Ҳаёт ва фаъолияти Малеҳои Самарқандӣ / Малехои Самарканди

Хаёт ва фаъолияти Малехои Самарканди. Ҳаёт ва фаъолияти Малеҳои Самарқандӣ. Зиндагиномаи Малехои Самарканди иншо реферат эссе.


Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Малеҳои Самарқандӣ

Нақша:

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли Малеҳо
  2. Эҷодиёти Малеҳо
  3. Хусусиятҳои тазкираи «Музаккируласҳоб»

Хулоса

Малеҳои Самарқандй дар адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун шоир ва тазкиранависи маъруф шӯҳрат пайдо кардааст. Малеҳо соли 1641 дар шаҳри Самарканд таваллуд ёфтааст. Гузаштагони шоир аз Самарканд буда, мансаби муфтии шаҳрро бар ӯхда доштаанд. Падараш аз илми шеър низ бохабар будааст. Хусусан, Малеҳо илмҳои диниро низ аз худ намуда будааст.

Малеҳо ба Эрон низ сафар кардаает. Баъдан, дар Самарканд ба мансаби калон таъин мешавад. У ба ғайр аз адои вазифаи баланди динӣ, ба шеъру шоирй низ машғул будааст. Вале, шӯҳрати ӯ бештар тавассути тазкирааш мебошад, зерл Малеҳо дар таърихи адабиёт ба воситаи тазкираи «Музаккируласҳоб» эътироф гаштааст. Қайд кардан зарур аст, ки аҳамияти тазкираи Малеҳо дар омӯхтани адабиёти асри XVII тоҷик киҳоят бузург будааст, зеро ин тазкира сарчашмаи асосии адабиёти давраи мазкур мебошад. Мо ному насаби зиёда аз 150 шоирону адибонро дар ин давра маҳз ба туфайли тазкираи «Музаккируласҳоб»-и Малеҳо медонем

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Малеҳо ин асари худро дар як муддати кӯтоҳ таълиф намудааст. Шоир дар асоси мулоқоту сӯҳбатҳо, маслиҳату машваратҳои худ бо дигар шоирону адибони замонаш, дар давоми чандин солҳо як тазкирае таълиф намуд, ки мислаш дар таърихи тазкиранигорй дида нашуда буд. Бартарии ин тазкира дар он аст. ки муаллифи он қариб бо тамоми шоирону адибони зикркардаи худ мулоқотҳо ороставу бо онҳо бевосита вохӯрдааст. Малеҳо дар тазкираи худ одоби сӯҳбат, муносибат, муомила, феълу атвор, озодагй ва ҷиҳатҳои ахлоқии шоирону адибонро ба калам додаст. Аз ин рӯ, дар тазкираи Малеҳо зикри хислатҳои шахей ва инсонии шоирону адибон мақому мартабаи бузурге пайдо намудааст. Дар тазкираҳои дигар муаллифони пешин, одатан, бо_ таърифу тавсифи умумии эҷодиёти шоирон қаноат кардаанд. У дар тазкираи худ, ба[ гайр аз ин, шахсият ва зиндагии маишии шоирони замони худро инъикос намудааст.

Дар тасвир ва тавсифи ашъори шоирону адибон ҳамеша адлу инсофро пешаи худ қарор додаст. Фикру андешаҳои ӯ қариб ҳамеша кӯтоҳу мухтасар ва аниқу равшан мебошад. Аз ашъори ҳамаи шоирон намунаҳо овардааст.

Ҳаминро боад илова намуд, ки Малеҳо нисбат ба ашъори шоирон ҳамчун сухансанҷ казар кардаает. Малеҳо дар тазкирааш як катор эродҳои худро ба шеър ва байтҳои суханварони забардасти гузашта аз қабили: Хоҷа Осифй, Низоми Хдротй, Урфии Шерозй, Соиби Табрезй, Шажзти Бухорй, Калим, Мирзо Ҷалоли Асир, Низоми Астарободй, Масъуди Исфаҳонй иброз намудааст. Эродҳои Малеҳо тасодуфй набуда, дар ривоҷу равнаки шеъру шоирй ;дар Мовароуинаҳр асос гузоштаанд.

Малеҳо яке аз нозукбинтарии сухансанҷони замони худ будааст, ки аҳли адаб ба вай эътиқоду дилбастагии зиёде доштаанд;. Баъзе мулоҳизаҳои ӯ ба ашъори шоирони давраш, имрӯз ҳам аҳамияти худро аз даст надодаанд. Аз ҳамин нигоҳ, Малеҳо бо таълифи асари худ барои адабиёти тоҷик хидмати бузурги таърихиро анҷом додаст ва ба ин восита ному насаби худро низ дар таърихи адабиёт ҷовидонй сабт намудааст.

ҚаблӣДостони «Мо зафар хоҳем кард»-и Лоҳутӣ
БаъдӣИди Мехргон. Зикри ҷашни Меҳргон дар осори бузургон