Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи граждании ҶТ. Муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ

Ҳуқуқи гражданӣ (маданӣ)-и ҶТ ҳамчун соҳаи мустақили низоми ҳуқуқии ҶТ аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои молумулкӣ, шахсии ғайримолумулкии ба молу мулк вобаста ва муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии ба молу мулк новобастаро ба танзим медарорад. Аз ин бар меояд, ки мавзӯи танзими ҳуқуқи гражданиро муносибатҳои зерини ҷамъиятӣ ташкил менамоянд:

  1. Муносибатҳои молумулкӣ. Ба маънои васеъ ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятие, ки вобаста ба мазмуни моликият ба вуқуъ меоянд муносибатҳои молумулкӣ маҳсуб мегарданд. Мазмуни ҳуқуқ ба моликияти ҳар як соҳибмулкро ваколатҳои доштан (соҳибӣ намудан), истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ намудани он ташкил менамоянд. Яъне шахс танҳо дар он ҳолат соҳибмулки комилҳуқуқи моликият эътироф мегардад, ки агар вай дар як маврид аз ҳар сеи ин ваколатҳо бархурдор бошад. Масалан, шахс соҳиби афтомобил аст. Мазмуни ҳуқуқи моликиятии ин шахс нисбат ба афтомобилаш дар он зоҳир мегардад, ки нахуст вай ин моликиятро соҳибӣ менамояд. Сипас аз он истифода мекунад. Ваколати истифода бурдан маънои онро дорад, ки соҳибмулки афтомобил аз ҷиҳатҳои манфиатовари ин моликият истифода менамояд. Ихтиёрдории моликият бошад, маънои имконияти ҳалли тақдири моликиятро дорад. Яъне дар мисоли овардаи мо мазмуни ваколати ихтиёрдории афтомобил дар бегона намудани он яъне ба касе фурӯхтан ва ё ҳадя намудан, ифода меёбад.
  2. Муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии ба молу мулк вобаста. Ин гурӯҳи муносибатҳои ҷамъиятӣ бошанд, ба ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкии ба молу мулк вобастабуда робита дошта дар вобастагӣ ба онҳо ба вуҷуд меоянд, тағйир меёбанд ва ё қатъ мегарданд. Эҷоди асари бадеӣ, кашфиёти ягон навгонӣ, ихтироот ва ғ. ба зумраи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулқӣ дохиланд. Зеро онҳо ба шахсияти инсон таалуқ дошта арзишҳои ғайримоддӣ мебошанд. Вале, агар протсеси эҷоди асари бадеӣ ва кашфиёт характери ғайримоддӣ (абстрактӣ) дошта бошад ва ба муносибатҳои молу мулкӣ дахл накунад, пас натиҷаи он хусусияти молумулкӣ мегирад. Фарз кардем олиме барои давои дарди сил доруеро ихтироъ мекунад. Ин дастовард ҳамчун ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкӣ эътироф мешавад. Азбаски ин доруворӣ паҳн мешавад ва ба аҳолӣ фурухта хоҳад шуд, дар ниҳояти кор он ба молу мулк табдил меёбад. Маҳз ҳаминро ба инобат гирифта ин муносибатҳоро муносибатҳои шахсии ғайримолумулкие мегӯянд, ки ба молу мулки вобастаанд.
  3. Муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии ба молу мулк новобаста.

Ин гурӯҳи муносибатҳо бошанд, вобаста ба ҳуқуқҳои шахсии ғайри молумулкии ба молумулк новобаста ба миён меоянд. Чун қоида шаъну эътибори шахс, мартабаи корӣ ва ғ.-ро ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкии ба молу мулк новобаста меҳисобанд.

Ҳамаи муносибатҳои ҳуқуқӣ ва хосатан муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ аз се унсури таркибӣ иборат мебошанд: 1) субъект (иштирокчиён); 2) Объект; 3) Мазмун.

1) Ба сифати субъект ва ё ин, ки иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ шахсони воқеӣ (ҷисмонӣ), шахсони ҳуқуқӣ ва давлат баромад менамоянд. Ии иштирокчиён дар ҳолате узви комилҳуқуқи муносибатҳои ҷамъиятӣ маҳсуб мегарданд, ки агар лаёқати соҳибҳуқуқӣ дошта бошанд. Лаёқати соҳибҳуқуқӣ доштани қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амалкуниро ифода менамояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Қобилияти ҳуқуқдорӣ гуфта, имконияти соҳиби ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ буданро меноманд. Қобилияти ҳуқуқдории шахсонӣ ҷисмонӣ (шаҳрвандони ҶТ, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ) аз лаҳзаи таваллуд ба миён омада бо фаро расидани марг ба итмом мерасад. Қобилияти ҳуқуқдории шахсони ҳуқуқӣ (корхона муассиса ва ташкилотҳо) бошанд, баъди аз қайди давлатӣ гузаштанашон ба вуҷуд меояд.

Қобилияти амалкунӣ бошад, имконияти бо ҳаракатҳои худ ба даст даровардан ва барои худ ба вуҷуд овардани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандиро ифода менамояд. Яъне, шахс метавонад, ки қобилияти ҳуқуқдориро дар шакли ғайрифаъолӣ соҳиб гардад. Вале азбаски соҳаҳои фаъолияти инсон хеле зиёданд, талаботи вай гуногунанд, зарурияти қонеъсозии онҳо ба миён меояд. Дар ин маврид шахс бо тариқи ғайрифаъолӣ аз ӯҳдаи қонеъсозии онҳо баромада наметавонад. Аз ин хотир инсон тавассути истифодаи қобилияти амалкунӣ ҳар гуна аҳдҳо баста, ба муносибатҳои мухталифи ҷамъиятӣ ворид гашта, барои худ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандиро ба миён меорад. Масалан, шартномаи хариду фурӯши чакана баста соҳиби мол мегардад, шартномаи пудрат баста ба таъмири хонаи касе машғул мешавад ва ҳоказо.

Қонунгузории граждании ҶТ се навъи қобилияти амалкуниро ҷудо менамояд:

а) қобилияти амалкунии нопурра (аз синни 6 –солагӣ то 14 – солагӣ). Шахс дар ин фосилаи ҳаётӣ қарор дошта, танҳо аҳдҳои хурди маишӣ баста метавонад. Вай аз ҷумла метавонад, ки барои худ лавозимоти мактабӣ ба монанди дафтару китоб, қалам ва дафтар харидорӣ намояд. Кӯдаконе, ки қобилияти амалкунии нопурраро соҳибанд, ҳуқуқи бастани аҳдҳои калонҳаҷмро надоранд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки аз рӯи рафтор ва ҳаракатҳои ашхоси соҳиби қобилияти амалкунии нопурра волидайн ва намояндагони қонунии онҳо ҷавобгарии субсидиарӣ (иловагӣ) доранд. Яъне, агар аз ҳаракатҳои кӯдакони 6 то 14 сола касе зиёни моддӣ бинад, пас волидайн ва ё намояндаи қонунии онҳо вазифадор аст, ки ҷуброни пулии ин зиёнро ба ӯҳда гирад. Вобаста ба ҳолати ҳуқуқии ин гуна афрод дар моддаи 29 Кодекси Гражданӣ омадааст, ки ноболиғони аз шаш то чордаҳсола ҳуқуқи мустақилона бастани аҳдҳои зайлро доранд:

а) аҳди хурди маишӣ (харидани нон, китоб, қалам ва ғайра), ки ҳангоми бастан аз ҷониби худи онҳо анҷом дода мешаванд;

б) аҳде, ки барои бемузд ба даст овардани фоида равона гардида, тасдиқи нотариалӣ ё бақайдгирии давлатиро талаб намекунанд;

в) аҳдҳои ихтиёрдорӣ кардани маблағҳое, ки намояндаи қонунӣ ё бо розигии ӯ шахси сеюм барои мақсади муайян ё барои ихтиёрдории озодона додааст.

Аз рӯи аҳди ноболиғи ба синни чордаҳ нарасида, аз ҷумла аҳде, ки ӯ мустақилона анҷом додааст, масъулияти молу мулкиро волидайн, фарзандхондагон ва васиён бар дӯш доранд, агар исбот накунанд, ки ӯҳдадорӣ бо гуноҳи онҳо вайрон шудааст. Ин шахс ҳамчунин тибқи қонунгузорӣ барои зиёни расонидаи ноболиғон низ масъулият доранд.

б) қобилияти амалкунии маҳдуд (қисман) (аз синни 14 –солагӣ то 18-солагӣ). Дар ин фосилаи ҳаёт қарор дошта шахс аллакай имконияти бастани баъзе намуди аҳдҳои калонҳаҷмро дорад. Доир ба мақоми ин гуна ашхос дар моддаи 27 Кодекси Граждании ҶТ омадааст, ки Ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола бо ризояти хаттии намояндагони қонунии худ – волидайн, фарзандхондагон ва парасторон, аҳдҳои дигарро анҷом медиҳанд. Аҳдҳои анҷомдодаи чунин ноболиғон, инчунин баъди минбаъд онро хаттӣ маъқул донистани волидайн, фарзандхондагон ва парасторони ӯ боэътибор мебошанд.

Ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола ҳуқуқ доранд, ки бидуни ризоияти волидайн, фарзандхондагон ва парасторонашон:

а) музди меҳнат, стипендия ва даромади дигари қонунии худро мустақилона ихтиёрдорӣ намоянд;

б) ҳуқуқи муаллифи асари илмӣ, адабӣ ё санъат, ихтироъ ё маҳсули дигари қонунан ҳифзшавандаи натиxаи фаъолияти зеҳнии худро татбиқ намоянд;

в) мутобиқи қонун дар муассисаҳои кредитӣ амонат гузоранд ва онро ихтиёрдорӣ намоянд;

Ноболиғони ба синни шонздаҳсолагӣ расида ҳамчунин ҳуқуқ доранд, ки мутобиқи қонун дар бораи кооперативҳо узви кооператив бошанд.

Қобилияти пурраи амалкунии шаҳрванд аз синни 18-солагӣ ба миён меояд. Қобилияти амалкунии шахсони ҳуқуқӣ бошад мутаносибан ба лаҳзаи аз қайди давлатӣ гузаштанашон ба вуқуъ меояд.

Қонунгузор ҳамчунин ҳолатҳои маҳдуд намудани қобилияти амалкунӣ ва ғайриқобили амал донистани шахсро пешбинӣ намудааст.

Суд шаҳрвандеро, ки дар асари бемории рӯҳӣ ё камақлиаш аҳамияти амали худро дарк ё онро идора карда наметавонад, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ ғайри қобили амал эътироф карда метавонад. Ӯ таҳти васоят қарор дода мешавад. Аз номи шаҳрванде, ки ғайри қобили амал эътироф гардидааст, аҳдро васӣ ба иҷро мерасонад. Агар асосе, ки мутобиқи он шаҳрванд ғайри қобили амал эътироф гардида буд, аз миён бардошта шавад, суд ӯро қобили амал эътироф мекунад. Дар асоси қарори суд васояти барои ӯ муқарраргардида бекор карда мешавад.

Агар суд аризаи ғайри қобили амал эътироф кардани шахсро қонеъ нагардонад ва муқаррар гардад, ки талабот мусоҳилакорона арз шудааст, шахсе, ки бо чунин амал ба ӯ зиёни рӯҳӣ расонида шудааст, ҳақ дорад аз арзкунанда ҷуброни ин зиёнро талаб намояд.

Суд метавонад қобилияти амали шаҳрвандеро, ки дар асари сӯистеъмолии машрубот ё маводи нашъаовар худ ё оилаи худро дар вазъияти вазнини моддӣ қарор медиҳад, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ маҳдуд созад. Ӯ таҳти парасторӣ қарор дода мешавад.

Ӯ ҳуқуқ дорад мустақилона аҳдҳои хурди маишӣ бандад.

Барои анҷом додани аҳдҳои дигар, гирифтани музди меҳнат, нафақа ва даромади дигар ва сарф кардани он ӯ танҳо бо розигии парастор ҳуқуқ дорад. Вале чунин шаҳрванд барои аҳдҳои анҷомдода ва зиёни расонидааш мустақилона масъулияти молу мулкӣ дорад.

Агар асосҳое, ки мутобиқи онҳо қобилияти амали шаҳрванд маҳдуд гардида буд, аз миён бардошта шаванд, суд маҳдудияти қобилияти амали ӯро бекор мекунад. Дар асоси қарори суд парастории барои шаҳрванд муқарраргардида бекор карда мешавад.

Васояту парасторӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ғайри қобили амал ва қобилияти пурраи амал надошта муқаррар мегардад. Васояту парастории ноболиғон ҳамчунин бо мақсади тарбияи онҳо муқаррар карда мешавад. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои марбутаи васиёну парасторонро Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Васоят барои хурдсолон, инчунин шаҳрвандоне муқаррар карда мешавад, ки суд онҳоро дар натиҷаи бемории рӯҳӣ ё камақлиашон ғайри қобили амал эътироф намудааст.

Васиён мутобиқи қонун намояндагони шахси таҳти васояташон буда, аз номи онҳо ва ба манфиаташон тамоми аҳди заруриро анҷом медиҳанд.

Парасторӣ барои ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола, инчунин шаҳрвандоне муқаррар карда мешавад, ки суд қобилияти амали онҳоро бо сабаби сӯиистеъмолии машрубот ва маводи нашъаовар маҳдуд сохтааст.

Парасторон барои анҷоми он аҳдҳое розигӣ медиҳанд, ки шаҳрвандони таҳти парасторӣ қарордошта барои мустақилона анҷом додани онҳо ҳуқуқ надоранд.

Парасторон ба шахси таҳти парасторӣ барои татбиқи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдадориҳояшон мусоидат менамоянд, инчунин онҳоро аз сӯиистифодаи шахси сеюм (ғайр) ҳифз менамоянд.

Мақомоти васояту парасторӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд.

Ба сифати субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳамчунин шахсони юридикӣ баромад менамоянд. Тибқи моддаи 48 Кодекси граждании ҶТ ташкилоте шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад, ки дар моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии молу мулкро дошта, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.

Ба шахси ҳуқуқие, ки иштирокчиёнашон нисбати онҳо ҳуқуқи ӯҳдадорӣ доранд, инҳо дохил мешаванд: ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва матлубот.

Ба шахси ҳуқуқие, ки муассисони онҳо ба молу мулкашон ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқи дигари молу мулкӣ доранд, корхонаҳои воҳид, аз ҷумла корхонаҳои фаръӣ, инчунин муассисаҳое дохил мешаванд, ки аз ҷониби молик маблағгузорӣ мешаванд.

Ба шахси ҳуқуқие, ки муассисонашон (иштирокчиёнашон) нисбати онҳо ҳуқуқи молу мулкӣ надоранд, инҳо дохил мешаванд: ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ва динӣ; фондҳои хайрия ва фондҳои дигари ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои шахси ҳуқуқӣ (ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳо).

Дар маҷмӯъ ҳамаи шахсони ҳуқуқиро ба тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ҷудо менамоянд. Ташкилотҳое шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ буда метавонанд, ки ба даст овардани фоидаро мақсади асосии фаъолияти худ қарор додаанд. Шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ чунин мақсади ба даст овардани фоидаро надошта, фоидаро байни иштирокчиён тақсим намекунанд.

Шахси ҳуқуқие, ки ташкилотҳои тиҷоратӣ мебошанд, метавонанд дар шакли ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва коммуналӣ таъсис дода шаванд.

Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошанд, метавонанд дар шакли кооперативҳои матлубот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ё динӣ, муассисаҳои аз ҷониби молик маблағгузоришаванда, фондҳои хайрия ва фондҳои дигар, инчунин дар дигар шаклҳои пешбининамудаи қонун таъсис дода шаванд.

Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ танҳо ба қадре ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда метавонанд, ки барои мақсадҳои оинномавии онҳо зарур аст.

Шахси ҳуқуқӣ бояд мувофиқи тартибе, ки бо қонуни бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ муайян шудааст, ба қайди давлатӣ гирифта шавад. То соли 2009 бақайдгирии давлатиишахсони ҳуқуқӣ дар мақомоти адлия ба роҳ монда мешуд. Аз ин пас бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ дар мақомоти андоз сурат мегирад, ки ин тадбир ҷиҳати дастгирии давлатии соҳибкорӣ, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, рафъи монеаҳои нолозим ва ғ. ба анҷом расид. Маълумот дар бораи бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла бақайдгирии ташкилотҳои тиҷоратӣ, номи фирма ба феҳрасти ягонаи давлатии шахси ҳуқуқӣ дохил карда мешавад, ки барои шиносоии умум дастрас мебошад.

2) Объекти муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ. Объектҳои ҳуқуқи гражданӣ метавонанд неъматҳо ва ҳуқуқи молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкӣ бошанд.

 Ба неъмату ҳуқуқи молу мулкӣ (молу мулк) инҳо дохил мешаванд: чизу чора, пул, аз ҷумла асъори хориҷӣ, коғазҳои қиматнок, кору хизматҳо, иттилоот, амал, натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, номи фирма, тамғаи мол ва воситаҳои дигари фардикунонии маҳсулот, ҳуқуқи молу мулкӣ ва молу мулки дигар.

Ба неъмату ҳуқуқи шахсии ғайримолу мулкӣ инҳо дохил мешаванд: ҳаёт, саломатӣ, эътибори шахс, шаъну шараф, номи нек, шӯҳрати касбӣ, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, ҳуқуқи доштани ном, ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи дахлнопазирии асар ва неъмату ҳуқуқҳои дигари ғайримоддӣ.

3) Мазмуни муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ. Мазмуни муносибатҳои ҳуқуқи гражданиро ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиёни ин гуна муносибатҳо ташкил менамоянд.

Барои ба вуҷуд омадан, тағйир додан ва қатъи муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ як қатор омилҳо заруранд. Фактҳои ҳуқуқӣ гуфта асосҳои пайдоиш, тағйир ва қатъи муносибатҳои ҳуқуқи гражданиро меноманд.


Калидвожа: Асосҳои ҳуқуқи гражданӣ, хукуки граждани, ҳуқуқи гражданӣ, хукук, ҳуқуқ.


ҚаблӣҲамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ
БаъдӣМафҳум ва хелҳои аҳд