Объект ва субъекти ҳокимият

Муносибатҳо дар атрофи ҳокимият боиси ба вуҷуд омадани субъект ва объекти он мегардад. Муносибати субъект бо объект ҳукмронӣ ва тобеиятро ба вуҷуд оварда, иҷроиши амалеро, ки аз хоҳишҳои субъект вобаста аст, ташаккул медиҳад. Ҳокимият дар муносибатҳои байни одамон, гурӯҳи одамон, ҷомеа ва қисмҳои алоҳидаи он ба вуҷуд меояд. Ҳокимият ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ дар танҳоӣ ҳеҷ таъсире надорад, балки одамон онро истифода намуда, соҳибӣ мекунанд. Аз ин рӯ, дар ҷомеа ба вуҷуд омадани ҳукмронон ва тобеон ҳатмӣ мегардад. Бинобар ин, ҳокимият ҳамчун таъсиррасонӣ ва ҳамчун муносибат дар миёни одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, худи он ҳеҷ амалеро анҷом дода наметавонад. Балки онро одамон истифода намуда, барои ҳалли масъалаҳои мухталиф ва амалӣ намудани мақсадҳои худ сафарбар менамоянд. Аз ин рӯ, ибораҳои «ҳокимияти пул», «ҳокимияти идея», «ҳокимияти ашё» ва монанди инҳо мазмуни маҷозӣ дошта, дар ҳаёти ҳаррӯза ба тахайюлоти инсонӣ табдил ёфтааст. Ҳиссиёт, андеша, афкор ва маблағ ҳамчун объект шинохта нашуда, хоҳиши инсонро низ иҷро намекунанд. Балки ба воситаи онҳо вобастагии касе аз чизе ифода меёбад. Аз ин рӯ, хоҳиши инсон аз ҷониби дигарон иҷро карда шуда, асоси онро тарс, маблағ ва ё дигар омилҳо ташкил медиҳанд.

Ҳокимият дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ашёҳо, рамзҳо, ҳуҷҷатҳо, қонунҳо, дастурамалҳо, барномаҳо, аломатҳо ва монанди инҳо ифода меёбад. Ҳамзамон, дар ҷомеа муассисаҳои мухталифи сиёсие мавҷуданд, ки кормандони онҳо дар доираи ваколат ва салоҳиятҳои худ масъалаҳои сатҳашон гуногунро ҳал менамоянд. Дар амалияи сиёсӣ муассисаҳои мазкур метавонанд ба сифати субъекти ҳокимият баромад намоянд. Масалан, чунин ибораҳо, аз қабили «шӯро қарор кард», «ҳукумат қарор қабул намуд», «парлумон қонун қабул кард» ва монанди инҳо ҳарчанд аз ҷониби одамон анҷом дода шуда бошанд ҳам, аз номи муассисаҳо баромад менамоянд. Дар баробари ин, кам нестанд ҳолатҳое, ки дар он ҳам объект ва ҳам субъект дар як коллективи меҳнатӣ дида мешаванд. Инчунин, қариб дар ҳама ҳолатҳо шахс метавонад ҳам ба сифати объект ва ҳам ба сифати субъекти ҳокимият баромад намояд. Зеро, агар рафтори ӯ дар зери таъсири нафари дигар тағйир ёфта бошад ҳам, дар навбати худ, ӯ низ рафтори дигаронро метавонад тағйир диҳад.

Бинобар ин, шахсони алоҳида, ташкилотҳо, умумиятҳои гуногун, иттиҳоди давлатҳо ва ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонанд ба сифати субъекти ҳокимият баромад намоянд. Бо назардошти ин субъектҳои ҳокимиятро ба се гурӯҳи асосӣ тақсим намудан мумкин аст:

  • субъектҳои аввалиндараҷа: шахсони алоҳида;
  • субъектҳои дувумдараҷа: ташкилотҳои сиёсӣ;
  • субъектҳои дараҷаи олӣ: элитаи сиёсӣ ва сарварон.

 Одатан, субъектҳои ҳокимият бояд дорои чунин сифатҳо, аз қабили хоҳиши ҳукмронӣ намудан, иродаи сиёсӣ, бар дӯши худ гирифтани масъулият ва ҷавобгарӣ, касбият, қобилияти истифода бурда тавонистани манбаъҳо, обрӯмандӣ ва мустақилият бошанд. Баъзан рағбати ҳукмронӣ намудан бо он алоқаманд мегардад, ки ҳокимият барои ба даст овардани неъматҳои моддӣ барои инсонҳо роҳ мекушояд ва имкониятҳои моддии онҳоро васеъ мегардонад. Аз ҷумла, даромади барзиёд, афзалиятҳо, имтиёзҳо, алоқаҳои муфид ва монанди инҳо рағбати ҳукмрониро дар вуҷуди инсонҳо зиёд мегардонанд.

Субъектҳои асосии ҳокимияти сиёсиро ба таври зайл муайян намудан мумкин аст:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  • умумиятҳои иҷтимоӣ (халқиятҳо, миллатҳо, синфҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, гурӯҳҳои мазҳабӣ ва табақаҳои ҷамъиятӣ). Умумиятҳои мазкур ба ҳокимият таъсири бавосита доранд. Аммо дар шароити табаддулоти сиёсӣ ва беҳокимиятӣ ин умумиятҳо дар муддати хеле кӯтоҳ ҳокимияти сиёсиро бо роҳи шӯришу исён, инқилоб ва ҷангҳои шаҳрвандӣ дар дасти худ нигоҳ дошта, мақомоти ҳокимиятро аз поён ташаккул медиҳанд;
  • давлат (мақомоти иҷроия, қонунгузор ва судӣ);
  • ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои чамъиятӣ. Ҳизб ва ё ҳизбҳои ҳукмрон ба ҳокимияти сиёсӣ таъсири бевосита ва ҳизбҳои оппозитсионӣ таъсири бавосита мерасонанд. Дар як қатор мамлакатҳои дунё таъсири ҳизбҳои оппозитсионӣ ба воситаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ танзим карда мешавад;
  • элитаи ҳукмрон, бюрократия ва лоббистон (гурӯҳҳои фишоровар). Элитаи ҳукмрон ва бюрократия дар ҳар як ҷомеа дида мешавад ва онҳо ба ҳокимияти сиёсӣ таъсири амиқ мерасонанд. Лоббистон манфиатҳои қишрҳои гуногуни ҷомеаро ифода намуда, ба хотири ҳимояи онҳо ба ҳокимият таъсиргузорӣ менамоянд. Дар як қатор давлатҳои Ғарб лоббизм ба таври расмӣ эътироф гардида, фаъолиятҳои онҳо ба воситаи қонун танзим карда мешавад;
  • сарварии сиёсӣ;
  • ҳокимияти шахсӣ;
  • шаҳрвандони алоҳида дар шароити баргузории интихобот ва раъйпурсӣ;
  • издиҳом. Дар шароити ба вуҷуд омадани буҳрони сиёсӣ ва мавҷуд набудани неруҳои сиёсии муташаккил издиҳом ҳокимияти сиёсиро дар дасти худ нигоҳ дошта, низоми охлократияро ба вуҷуд меоварад.

Вазъи сиёсии ҷомеа аз муносибатҳои мутақобилаи байни субъектҳои ҳокимият вобаста мебошад. Аммо муносибатҳои субъекти ҳокимият бо объекти он мазмуни аслии ҳокимиятро ташкил медиҳанд. Зеро иродаи ҳукмрон ва тобеияти объект пояи аслии ин гуна муносибат мебошад. Тобеият ба монанди роҳбарӣ падидаи табиӣ мебошад ва он хосси инсоният аст. Бинобар ин, ҳокимият аз итоаткории аҳолӣ вобаста мебошад. Зеро, дар ҳолате ки ҳокимият талаботи ҷомеаро қонеъ карда натавонад, одамон ба ин тоқат карда метавонанд? Дар чунин шароит сифати объекти ҳокимияти сиёсӣ аз маданияти сиёсии аҳолӣ вобаста мегардад. Масалан, маданияти патриархалӣ ва фармонбардорӣ одати итоаткории аҳолиро ташаккул медиҳад ва одамон низ мехоҳанд дар партави ҳимояи «марди қавӣ» умр ба сар баранд. Маданияти сиёсии демократӣ шаҳрвандонеро ташаккул медиҳад, ки онҳо дар назди ватан ва давлат масъулият ҳис намуда, на ба шахсони алоҳида, балки ба қонунҳо итоат намуданро ихтиёр мекунанд.

 Ҳамин тариқ, субъекти ҳокимият шахс, гурӯҳи иҷтимоӣ ва ё институти сиёсие мебошад, ки бо истифода аз манбаъҳои ҳокимият рафтори объекти ҳокимиятро тағйир медиҳад. Объекти ҳокимият шахс, гурӯҳи иҷтимоӣ ва ё институти сиёсие мебошад, ки дар зери таъсири субъекти ҳокимият қарор гирифта, рафтори худро бо розигии худ тағйир медиҳад.

ҚаблӣҲокимият ва сиёсат
БаъдӣВазифаҳои ҳокимият