Зайниддин Маҳмуди Восифӣ

Шоир, нависанда, котиб ва таърихнигори тоҷик Зайниддин Маҳмуд ибни Абдуҷалил соли 1485 дар Ҳирот таваллуд ёфта, байни солҳои 1551-1556 дар Тошканд вафот кардааст. Восифӣ қобилияти хуб ва зеҳни тез дошта, илмҳои замонашро дар хурдсолӣ аз худ кардааст.

Дар синни 12-13-солагиаш шеър навишта, муаммо мекушодааст. Ӯ дар ёддоштҳои худ фазилатҳои ҷузъии хешро аз забони Амир Муҳаммад ном ҳамзамони худ ба тарзи зерин нақл мекунад (мазмунан):

«… Амир Муҳаммад гуфт: Восифӣ дар чанд кор ягонаи замон ва бемонанд аст: якум, ӯ қувваи сарпанҷае дорад, ки дар Хуросон ҳеҷ забардасте бар вай зафар наёфта ва панҷаи ӯро натофта; дувум, қувваи рафтор ва равандагии ӯ ба дараҷаест, ки аз Машҳад то Ҳирот, ки 65 фарсанг буда, роҳест дар камоли сахтӣ ва дуруштӣ, дар ду рӯз (пиёда) тай кардааст; савум, шиновар (оббозе) аст, ки як бор дар Боғи Зоғон (Боғи Зоғони Ҳирот) Фаридун Ҳусайнмирзо фармуд то ду дасти ӯро ба ду пояш баста (кулӯла кард) дар ҳавз андохтанд. Ӯ дар ин ҳол аз вақти намози пешин то намози аср дар он ҳавз оббозӣ кард; чорум, ӯ ҳофизи хушовозу хушхон аст, ки ҳеҷ ҳофиз баробари ӯ хонда наметавонад; панҷум, ӯ дар ваъз (нотиқӣ) шогирди Мавлоно Ҳусайн Воиз аст. Мавлонои мазкур дар ҳаққи ӯ гуфтаанд, ки «миёни ману ӯ ҳамин қадар фарқ ҳаст, ки ман хушовоз нестам ва ӯ овози хуш дорад»; шашум, чунон муқаллидест, ки ҳаракати ҳар касро айнан иҷро мекунад; ҳафтум, дар муаммошикофӣ ба мартабаест, ки ҳар муамморо, ки бошад, ном ногуфта мекушояд; нуҳум, тезнавис аст, ки дар як рӯз «Қофия», «Шофия» ва «Шамсия»-ро (ҳамаи инҳо дар якҷо аз шаш ҷузъи чопӣ, аз 96 саҳифа зиёдтаранд) чунон менависад, ки асло дар онҳо хатое роҳ намеёбад; даҳум, дар сабр кардан дар шиддати гуруснагӣ ба ҳаддест, ки дар рӯз рӯзаи гузаро  (шабу рӯз чизе нахӯрда) доштан метавонад; ёздаҳум, дар бадеҳа, шеъргӯӣ ба дараҷаест, ки агар касе фармояд, ягон қасидаи панҷоҳ, шастбайтии устодонро дар як шаб ҷавоб мегӯяд..».

Ҳаёти минбаъдаи шоир ва нависандаи закитабъ дар Бухоро, Самарқанд ва Тошканд мегузарад.

«Бадоеъ-ул-вақоеъ» куллиёт ё маҷмӯи осори ҳам насрию ҳам назмии ӯст. Ин асар таълифоти бадеӣ, таърихӣ ва географӣ аст. «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (воқеаҳои бадеъ) ҳамчун асари ёддоштӣ низ эътироф шудааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳофизи Шерозӣ


Зиндагиномаи/шархи холи/тарчумаи холи Зайниддин Махмуди Восифи, Зайнидин Махмуд Восифи, бадое ул  вакоек, Восифи эчодиёт.

ҚаблӣОмад баҳору мавсими гулҳо расидааст (ғазал)
БаъдӣШавкати Бухороӣ