Тарбияи ҷисмонии халқи тоҷик дар давраи то инқилоби октябр (соли 1917)

Тарбияи ҷисмонии халқи тоҷик дар давраи то инқилоби октябр (соли 1917). Тарбияи чисмонии халки точик дар давраи то инкилоби октябр.


Халқи тоҷик асрҳо шаклҳо, воситаҳо ва усулҳои қадимаи халқии варзишро такмил медод, доимо онро илова ва бою ғанӣ мегардонд. Омӯзиши шаклҳои халқии тарбияи ҷисмонӣ нишон медиҳад, ки он дар алоқаи ногусастанӣ бо фаъолияти меҳнатии халқ ва талаботҳои худмуҳофизатӣ, машғул будан ба меҳнати осоишта, дифоъ ва муҳориба бо душмани осиб инкишоф ва такмил меёфт.

Ба хусусият, мазмун ва шаклҳои тарбияи ҷисмонии халқи тоҷик муҳит, шароити маишӣ, иқлимию ҷуғрофии маҳал ва ғайра таъсир расондааст.

То Инқилоби октябр (соли 1917) дар ҳудуди Тоҷикистон тарбияи ҷисмонии муташаккил дар байни оммаи васеи халқ мавҷуд набуд. Танҳо мардуми сарватманд имкон дошт, ки барои ба бачаҳои худ омӯзондани аспсаворӣ, тирпаронӣ аз камон, гӯштингирӣ, шатранҷбозӣ ва ғайра мураббиёнро киробикунад.

Тоҷикон бо шуҷоату матонат, боқувватӣ ва ҷанговарӣ дар байни халқҳои дигар, ҳатто дар давраҳои қадим ҳам маъруфияти бузург касб карда буданд. Инро нависандагони гузаштаи форс, араб ва халқҳои дигар зикр намудаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аммо нобаробарии иҷтимоӣ, ки дар шароити сохти феодалӣ пурзӯр гардида буд, инчунин вазъи бениҳоят душвор ва беҳуқуқии оммаи меҳнаткаш ба инкишофи васеи навъҳои варзиши мардумӣ монеъ мешуд.

Бо вуҷуди беҳуқуқӣ, зулми иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз байни халқи заҳматкаш ҳам аспсаворони олӣ, паҳлавонон, камонварони моҳир мебаромаданд. Дуруст аст, ки фақат ба баъзеи онҳо нишон додани истеъдодҳои варзишии худ муяссар мегардид.

Тарбияи ҷисмонии халқ дар ҷараёни фаъолияти меҳнатии ӯ амалӣ мегашт. Аз синни 13-14-солагӣ сар карда, деҳқони наврас ба ёрдамчии падар табдил меёфт ва дар 16-солагӣ озодона корҳоро идора мекард, истифодаи табар, дос ва ғайраро ёд мегирифт.

Барои машғулиятҳои махсуси бачаҳо вақти кам мемонд, ки ба инкишофи ҳаматарафаи ҷисмонии онҳо мусоидат намекард. Вале барои омода шудан ба мусобиқаҳои одии қуввасанҷӣ ва чусту чолокӣ имконият фаро амҳ меовард.

Дар байни мардум чунин намудҳои варзиш ба мисли тирпаронӣ аз камон, гӯштингирӣ, сангпартоӣ, ҷаҳидан, гузаштан аз монеаҳои мухталифи табиӣ, шамшербозӣ, баромадан ба баландиҳои кӯҳ, шикор, шиноварӣ, бозиҳо, рақсҳо, муҳорибаҳои гуногуни тан ба тан густариши васеъ ёфтабуд.

Аз қадимулайём тоҷикон бозиҳои серҳаракатро васеъ истифода мебаранд. Дар байни бачаҳо бозиҳои мавсимӣ машҳур буд: «Давр задани рӯймол», «Тӯбро ба чуқурӣ бирасон», «Бандкашӣ», «Чиллакбозӣ», «Ҷаҳиш» ва ғайра. Мусобиқаҳои халқӣ чун аспдавонӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ барои фароғати варзишии мардум хизмат мекарданд.

ҚаблӣАз одамони бузург омӯзед – тарбияи ҷисмонӣ
БаъдӣБозиҳои олимпии қадим