Воситаҳои идоракунии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар пешрафти ҷавонон

Воситахои идоракунии технологияхои иттилооти ва коммуникатсиони дар пешрафти чавонон


Дар асри XXI ТИК (технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ) ба абзорҳои муҳими ҳалли навоваронаи мушкилиҳои мавҷуда дар роҳи рушд табдил меёбанд. Аммо барои инкишофи пойдор лозим аст, ки чавонон ҳам аз ТИК истифода бурда тавонанд ва ҳам манфиати ТИК-ро барои кишвар ва минтақаашон дарк кунанд.

Чун имрӯзҳо ҷавонон мавқеи роҳбарикунандаро дар ҷомеа ишғол мекунанд ва нақши сиёсатгузориро дар қарорҳои калидии ҳукумат, илму маориф, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба худ мегиранд, дарку фаҳм ва қобилияти онҳо барои пайванд додан дар байни ТИК ва ҳадафҳои рушд ҳалкунанда хоҳад буд. Бар асоси чунин дурнамо, талабот ба эҷоди доираи асосии роҳбарон ва тасмимгирандагони оянда эҳсос мешавад. Онҳо бояд иқтидори ТИК- ро барои рушд (ТИКР) ҳамаҷониба дарк карда, худашон низ соҳиби маҳоратҳои даркорӣ барои ҷорӣ кардани имкониятҳои ТИК бошанд. ТИК дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон, аз он ҷумла дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором нақши муҳим дорад. ТИК барои аҳолии минтақа имконияту захираҳои нав фароҳам сохтаанд: ҳукумати электронӣ фарогирии хадамоти давлатиро васеъ мекунад; медиа (воситаи ахбори омма)-и ҷамъиятӣ ниёзҳои гурӯҳҳои ҷамъиятиеро инъикос менамояд, ки дар бештари маврид дар ҷудоӣ қарор доштанд; тавассути хадамоти электронии тандурустӣ кормандони тиббӣ ба ҷамоаҳои рустоӣ дастрасӣ пайдо мекунанд; омӯзиши бархатӣ (онлайн) дастрасии таҳсилотро барои шахсони аз доираи омӯзиши анъанавӣ берунафтода, таъмин месозад.

ТИК ба тавонбахшии ҷавонон нигаронида мешавад, зеро онҳо аз ҷумлаи дороиҳои пурарзиштарини ҷомеа ба шумор мераванд. Дар сурати дастгирӣ, онҳо метавонанд саҳми назаррас ба равандҳои инкишоф дошта бошанд. Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ (ТИК) ҷавонони имрӯзаро бо имкониятҳои беназир барои таъсири мусбат гузоштан дар дигаргуниҳои ҷомеа таъмин менамоянд.

Барои фаҳмидани нақши ТИК дар раванди рушде, ки ҳоло дар олам ҷараён дорад, таҳқиқ намудани мафҳумҳои мавҷудаи рушд ва омӯхтани нақши таърихии ТИК дар ин раванд ва сипас алоқаманд сохтани ТИК ба ҳадафҳои рушд зарур аст. Воситахои ташхиси идоракунии ин гуна технологияҳои иттилоотӣ коммуникатсионӣ (ТИК), ба ҷузъу унсурҳои гуногуни онҳо, хусусиятҳои онҳо, маҳдудиятҳои онҳо алокамандаст.

Воситахои ташхиси хадафҳои идоракунии рушди ТИК:

1. Пайваст кардани деҳаҳо тавассути ТИК ва таъсис додани нуқтаҳои дастрасии ҷамоаҳо;

2. Пайваст кардани донишгоҳҳо, коллеҷҳо, мактабҳои миёна ва мактабҳои ибтидоӣ тавассути ТИК;

3. Васл кардани марказҳои илмиву таҳқиқотӣ тавассути ТИК;

4. Васл кардани китобхонаҳои оммавӣ, марказҳои фарҳангӣ, осорхона, почтаҳо ва бойгониҳо тавассути ТИК;

5. Васл кардани марказҳои тандурустиву бемористонҳо тавассути ТИК;

6. Васл кардани ҳамаи шуъбаҳои маҳалливу марказии ҳукуматӣ ва таъсис додани вебсафҳаҳову нишониҳои почтаи электронӣ;

7. Мутобиқ кардани ҳамаи барномаҳои мактабҳои ибтидоиву миёна барои ҳалли мушкилиҳои ҷомеаи иттилоотӣ, бо дарназардошти шароити миллӣ;

8. Кафолати дастрасии аҳолии ҷаҳон ба хизматрасониҳои телевизиону радио;

9. Таҳияи мундариҷа ва шароити техникӣ барои воридсозӣ ва истифодабарии ҳамаи забонҳои ҷаҳон дар Интернет;

10. Кафолати дастрасии ТИК барои беш аз нисфи сокинони ҷаҳон дар ҳудуди дастрасии онҳо ё дар ҳудуди маҳали худ.

Ҷовид Алиев

ҚаблӣAмал – Хазинаи маърифат #2
БаъдӣАмонат – Хазинаи маърифат