳояш дар як қатор меистод, лекин ҳар кадоми онҳо корҳои ба худ маълумбударо иҷро мекард. Яке аз корҳои муҳимтарини Шӯрои 500 тайёрӣ ва гузаронидани кори Маҷлиси халқӣ буд. “Шӯрои 500” рӯзномаи Маҷлиси халқиро тайёр мекард ва лоиҳаҳои қонуну қарорҳои гуногунро мавриди муҳокима қарор медод.
ШАХСОНИ ИНТИХОБӢ
Мамлакатро шахсони мансабдори интихобӣ идора мекарданд. Барои ин кор гурӯҳҳои алоҳида ташкил карда мешуданд, ки онҳоро «коллегия»-ҳо меномиданд. Яке аз онҳо «Коллегияи архонт» буд. Он дар Юнон хеле барвақт ба вуҷуд омадааст.
Ин коллегия ба корҳои ҳарбӣ, ташкили мурофиаи динию идҳо ва тартиби доир гардондани корҳои судӣ машғул буд.
Коллегияи дигари Афина «Коллегияи 10 нафар стратегҳо» номида мешуд. Ин коллегия ба корҳои ҳарбии Афина, аз ҷумла сафарбарӣ ба лашкар, маблағгузории ҳарбӣ ва роҳбарӣ ба ин корҳо масъул буд. Инчунин ғанимати ба дастомадаи ҷанговаронро ихтиёрдорӣ мекард.
Дар Афина оид ба молия коллегияҳо бисёр буданд. Як коллегияи 10-нафара роҳбарии хазинаи давлатиро ба уҳда дошт, коллегияи дигар ба рафти ба хазина воридшавии маблағро назорат мекард ва ғайра.
Расми 194. Сари Як коллегияи иборат аз 11 нафар боАфина. шад, тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла, назорати ҳолати зиндонҳо, иҷрои ҳукми қатл ва ҳукмҳои дигари додгоҳҳоро назорат мекард.
Шаҳрҳоро магистратҳо – мирҳои интихобӣ идора мекарданд. Дар ихтиёри онҳо амалдорони зиёде буданд, ки корҳои гуногуни нигаҳдориро иҷро менамуданд.
Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳо дар Афина ҳар сол то 700 одами мансабдорро интихоб мекарданд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Дар Афина киҳоро «шаҳрванд» меномиданд?
- «Демҳо» чӣ хел одамон буданд?
- Шаҳрвандони ҷавони Афина чӣ тавр тарбия карда мешуданд?
- Шаҳрвандони Афина дорои кадом ҳуқуқу вазифаҳо буданд?
- Маҷлиси халқии Афина аз киҳо иборат буд ва кадом вазифаҳоро иҷро мекард?.
- «Шӯрои 500» чӣ тавр интихоб мешуд ва кадом вазифаҳоро иҷро мекард?
- «Коллегия»-ҳо чӣ вазифаҳоро иҷро мекарданд?






















