Мавзӯи 18. Тарбияи ҳуқуқӣ ва вазифаҳои он

Тарбияи хукуки ва вазифахои он. Тарбияи ҳуқуқӣ ва вазифаҳои он.


Нақша:

  1. Ҳуқуқ-меъёри танзимкунандаи муносибатҳои ҷамиятии одамон
  2. Мазмуни тарбияи ҳуқуқ дар раванди педагогӣ
  3. Ҳуқуқи мактабиён ва волидайни онҳо
  4. Ҳуқуқҳо ва вазифаҳои волидайн

1. Ҳуқуқ-меъёри танзимкунандаи муносибатҳои ҷамиятии одамон

Ҳуқуқ – маҷмӯи қоидаю қонунҳои аз тарафи давлат муқарраршуда ё ба тасвиб расидаро гӯянд. Ҳуқуқ муносибатҳои одамонро дар ҷомеа ба танзим меорад ва хусусияти синфӣ дорад.

Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои шаҳрвандони ҷомеаи демократӣ асоси ҳуқуқи шахсиятро дар ҷомеа муайян мекунад. Ҳуқуқи демократӣ шакли олии таърихии ҳуқуқ ба шумор меравад. Принсипҳои асосии он барҳам додани истисмори одам аз тарафи одам, баробарии ҳамаи шаҳрвандон, кафолати ҳуқуқу озодиҳои демократӣ, инсонпарастӣ ва адолат мебошад.

Ташаккули тарбияи ҳуқуқ ва рафтори ҳуқуқнигории насли наврас – қисми муҳими тарбияи шаҳрвандӣ аст. Инҷо гап дар бораи ташаккули ҳуқуқи давлати демократӣ меравад. Дар мактаб ба тарбияи эҳтироми қонун, маданият, демократизм, фаъолияти волои шаҳрвандӣ ва масъулиятҳискунӣ эътибори хоса дода мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Муфассал >>


2.Мазмуни тарбияи ҳуқуқ дар раванди педагогӣ

Мазмуни тарбияи ҳуқуқ дар раванди яклухти педагогӣ зимни назардошти синну сол сурат мегирад. Асосҳои ахлоқи тарбияи ҳуқуқ ҳангоми кӯдакии бармаҳал дар муносибати ахлоқии оила тибқи ҳавасмандонӣ ва боздории рафтори ахлоқӣ гузошта мешавад. Кӯдак ҳуқуқ ва вазифадории худро ҳамчун узви оила дарк мекунад: хоҳишмандӣ ва зарурат, имконпазир ва номатлуб, имконият ва манъ. Вай ҳамаи инро бо шири модар меҷаббад ва баъд бо шуури муайяни одаткардаи худ, бо талабот ва вазифадорӣ ба мактаб меояд.

Муфассал >>


3.Ҳуқуқи мактабиён ва волидайни онҳо

Натиҷаҳои мусбат додани тарбияи ҳуқуқ дар раванди яклухти педагогӣ аз чуқур фаҳмонидани ҳуқуқҳои адолатхоҳонаи давлати соҳибистиқлол иборат аст, ки онҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» 27 декабри 1993 баъди муҳокимаи умумхалқӣ зикр ёфтаанд:

  1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қаламрави он, сарфи назар аз аслу насаб, ҷинсият, забон, мансубияти нажодию миллӣ, вазъи иҷтимоию махсусиятҳои касбу кор, ҷои истиқомат, эътиқод, масҳаб ва муносибат ба дин хуқуқи таҳсил кафолат дода мешавад.
  2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, экстернат ва ғайра) ҳуқуқ доранд.

Муфассал >>


4. Ҳуқуқҳо ва вазифаҳои волидайн

Насли наврас тавассути роҳпаймоии аҳли оила дорои маълумоту касбу кори муайян мегарданд. Бинобар ин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» нисбати ҳуқуқҳо ва вазифаҳои волидайн ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, чунин ҳуқуқҳо дода шудаанд:

а) барои кӯдакони нобилиғашон муассисаҳои таълиму тарбиявиро интихоб кунанд;

б) дар кори мақомоти худидораи ҷамъиятии муассисаҳои таълимию тарбиявӣ иштирок намоянд;

Муфассал >>


Санҷиши контролӣ

  1. Мазмуни тарбияи ҳуқуқиро шарҳ диҳед?
  2. Тарбияи ҳуқуқ ва вазифаи он кадоҳоянд?
  3. ҳуқуқи мактабиён ва волидайни онҳоро шарҳ диҳед?

Адабиёт барои худомӯзӣ

  1. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе 2003.
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» Душанбе, 1994; 2004.
  3. Раҳимов Х., Нуров А., Педагогика. Душанбе, 2000.
  4. Юнусов И. Педагогика. Душанбе, 2005.
ҚаблӣШакл ва методҳои тарбияи ахлоқӣ
БаъдӣҲуқуқ-меъёри танзимкунандаи муносибатҳои ҷамиятии одамон