Муносибатҳои меҳнатӣ дар фирма

Мувофиқи қонунгузориҳо корхона барои риоя кардани манфиати ҷомеаву шаҳрвандон, қонунҳову ҳифзи муҳити атроф, афзун гардондани боигарии корхонаю сарвати ҷамъият, баланд бардоштани самараи истеҳсолот ва оқилона истифода кардани захираҳои маҳдуди ҷомеа ҷавобгар мебошад.

Масъулият ва ҷавобгарии корхона ҳамчун ӯҳдадории корхона (нисбат ба коллектив, рақибон, ҷомеа, давлат…) зуҳур меёбад. Фаъолияти корхона набояд шароити мӯътадили кори дигар корхонаҳоро халалдор намояд, ҳаёти шаҳрвандонро озурдаю табоҳ гардонад. Давлат ба ӯҳдадориҳои корхона ва корхона ба ӯҳдадориҳои давлат ва ташкилотҳои болоӣ ҷавобгар намебошад. Масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, баҳсу мунозира, муносибатҳои меҳнатӣ, шартномаю қарордодҳо (контрактҳо ва ғайра) мустақиман бо иштироки коллективҳои меҳнатӣ, иттифоқи касаба ва маъмурият ҳаллу фасл карда мешаванд.

Коллективҳои меҳнатӣ, ҳамчун гурӯҳи одамон, ки дорои қобилияти меҳнатианд ва дар фаъолияти корхонаҳо (субъектҳои иқтисодӣ) саҳмгузоранд ташкил карда мешаванд.

Вазифаи асосии коллективҳои меҳнатӣ, бо харҷи кам истеҳсол намудани молу хадамот, гирифтани даромад, таъмин намудани дараҷаи баланди даромаднокии корхона, манфиати коргарон мебошад.

Ба зиммаи коллективҳои меҳнатӣ таҳияи нақшҳои кори корхона, ташкили кор, таҷдиди техникаю технология, ҳаллу фасли шартномаҳо, хариду фурӯши саҳмияҳо, воситаҳои истеҳ-солот (ғайридавлатӣ ва хусусигардонии онҳо), иштирок кардан дар идораи корхона, беҳтар кардани шароити иҷтимоӣ, истироҳат, маишат, интизоми меҳнат ва ғайра гузошта мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Коллективҳои меҳнатӣ, нақш ва мақоми он тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Коллективҳои меҳнатӣ” муайян карда мешавад. Онҳо бо якҷоягӣ бо иттифоқи касаба дар аҳду паймони шартномаҳо ва қарордодҳо бо мудирият иштирок мекунанд.

Дар таҷрибаи давлатҳои инкишофёфтаи Ғарб, бо таври васеъ бастани шартномаҳои коллективӣ истифода карда мешавад. Шартномаҳои коллективӣ, ҳамчун амалиёти ҳуқуқӣ оиди танзими муносибатҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, профессионалии байни корфармову коргар дар фирмаву муассисаҳо ва ташкилотҳо сурат мегирад.

Дар он ӯҳдадориҳои дутарафа оиди низоми ҳосилнокии меҳнат шакл ва меъёри он, ёрдампулию имтиёзҳо, иловапулӣ, механизми танзими нарх ҳангоми пасту баланд шудани таваррум, давомнокии рӯзи кор, вақти истироҳат, рухсатӣ, суғуртаи тиббӣ ва иҷтимоӣ ва ғайра инъикос карда мешавад.

Шартномаҳои коллективӣ ба мӯҳлати аз 1 то 3 сол, бо таври ихтиёрӣ тартиб дода мешавад. Он тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Шартномаи коллективӣ” муайян карда мешавад.

Аксар вақт шартномаҳои байни коллективу маъмурият дар шакли қарордодҳо (контрактҳо) ба роҳ монда мешавад. Қарордод ҳуҷҷати ҳуқуқие мебошад, ки байни коргару соҳиби корхона тибқи қоидаҳои умумии дар корхона амалкунанда баста мешавад. Дар он ӯҳдадориҳои дутарафа оиди иҷрои кор, интизом, ҳаҷми умумии кору музди он ва ғайра нишон дода мешавад. Он ба мӯҳлати аз 1 то 3 ва аз он зиёдтар тартиб дода мешавад. Қарордодҳо, асосан тибқи аттестатсияҳо сурат мегирад.

Новобаста ба мавҷуд будани норма ва меъёрҳои муайянкунандаи ҳадду ҳудуди шартномаҳо(қарордодҳо)-и коллективӣ, онҳо дар доираи ҳар як фирма, тибқи хусусиятҳои инфиродии ҳар яке аз онҳо, мушаххасан таҳия карда мешаванд. Қарордодҳо тибқи ақидаи Макконнелл К.Р. ва Брю С.Л. чаҳор ҳавзаи асосиро дар бар мегирад: 1) ҳамчун расмият шинохтан ва эътироф кардани нақш ва мақоми иттифоқи касаба аз ҷониби маъмурият; 2) ҳаҷми музди кор ва давомнокии рӯзи кор; 3) стажи кор ва кафолати кор; 4) тарз ва услуби ҳаллу фасли баҳсу мунозираҳои меҳнатӣ.

Ҳамчун расмият шинохтани иттифоқи касаба аз ҷониби мудирият бо роҳҳои зерин: қабул кардани коргароне, ки фақат аъзои иттифоқи касаба бошанд; касоне, ки аъзо набошанд дар як мӯҳлати муайян ба аъзогӣ дохил шаванд –  амалӣ гардонда мешавад.

Дар амалия корхонаҳое, низ дучор мегарданд, ки бидуни иттифоқи касаба фаъолият мекунанд ё худ ҳангоми фаъолият ғайр аз аъзоёни иттифоқи касаба, шахсони ба он аъзо набударо низ ба кор қабул мекунанд. Маъмурият кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки масъалаҳои умдаи фирма: ташкил ва истифодаи таҷҳизот, захира, материал, интизом, қабул ва аз кор пеш кардани соҳибихтисосон, баланд бардоштани ихтисоснокӣ ва ғайраро мустақил ҳал намояд ва дар ин раванд ҳамкории коллективро истифода намояд.

Ҳаҷми музди кор ва давомнокии рӯзи кор яке аз нишон-диҳандаҳои муҳимтарине мебошанд, ки коллективҳои меҳнатӣ ҳаллу фасли онро ба ӯҳдаи худ мегиранд. Охирон, дар чорчӯбаи меъёрҳои зерин: ҳаҷми музди кор ва дар дигар ҷойҳо; мавҷуд будани сарчашмаю имконияти пардохти он; арзиши ҳаёт, ҳо-силнокӣ ва ғайра ба амал бароварда мешавад. Баробари ин набудани кафолат барои ҷои кор ва шуғли доимӣ водор менамояд, ки коргарон муттаҳид шаванд ва барои ояндаи худ таҳти сарбаладии иттифоқи касаба муборизаи худро қавитар гардонанд.


Муносибатхои мехнати дар фирма, Коллективхои мехнати

ҚаблӣФирма ҳамчун шахсияти ҳуқуқӣ
БаъдӣТафриқасозии корхонаҳо ва меъёри онҳо