Мазмуни тарбияи ҳуқуқ дар раванди педагогӣ

Мазмуни тарбияи хукук дар раванди педагоги. Мазмуни тарбияи ҳуқуқ дар раванди педагогӣ.


Мазмуни тарбияи ҳуқуқ дар раванди яклухти педагогӣ зимни назардошти синну сол сурат мегирад. Асосҳои ахлоқи тарбияи ҳуқуқ ҳангоми кӯдакии бармаҳал дар муносибати ахлоқии оила тибқи ҳавасмандонӣ ва боздории рафтори ахлоқӣ гузошта мешавад. Кӯдак ҳуқуқ ва вазифадории худро ҳамчун узви оила дарк мекунад: хоҳишмандӣ ва зарурат, имконпазир ва номатлуб, имконият ва манъ. Вай ҳамаи инро бо шири модар меҷаббад ва баъд бо шуури муайяни одаткардаи худ, бо талабот ва вазифадорӣ ба мактаб меояд.

Хонандагони хурдсол ва наврасон бештар «маълумоти ҳуқуқӣ» – и худро дар рафти корҳои ташкилкардаи ахлоқӣ – ҳуқуқӣ идома медаҳанд. Онҳо тавассути раванди таълим дар бораи давлат, рамзҳои он, ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрванд тасаввуроти умумӣ мегиранд. Дар тарбияи ҳисси маънавӣ – ҳуқуқии онҳо мусиқӣ, санъати тасвирӣ, ёд гирифтани суруди миллӣ, тасвири ҳаёти иҷтимоӣ дар суръатҳои нақши муҳим мебозад. Хонандагони ин синну сол дар муносибатҳои шаҳрвандӣ иштирок намуда, гоҳо дар ғафлат монда, талаботи нормаҳои ҳуқуқро вайрон мекунанд. ҳанӯз аз синни хурдӣ, наврасӣ ба онон пешгирии вайронкунии қонуни ахлоқӣ – ҳуқуқӣ зарурат дорад, фаҳмондани вазъият, вақте ки рафтори онҳо дар мавриди ҳуқуқвайронкунӣ, бахилӣ, эркагӣ, беинтизомӣ, бекорхӯҷагӣ дида мешавад, фавран бояд ислоҳ кард, вагарна онҳо метавонанд ба дигарон, ҳатто ҷомеа зарар расонанд. Ин ниҳоят муҳим аст, зеро ҳанӯз хонанда ҳисси ҷавобгарии юридикӣ надорад, таҷрибаҳои ҳуқуқдонӣ дар ӯ бидуни ҷазо ғун мешаванд.

Дар синни ҷавонӣ хонандагон муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқиро бо ёрии фанҳои таълимӣ амиқтар дарк мекардагӣ мешаванд. Онҳо ҷамъяитшиносӣ, этика ва психологияи ҳаёти оиладориро аз фанни «Одоби оиладорӣ», ки дар бобати ҳуқуқҳои оиладорӣ маълумот медиҳад, меомӯзанд. Тарбияи ҳуқуқи хонандагони синни калони мактабӣ бо он фарқ мекунад, ки онон ба муносибати ҳуқуқи шаҳрвандии воқеӣ бевосита иштирок мекунанд. Онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», бо Низомномаи мактаб шинос мешаванд. Онон амалан ҳуқуқ ва вазифадории худро тавассути системаи худидоракунӣ, ташкил ва музди кори меҳнати истеҳсолӣ, ташкили фароғат, муносибати байниҳамдигариро азхуд мекунанд. Хонандагони ин синну сол бо ҳаёти коллективҳои меҳнатӣ, ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои онон муаррифӣ мешаванд. Онҳо дар бораи фаъолияти амалии Шӯрои депутатҳои халқ, суд, милитсия шинос шуда, ба калонсолон нисбати маъракаи интихобот ёрӣ мерасонанд. Баъзе калонсолони мактабӣ, ки қонуншиканӣ намуда, таҷрибаи муносибати ҳуқуқии байниҳамдигариро инкор мекунанд, барои кирдорҳои ношоямашон ҷазоҳои гуногуни ислоҳшавӣ мегиранд. Ба мақсади пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии онҳо чораҳо меандешанд: ташкил намудани отряди дӯстони милитсия, ки ҳудуди муайянро потрулӣ мекунанд, хондани асарҳои ғаразонаи муфаттишӣ ва ғайраҳо. Дигар ин ки дар мо асарҳои пурмоҷарои баландғоя, ки диққати ҷавононро ба романтикаи дарки пурсиш мекашанд, бисёранд. Ба ғайр аз ин, асарҳои бадеии ҳақиқатан муфаттишии ҳамеша ба худ андешаҳои чуқури ҷамъиятидошта, кам нестанд. Аз онҳо нисбати ҳалли тарбияи марбут истифода бурдан низ аҳамияти хоса дорад.

Бояд гуфт, ки дар инкишофи ахлоқи шуурона ҳиссиёти ахлоқӣ замина мегузорад, инчунин дар ташаккули шууронагии ҳуқуқ азхудкунии мафҳумоти ҳуқуқ нақши бузург мебозад. Дар натиҷа хонандагони синфҳои боло тибқи чорабиниҳои номбурда нисбтаи ҳуқуқҳои гуногун донишҳои зарурӣ ҳосил мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Қисме аз кӯдакон, ки бо волидайни майзада ва нашъаманд зиндагӣ мекунанд бо нуқс таваллуд меёбанд: аз ҷиҳати инкишоф камбудии генетикӣ доранд. Онҳо, ҳамчун қоида, ба таъсири манфӣ бо осонӣ дода мешаванд, ҷиноятҳо содир мекунанд. Баъзеи онҳо, бо айби волидайн, аз ҷиҳати маъюбӣ ба хонаи бачагон, интернатҳои махсус ва колонияҳои ислоҳкунӣ меафтанд. Дар мактаб ин қабил кӯдакон бад намехонанд, дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, дар мавзӯъҳои ватндӯстӣ иншо менависанд, бо нутқ баромад мекунанд бо атрофиён нармона муомила менамоянд. Аммо гӯё ба манфиати худ тамоку мекашанд, машрубот менӯшанд, анвои нашъа ва моддаҳои заҳролуд қабул намуда, сипас ба бадгуфторию дилозорӣ мепардозанд, дар рафтор масъулият ҳис намекунанд. Ба онҳо муҳити одаткардаи рафтори ғайриахлоқӣ ба миён меояд, ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятсодиркунӣ даст мезананд. Дар шуури ин қабил кӯдакон меъёри талабот бо меъёри меҳнат дар омӯзиш, ҳастӣ ва истеҳсолот фаъолият намудан канда мешавад.

Асосан дар байни мактабиён сабабҳои ҷой доштани ҳуқувайронкуниҳо чандин мухолифат дорад. Агарчи онҳо, аз як тараф, талаботи ахлоқ ва ҳуқуқҳоро азхуд карда, онҳоро бечуну чаро иҷро кунанд ҳам, аз тарафи дигар, тибқи воситаи ахбори умум ва алоқа нисбати дағалона вайрон кардни нормаҳои ахлоқ ва ҳуқуқи одамон далелҳои зиёд фаҳмида дар шубҳа мемонанд. Ин ҳолат нисбати ба қонун ва нормаҳои ҳақиқии ҳуқуқи давлатӣ ба шуури онҳо харҷумараҷи нобоварӣ меорад.

Ноустуворӣ, мухталифии фаҳмиши ҳуқуқ ва рафтори наврасон ва ҷавонон сабаби ба корҳои ноҷӯя майл кардани онҳо мегардад. Наврас метавонад аз тарси гурӯҳи носолим, барои хоинӣ накардан, гуноҳи азим содир кунад. Бинобар ин бо онҳо системанок бурдани корҳои пешгирикунӣ ниҳоят зарур аст. Бояд бештар муҳити солими ахлоқи коллективҳо ҳамчун асоси намунаи ибрат ба онҳо баррасӣ карда шавад. Яке аз нишондодҳои муҳими пешгирикунии ҷиноятҳо дар алоқа будани хонандагон бо хонаи кӯдакони милитсия мебошад.

Мавзӯи пурра >> Тарбияи ҳуқуқӣ ва вазифаҳои он

ҚаблӣҲуқуқ-меъёри танзимкунандаи муносибатҳои ҷамиятии одамон
БаъдӣҲуқуқи мактабиён ва волидайни онҳо