Шавкати Бухороӣ

Муҳаммад Исҳоқ аз шоирони маъруфи тоҷик буда, дар Бухоро дар асри XVII ба дунё омадааст. Соли таваллудаш маълум нест. Байни солҳои 1695-1699 дар Исфаҳон вафот кардааст. Шавкат баъди таҳсили илм дар Бухоро касби падараш – саррофиро давом дода ҳамчун шоир низ дар андак муддат шуҳрат пайдо кардааст. Баъдтар тарки ватан карда ба Эрону Ҳиндустон ҳиҷрат намудааст.

Шавкати Бухороӣ соҳибдевон буда, дар сабки ҳиндӣ шеър мегуфт. Аз ӯ ба мо девони ашъоре ба мерос монда, ки қасида, ғазал, қитъа ва рубоиёти фаровоне дорад. Ашъори ӯ бештар дар мавзӯи носозиҳову беадолатиҳои замон, бефаҳмию ҷоҳилӣ, нотавонбиниву ҳасудӣ, макру тазвири баъзе риёкорони дин, сабру қаноат, саховат, ахлоқи ҳамида, дӯстиву рафоқат, беозорӣ, ишқу ошиқӣ ва хушиҳои зиндагӣ суруда шудаанд. Ӯ ҳамчунин бо тахаллуси Нозук низ шеър эҷод кардааст.

Дил забони шиква пеши ман зи сахтӣ боз кард

Дил забони шиква пеши ман зи сахтӣ боз кард,

Шиша чун вақти шикастан шуд, маро овоз кард.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз фиғон гардид афзун тирабахтиҳои ман,

Кулбаамро тира дуди шуълаи овоз кард.

Бе ту дурди май ба хотир шуд маро гарди малол,

Софи ӯ гардид ранг аз чеҳрааш парвоз кард.

Нағмаҳои он санам то субҳ меояд ба гӯш,

Гӯӣ имшаб мутриб аз зуннор тори соз кард.

Чун нигоҳе, к-ӯ зи чашми сурмадор ояд бурун,

Шавкат аз хоки Сифоҳон рӯ сӯйи Шероз кард!

Ғазали дигар аз Шавкати Бухороӣ: Кай тавон аз ҳарфи сарди душманон осуда шуд


Тарчумаи холи/шархи холи/зиндагиномаи Шавкати Бухорои, Газали Дил забони шиква пеши ман зи сахти боз кард, Шавкати Бухорои газалхо, эчодиёт.

ҚаблӣЗайниддин Маҳмуди Восифӣ
БаъдӣКай тавон аз ҳарфи сарди душманон осуда шуд