Байтҳои панду ахлоқӣ аз Аттор

Дар ин мақола андарзҳо гирдоаврӣ шудаанд. Байтҳои зерин ба қалами Фаридуддин Аттори Нишопурӣ тааллуқ доранд.


Бандагӣ аз худшиносӣ шуд тамом,

Нест марди беадаб соҳибмақом.


Бирав, савдои беҳуда мапаймой!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Манеҳ берун зи ҳадди хештан пой!


Чун гуноҳи нақд омад дар вуҷуд,

Тавбаи нася надорад ҳеҷ суд.


Эй бародар, гар хирад дорӣ тамом,

Нарму ширин гуй бо мардум калом!


Ҳар кӣ бошад туршруй,

Дӯстон аз вай бигардонанд руй.


Ҳар кӣ ӯро маърифат хосил нашуд,

Ҳеч бар мақсуди худ восил нашуд.


Ҳар кӣ дорад донишу ақлу тамиз,

Ахли ақлу илмро дорад азиз.


Ҳар ҷо ки офтоб рахшон гардад,

Пайдо бошад, ки соя пинҳон гардад.


Ҳар кӣ аз душман набошад бархазар,

Оқибат бинад аз ӯ ранҷу зарар.


Хар кӣ по аз ҳадди худ бартар ниҳад,

Сар диҳад бар боду тан бар cap ниҳад.


Хеҷ касро дар ҷахони баҳру бар,

Аз қаноат нест мулке бештар.


Ҷумла торикист ин мехмонсарой,

Илм дар вай чун чароғи рахнамой.


Такя кам кун низ дар паҳлуи дар,

Бош доим аз чунин хислат бадар.


Ҷомаро бар тан нашояд духтан,

Бояд аз мардон адаб омухтан.


Байтхои панду ахлоки, шеърхои панду андарз, дубайтихои панду андарз, шеърхои тарбияи, бо забони точики, бо забони тоҷикӣ.

ҚаблӣПандномаи Аттори Нишопурӣ
БаъдӣҲикояҳои назмӣ (аз “Мантиқуттайр”и Аттор)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед