Табрикот барои зодрузи падар (зодруз муборак падар)

Падар эй чароғи хона! Марди дарё, марди дилҳо

Бо ту зиндагӣ боғе ҳаст,бе ту сарду зиндон.

Ҳарчӣ дорам аз ту дорам, туӣ баҳори орзуҳо.

Ҳанузам агар аз дастам нагирӣ, меафтам аз по…

Падар таваллудат муборак!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Падар, ман ки падар шудаам, медонам чи ранҷҳое барои ман кашидаӣ,

Ман медонам, ки бо чӣ сахтиҳое ниёзҳои маро бартараф кардаӣ.

Падар қасам ба тамоми рӯзҳои сарду гарме, ки бароям заҳмат кашидӣ,

Дӯстат дорам ва хаёлат бароям такягоҳе аст.

Зодрузат муборак!


Ба поси фидокориҳои бечашмдоштат, ба поси ҳамаи дардҳову ранҷҳое, ки ба танҳои бар дӯш кашидиву ишқи бузургат, ки арзониям буд, барои ту менависам. Барои ту, ки солҳои ҷавоният дар обилаи дастонат пинҳон шудааст ва бар лабҳоят мӯҳри сукут хӯрдааст. Дастонатро бар рӯям бикаш, мехоҳам зери онро ламс кунам то шояд ӯ бигӯяд, ки чӣ қадар бароям заҳмат кашидаӣ. Падар то ҳол ҳар чӣ доштаам аз ту будааст, барои доштаҳои дирӯзу имрӯз аз ту муташаккирам. Таваллудат Муборак ва Рӯзат Гиромӣ бод Падар!


Зеботарин вожа бар лаби одамӣ вожаи падар аст, Зеботарин хитоб “падарҷон” падар вожае аст саршор аз умеду ишқ. Вожаи ширину меҳрубоне, ки аз самими ҷон бар меояд. Падари азизам Таваллудат муборак!


Падарҷон, нигоҳи меҳрубону садои дилнишинат ҳамеша марҳами дили ман дар ин ғурбат аст, бидон ки барои ман беҳтаринӣ. Таваллудат муборак бод!

табрикот барои зодрузи падар, зодруз муборак падарчон


Дар осмони обии дилам, ҷое барои абрҳо нест. Падарам! Дуъоям кун,  ки бо дуъоят, дилам хонаи дардҳо нест. Азизтарин азизонам, милодат муборак!


Ба дунболи Қашангтарин вожвҳову калимаҳо мегардам аммо ҳеҷ калимаву вожае наметавонад азамати ҳузури туро дар зиндагии ман васф кунад. Фақат мегӯям «Дӯстат дорам» Зодрӯзат муборак!


Падарам, тоҷи сарам, ту эътибори манӣ, ту такягоҳи манӣ. Бидуни туву муҳаббатҳои бепоёни ту ҳеҷам. Уммедворам битавонам фарзанди хубе барои Шумо бошам. Беҳтарин падари дунё, Зодрӯзат муборак!


Падари Меҳрубону хубам аз заҳмате, ки дар ин солҳо барои ман кашиди сипосгузорам, ва аз Худо мехоҳам сояи меҳрубонат то абад бар сарамон бимонад. Таваллудат Муборак!


Падар, ту тапиши қалби хонаӣ; Вақте ҳар субҳ, бо тулӯи Ишқ аз хона берун меравӣ ва бо кашиши ишқ, дубора боз мегардӣ. Туро ба ман Ҳадя доданду ман имрӯз, тамоми ҳастиямро ба ту ҳадя хоҳам кард; Агар бипазирӣ… Зодрӯзат Муборак Падарҷон!

табрикот барои зодрузи падар, зодруз муборак падарчон


Падарам роҳи тамоми зиндагист, падарам дилхушии ҳамешагист. Таваллудат Муборак Падарҷон!


Падари азизам, рӯзи милодатро бароят табрик мегӯям ва самимона бар дастони пуробилаат бӯса мезанам.


Падар бишнав ин ҳарфи Фарзанди хеш,

Азизу гиромиву дилбанди хеш.

Туи мояи буду пайдоишам,

Канорат ба нозу ба осоишам.

Падар такягоҳи вуҷуди манӣ,

Ту сармояи ҳастиву буди манӣ.

Падари азизам Таваллудат муборак!


падар табрикот, зодрузи падар табрикот, табрикот барои падар, табрикот бо зодруз, картинка табрикот, табрикот барои зодрузи падар, табрикот скачать, зодруз муборак падарчон табрикот, табрикот рузи зодруз, таваллудат муборак падарчон, зодрӯз муборак падарҷон, табрикот барои зодрӯзи падар, зодрӯзат муборак падарҷон.

ҚаблӣИстеҳсолоти ҷамъиятӣ, моҳият ва шаклҳои он
БаъдӣМасоили маҳдудияти захираҳо ва талаби беинтиҳои инсон