Мазмуни иқтисодӣ ва аҳамияти сиёсати молиявӣ

Фаъолияти сиёсии давлат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳаёти молиявӣ таҷассум меёбад. Дар адабиёти иқтисодӣ мафҳумҳои гуногуни сиёсати молиявӣ ҷой доранд. Як гуруҳ муаллифон сиёсати молиявиро ҳамчун маҷмӯи чорабиниҳои давлатии истифодабарии муно­сибатҳои молиявӣ барои вазифаҳои худро иҷро намудани давлат маънидод менамоянд[1]. Чунин тарзи маънидодкунии сиёсати молиявӣ бегуфтугӯ ихтилофи манфиатҳои мақомоти давлатӣ, сохторҳои худидоракунии маҳаллӣ бо субъектҳои дигари низоми молиявӣ, пеш аз ҳама субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолии мамлакат мебошад. Барои мисол, аксари мутахассисони соҳаи назария ва амалия бесамаранок будани низоми андози дар 15-16 соли охир ҷой доштаро исбот намуданд. Вале ба ин нигоҳ пакарда он муддатҳои дароз бедигаргунӣ монд. Ислоҳоти андоз, ки ҳоло гузаронида шуд, дар асл моҳияти онро дигар накард. Дар ин ҳолат сиё­сати молиявии давлат ба сиёсати молиявии гурӯҳи шахсони алоҳида (мансабдорони давлатӣ), ки муташакилона сиёса­ти мақомоти алоҳидаи давлатиро ба ҳаёт тадбиқ менамо­янд, табдил ёфгааст. Мисоли дигар, агар дар мамлакатҳои рушдёфта музди ақали меҳнат ба ҳаҷми ақали рузгузаронӣ вобаста шуда бошад, пас дар Тоҷикистон ҳақми ақали музди меҳнат асосан ҳамчун меъёри ҳадди ақали музди меҳнат муқаррар шудаасту, лекин хеҷ гоҳ бо ҳаҷми акалли рузгузаронии мардум вобастагӣ надорад. Худбартарафшавии дав­лат аз сиёсати молиявии муҳим чун танзими сатҳи музди меҳнати байни категорияҳои меҳнати кирояи пастпардохт ва баландпардохт сабаби он гардид, ки қисми зиёди аҳолӣ дар сатҳи камбизоатӣ монданд.

Гурӯҳи дигари муаллифон сиёсати молиявиро ҳамчун як қисми сиёсати иқтисодии давлат маънидод менамоянд, ки он ҳамчун маҷмӯи механизми буҷету андоз, нарх қарз, муомилоти пулӣ, муносибатҳои қарзӣ ва монанди инҳо ме­бошад. Инҳо институтҳои молиявианд, ки тибқи  қонунгузорӣ дорандаи ваколат оид ба ташаккул ва истифодабарии захираҳои молиявии давлат мебошанд[2]. Мувофиқи мафҳуми овардашуда моҳияти худи сиёсати молиявӣ аён нашуда, балки механизм, асбоби амалигардии он маънидод карда мешавад. Гап дар он, ки механизми молиявӣ танҳо он қисми сиёсати молиявӣ мебошад, ки бо ёрии он идоракунии бевоситаи молия сурат мегирад.

Инчунин хонед –>>

Зарурият ва моҳияти молия. Молия чист?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба назари мо, сиёсати молиявӣ ин соҳаи мустақили фаъолияти давлат вобаста ба муносибатҳои молиявӣ ме­бошад. Он маҷмӯи шакл, усул ва асбобҳои танзими таъсирбахш ба ҷараёни иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.

Мазмуни сиёсати молиявиро маҷмӯи чорабиноҳо оид ба таҳияи назарияи умумии сиёсати молиявӣ, муайян намудани самтҳои асосӣ, мақсад ва вазифаҳои он, бунёди механизми мо­лиявии комилан мувофиқ, идоракунии фаъолияти молиявии давлат ва субъектҳои иқтисодӣ ташкил медиҳанд. Инкишофи давлат бо дигаргуншавии сиёсати молиявӣ алоқаманд аст. Дар амалия се шакли сиёсати молиявӣ мавҷуд аст:

  • Классики.
  • Танзимкунанда.
  • Нақшавию директивӣ.

То солҳои 20-уми асри гузашта шакли асосии сиёсати моли­явӣ шакли классикии он буд. Маъное ки асосии он дахолат накардани давлат ба иқтисодиёт, нигоҳдории рақобати озод, истифодабарии механизми бозорӣ (нарх асъор ва ғайра.) буд. Идоракунии молия аз ҷониби як мақомот Вазорати молия сурат мегирифт. Суръати баланди афзоиши қувваҳои истеҳсолкунанда дар назди давлат зарурияти дигаргунсозии сиёсати молиявиро гузошт. Дар ин давра дар давлатҳои Ғарб сиёсати молиявии танзимшаванда истифода бурда мешуд. Ин шакл аз дахолат кардани дав­лат ба иқтисодиёт,  бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ, хифзи иҷтимоии онҳо иборат буд. Дар Иттиҳоди Шуравӣ, ки шакли идоракунии муттамарказро дошт, касри буҷетро худи давлат руйпуш мекард, баъзе маҳсулоти истеҳсолшуда аз арзиши аслиаш пасттар фухрухта мешуд. Оқибат, ин сиёсати молиявӣ яке аз сабабҳои барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ гардид. Ба дав­латҳои навташкили собиқ шуравӣ зарур омад, ки низоми молиявиии худро ба иқтисоди бозорӣ нигаронидашуда иваз намоянд.

Баъд аз ба даст овардани мустақилият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сиёсати молиявии нав эълон гардид, ки он ба истифодабарии унсурҳои механизми бозорӣ такя менамояд.

Сиёсати молиявӣ мазмуну мундариҷаи мураккаб дошта, як қатор чорабиниҳоро ба мисли омузиш, таҳлил ва вобаста ба натиҷаи муайяншуда роҳу равиш ва чораи мушаххас андешидаро дарбар мегирад.

Мақсади асосии сиёсати молиявӣ таъмини мавҷудият ва ба даст овардани натиҷаи дилхоҳи молияви дар олами пуррақобати иқтисодӣ мебошад. Барои дурнамои молиявии соҳибкориро муайян намудан ва ба рушду инкишофи он хусусияти динамикӣ додан андешидани амалиётҳои натиҷадиҳандаи зерин заруранд:

  • омузиши қонунҳои иқтисодӣ ва арзёбии талаботи онҳо -таҳлили ҳолати иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ ва муайян намудани тамоюли тағйирёбии раванди инқилоби илмию техникӣ оид ба доираи шуғл, ки қобилияти истеъмолӣ ва сатҳи қонеъгардонии талаботҳои аъзои ҷамъиятро ифода менамояд;
  • муайян намудани сабабҳои тағйирёбии таозою арза дар бозор ва таъсири он ба инкишофу истифодаи молия ва дар ҳамин замина муайян намудани мақсаду вазифаи асо­сии молия, вобаста ба силсилаи такрористеҳсол муайян кардани қурби пул дар дохили мамлакат ва вобаста ба он истифода бурдани механизмҳои молиявии ба ин ҳолат ҷавобгӯ ва ғайра.

Сиёсати молиявӣ дар асосӣ таҳлили вазъи воқеии иқтисодиёт ва ояндабинии фаъолияти соҳибкорӣ бунёд мегардад. Сиёсати молиявӣ дар шароити бозор яке аз ҷузъҳои зарурии фароҳам овардани муайянию ояндабинии доираи соҳибкорӣ новобаста аз сатҳи шуғл мебошад. Соҳибкории дурандешона бо таваккали ҳадди ақал он гоҳ зиддиятҳои бозориро баратараф карда, натиҷаи дилхоҳи молиявӣ дода метавонад, агар бо нақшаи аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда ояндабинӣ шуда бо­шад. Сиёсати молиявии аз ҷиҳати илмӣ асоснок таҳияшуда ба соҳибкор на танҳо имконияти таъмин намудани қобилияти ҳисоббаробаркунию пардохтпазирӣ, балки гирифтани фоидаю рушди иқтисодиро фароҳам меоварад.

Механизми молиявӣ дорои сохти таркибии худ буда, ҳам­чун воситаи дар амал татбиқ намудани сиёсати молиявӣ хизмат мекунад. Сохти таркибии механизми молиявӣ аз чузъҳои алоҳидаи ба ҳам алоқаманд иборат буда, унсурҳои зиёд аз ҷумла, усулҳои молиявӣ, фишангҳои молиявӣ, таъминоти ҳуқуқӣ, таъминоти меъёрӣ ва таъминоти иттилоотиро дарбар мегирад.

Усулҳои молиявӣ ҳамчун ҷузъи таркибии механизми молиявӣ, ки истифодаи онҳо имконияти амалисозии сиёсати молиявиро таъмин менамояд аз ба нақшагирӣ, сармоягузорӣ, қарздиҳӣ, худмаблағгузорӣ, ояндабинӣ, дастгирӣ, тарзҳои ҳисоббаробаркуии, суғурта, амалиёти трастӣ ва ғайра иборатанд.

Фишангҳои молиявӣ ҳамчун қисми таркибии механизмҳои молиявӣ инҳоянд: даромад, фоида, зарар, муҷозоти молиявӣ, нарх иҷорапулӣ,  дивиденд, меъёрҳои фоиз, ҳисса ва фишангҳои дигаре, ки дар андешидани сиёсати молиявӣ нақши сазоворро иҷро мекунанд.

Қисми алоҳидаи механизми молиявиро таъминоти ҳуқуқӣ ташкил медиҳад, ки он аз қонунҳои қабулшуда, фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумат, фармоишогӯ дастурамалҳои вазорату ташкилотҳо, оинномаи шахсони ҳуқуқӣ ва ғайра иборат мебошад.

Механизми молиявӣ он гоҳ сиёсати молиявиро амалӣ сохта метавонад, ки агар аз таъминоти меъёрӣ баҳрабардорӣ намуда бошад. Меъёрҳои молиявӣ бо ёрии дастурамалҳо, меъёрҳо, нишондодҳои методию дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба истифодабарӣ пешниҳод мегарданд.

Яке аз қисмҳои асосии механизми молиявӣ таъминоти иттилоотии сиёсати молиявӣ мебошад, ки иттилооти зеринро дарбар мегирад: иттилооти иқтисодӣ, оморӣ, молиявӣ ва ғайра. Иттилооте ки барои тартиб додану муайян намудани сиёсати молиявии соҳибкорӣ заруранд, ба дохилиистеҳсолӣ ва беруна ҷудо мешаванд. Мененҷери молиявӣ агар як қисми иттилооти дохили истеҳсолиро аз шуъбаи маркетингу мененҷерӣ гирад, қисми дигари иттилоотро, ки беруна аст, дар асосӣ омузишу таҳлил ба даст меорад. Иттилооти воқеии дастрас гардида асосӣ қабули қарори дурусти молиявӣ мебо­шад.

Сиёсати молиявӣ вобаста ба фарогирии вақт ба сиёсати молиявии ҷорӣ ва дурнамо  ҷудо мешавад.

Вобаста ба муҳлат, ҳаҷм, мақом ва вазифаҳое, ки сиёсати молиявӣ иҷро менамояд, стратегия ва тактикаи молиявиро аз ҳам фарқ мекунанд.

Ба ғайр аз механизмҳои молиявӣ стратегия ва тактика ду паҳлуи ба ҳам алоқаманд гардонии сиёсати молиявӣ мебошад. Стратегия ва тактика дар иқтисодиёт танҳо дар якҷоягӣ вуҷуд дошта метавоананд. Страгегияи молиявӣ сиёсати дарозмуддатест, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳиму бузурги дар пешистода равона шудааст. Сиёсати дарозмуддати молиявӣ дар алоҳидагӣ натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад, бинобар ин сиёсати мо­лиявӣ бо сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ дар якҷоягӣ  ҳал  карда шуда, натиҷаи дилхоҳ  ба бор меоварад.

Дар муайян намудани сгартегияи молиявӣ дурнамои аз  ҷиҳати илмӣ асоснокшуда ва фарзияи иқтисодӣ нақши асосӣ мебозанд. Дурнамо ва фарзияи молиявӣ асоси сгратегияи молиявиро ташкил медиҳанд.

Паҳлуи дигаре, ки ба ғайр аз стратегия дар муайян наму­дани сиёсати молиявӣ нақши арзанда дорад, тактикаи молиявӣ мебошад. Тактикаи молиявӣ тарз, усул ва рохҳои татбиқи стартегияи дурандешонаро муайян намуда, асосан барои ҳалли ма­съалаҳои мушаххасу муайяни инкишоф нигаронида шудааст.

Стратегия ва тактика на танҳо ду паҳлуҳои  асосии амалӣ сохгани сиёсати молиявӣ, балки муайянкунандаи рейтингу нуфузи соҳибкорӣ дар шароити бозор мебошанд. Мақсади асосии сиёсати давлатии молиявӣ муҳайё намудани шароити моли­явӣ барои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ҷамъият, баландбардории сатҳ ва сифати зиндагии мардум мебошад. Барои расидан ба мақсади пешбинишуда дар назди сиёсати молиявӣ ҳалли вазифаҳои зерин меистанд:

  • таъмини шароиг барои бунёди ҳадди имкони захираҳои молиявӣ;
  • муқаррар намудани аз нуқтаи назари давлатӣ самараноки тақсим ва истифодабарии захираҳои молиявӣ; -ташкили  усулҳои молиявии танзим ва ҳавасмандии ҷараёни иқтисодиву иҷтимоӣ;
  • таҳияи механизми молиявӣ ва такмили он вобаста аз вази­фаҳои ивазшавандаи стратеги;
  • муҳайё намудани низоми кори самарабахш ва максималии идоракунии молиявӣ.

Дар амал баробари сиёсати давлатии молиявӣ сиёса­ти молиявии корхона ҷой дорад, ки мазмуни он фаъолияти мақсадноки мененчерҳо оид ба расидан ба мақсади тиҷоратӣ мебошад. Мақсади асосии сиёсати молиявии корхона таъмини маблағгузории он ба шарти ҳисоби хоҷагии пурра ва худмаблағгузорӣ мебошад. Барои таъмини мақсади дар пеш гузошта дар ҳар як корхона механизми дахлдори молиявӣ истифода мешавад.

Сиёсати молиявии давлатӣ ба воситаи самтҳои асосии зерин ташкил карда мешавад, буҷет, андоз, пулу қарз, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, молияи байналмилалӣ.

Сиёсати буҷетӣ ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» ва ҳуҷҷатҳои дигари ҳуқуқӣ, ки шакли сохгори буҷети давлатиро муайян менамоянд ва тамоми ҷараёни буҷетиро ба тартиб медароранд, асос ёфтааст. Сиёсати буҷетӣ дар таркиби даромад ва хароҷоти буҷет, дар тақсимоти онҳо байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, дар сарчашмаҳо ва тартиби пушонидани касри буҷет, дар шакл ва усулҳои идо­ракунии қарзи давлатӣ равшан намоён мегардад. Самтҳои асоситарини фаъолият оид ба сиёсати буҷетӣ инҳоянд,

  • раҳҳои буҷет аз буҳрон,
  • марказонидани ҳамаи даромад ва воситаҳои дигари буҷети ҷумҳуриявӣ ва ҳисоби хазинадории буҷетӣ;
  • амалӣ гардонидани барномаи истифодабари мувофиқи мақсад ва сарфаи хароҷоти давлатӣ;
  • реструктуризатсияи таркиби қарзҳои давлатӣ;
  • баруйхатгирии қарзҳои берунӣ ва дохилӣ ва натиҷаҳои ис­тифодабарии онҳо;
  • муайян намудани низоми самараноки муносибатҳои байнибуҷетии ҳамаи зинаҳо.

Аз характери ҳалли ин масъалаҳо равияи иқтисодиву иҷтимоии сиёсати буҷетӣ вобаста аст.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати молиявӣ сиёсати андоз ме­бошад, ки он таҷассуми худро дар ташаккули ин ё он низоми андоз пайдо менамояд. Сиёсати давлатии андоз бояд барои бунёди шароитҳои ҳам барои давлат ва ҳам барои иштирокчиёни бозор мақбули андозбандиро, ки афзоиши сатҳи даромаднокии субъектони хоҷагидорӣ ва солимгардонии вазъи молиявии бахши ҳақиқати иқтисодро таъмин менамояд, равона гардида бошад. Муносибатҳои нав нисбати сиёсати андоз давом додани ислоҳоти андоз ва ташкили низоми самараноки онро, ки ба талаботҳои иқтисоди даври гузариши ҷумҳурӣ ҷавобгу мебошад, дар назар дорад.

Сиёсати давлатии молиявӣ дар самти муносибатҳои пуливу қарзӣ пайвастагии тарафайни сиёсати пешгирифтаи пуливу қарзии Бонки миллии Тоҷикистон бо сиёсати буҷетӣ ва сиёсати андози ҳукуматро инъикос менамояд. Ин аз бармеояд, ки бе асоснокунии шумораи ҳаҷми пулии ба муомилот баровардашаванда ва коэффитсиенти зарурии сикказанӣ (монетизатсия) буҷети самаранок буда наметавонад. Аммо буҷети «фурубаранда», хароҷоти назоратнашаванда, шумораи зиёди буҷетгирандагон ба муомилоти пул зарар мерасонанд, эмис­сия ва беқурбшавии пулроо ба вуҷуд меоранд. Дар ин шароит самтҳои муҳими амалиёти иқтисодӣ оид ба сиёсати пуливу қарзӣ чораҳои зерин шуда метавонапд:

-бартараф намудани буҳрони бонкӣ;

-барқарор намудани боварӣ нисбати ташкилотҳои қарзӣ; -ҳавасмандгардонии пасандозҳои аҳолӣ;

-аз нав гашкилдиҳии (реструктуризатсияи) низоми бонкӣ; -танзими қурби асъори миллӣ нисбати асъори хориҷӣ дар асоси ҳампоягӣ ба қобилияти харидорӣ;

-пуррагардонии захираҳои асъории ҷумҳурӣ ва кам кардани баромадани сармоя ба хориҷа;

-танзими меъёрҳои фоизи бонкӣ.

Сиёсати иҷтимоӣ пеш аз ҳама бо ҳалли вазифаҳои таъ­мини молиявии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикстон муқаррар карда шудаанд, во­баста мебошад.

Сиёсати гумрукӣ худ симбиози сиёсати андоз ва нарх аст, ки дастрасӣ ба бозори дохилии мол ва хизматрасониро маҳдуд ё васеъ мегардонад, содироту воридоти онҳоро ҳавасманд ё маҳдуд менамояд. Ҳамин тариқ, сиёсати гумрукӣ дар аксар ҳолатҳо на танҳо муносибатҳои тақсимкуниро дар байни субъектҳои хоҷагидорӣ ва давлат, балки инчунин байни субъектҳои хоҷагидориву соҳаҳои иқтисодиёт ва минтақаҳо пешакӣ муайян менамояд. Сиёсати гумрукии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ бисёртар аз сиёсати буҷетӣ вобаста мебошад, ки ба афзоиши ғункунии боҷҳои гумрукӣ ва пардохтҳо равона карда шудааст. Вазифаи асосии ин сиёсат фароҳам овардани шароити мусоиди маблағгузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорон, шароите, ки дар он сармояи бузург аз Тоҷикистон «роҳ ба гурез» наниҳад, балки баръакс вуруди ҳарчӣ беҳтари сармоя ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъмин гардад.

Сиёсати байналмиллалии молиявӣ бо муомилоти пули ҳақиқӣ, ки иштирокчиёни он шахсони ҳуқуқӣ ва вокеъӣ, ҳукуматҳои давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, иттиҳодияҳои ғайрирасмӣ (клубҳо), ки муомилоти асъориро содир менамоянд ба дигарон мебошанд, пайваст аст.

Вазифаҳои молия дар иқтисоди бозорӣ


Сиёсати молияви ва накши он дар рушди иктисодиёт, Мазмуни иктисоди ва ахамияти сиёсати молияви

ҚаблӣИқтисоди бозорӣ ва дигаргунсозии муносибатҳои молиявию қарзӣ дар Тоҷикистон
БаъдӣСиёсати молиявӣ дар замони Тоҷикистони Шуравӣ