Тарзи пухтани мошбиринҷ. Пухтани хӯрокҳо аз ярма

Пухтани хурокхо аз ярма (Кори амалии №7). Тарзи пухтани мошбиринч.


Тарзи пухтани мошбиринҷ

Пеш аз он ки ба пухтани хӯрок сар кунем, шартҳои санитарию гигиенӣ ва қоидаҳои техникаи бехатариро риоя кардан лозим аст.

Таҷҳизот: газ ё плитаи барқӣ, дег, кафгир, кафлез, табақчаҳо барои тоза ва реза кардани сабзавот, шустани биринҷ, мош, тахтачаҳо барои реза кардани гӯшт ва сабзавот, кабудӣ, корд, коса, қошуқ, зарф барои ҷурғот ё чакка, мурчдон, намакдон.

Миқдори маҳсулот (барои панҷ кас): гӯшт – 500 г, равған – 75 г, бехпиёз – 150 г, сабзӣ – 2 дона, помидор – 1 дона, мош, лӯбиё – 1, 5 пиёла, биринҷ – 1 пиёла, кабудӣ – 1 бандча, намак, қаламфур ё мурч – мувофиқи табъ.

Рафти кор. Гӯштро 20 – 25-граммӣ пора карда, ба равғани доғкардаи тайёр андохта, то каме сурх шуданаш бирён мекунем. Баъд ба он бехпиёзи наргисӣ, сабзии чоркунҷа резакардаро андохта, 5 – 7 дақиқа кофта меистем, сипас помидори майда резакардаро андохта, боз 5 дақиқаи дигар бирён мекунем.

Баъд ба дег об рехта, мошу лӯбиёи тозакарда ва шустаро низ ба дег андохта, меҷӯшонем. Пас аз ним соат (30 дақиқа) биринҷи тозакарда ва шустаро андохта, меҷӯшонем. 10 дақиқа пеш аз пухтани мошу биринҷ намакашро месанҷем ва агар лозим бошад, боз намак меандозем.

Ҳангоми ба косаҳо кашидан ба мошбиринҷ кабудӣ мепошанд, мувофиқи табъ мурч ё қаламфур ва ҷурғот меандозанд.

Ҳисобот доир ба кори иҷрошуда:

  1. Муайян кардани сифати хӯроки тайёр.
  2. Таркиби биологии ярмаро муайян кунед.

Савол
  1. Кадом шартҳои санитарию гигиениро бояд дар вақти хӯрокпазӣ риоя кард?
  2. Миқдори маҳсулотро барои оилаи худ муайян кунед, чӣ қадар аст?

Маслиҳати муфид

Нахӯд, мош ва лӯбиёро дар оби ҷӯш тар кардан мумкин нест, чунки сафедаи дар таркиби онҳобуда сахт мешавад.

Лӯбиёро пеш аз пухтан дар оби хунук 6 – 8 соат тар карда, мондан лозим аст, то ин ки дар вақти хӯрокпазӣ тез пазад.

ҚаблӣМуайян кардани нишонаҳои ярма аз рӯйи намуди зоҳириашон
БаъдӣТарзи пухтани шавла (Кори амалии №8)