Шеъри хачви-лахчави

Шеъри ҳаҷвӣ-лаҳҷавӣ барои шумо. Хонед ва ба дигарон расонед >>

Офтоба ба ҳоҷатхонаҳо бе обай,
Соат даҳ шидай, келини хона хобай!
Кулӯха писанд намекунад бандаи Ҳақ,
Ташнобкоғази қиммат ба ҷои обай!

Чӣ давру замон шидай, ки “гаршок” лозим,
“Памперс” барои ҳар “чақалоқ” лозим!?

Бе ҳамин сабилиҳо ҳаёт дошт вуҷуд,
Занҳо Худотарс буданду дар зикру суҷуд.
Хонавайронӣ ками дар кам рух медод,
Мардҳо дурӣ меҷӯстанд ай зани ҷуҳуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бобову бибии мо надиданд “диван”- а,
Ғуломӣ накардан ба Маша-ву Иван -а,
Як куртаи хонапӯши доштанд ба бар,
Як либоси маъракаравӣ баҳри тана.

Лекин ба ҷаноза мерасиданд сари вақт,
Суроғ мерафтанд хеши дура ҳар вақт.

Ҳозир бошад чӣ давру замонай, хоҳар?
Ҷевон пури куртаҳай ва ай рӯймоли сар.
Мошинҳои хориҷӣ ба ҳавлиҳо қатор,
Лекин одамон безор аз хешу табор!

Ҷанозара бо “мобилӣ” хабар мекунанд,
Ай рафтани хонай хеш, ҳазар мекунанд!

Бобоҳои мо 1 аспи тозӣ доштанд,
Ё як хари нимасери роғӣ доштанд.
Дар бари амак буданду паҳлӯи амма,
Бо ҳам гандуму ҷаву нахӯд мекоштанд.

На барқ буду на телефону на “связ”.
Лекин ака медонист, ки додар ба чӣ вазъ!

Ҳоло ҳама қасру хонаву дар гӯянд,
Дар тарабхона арӯсу “калян” ҷӯянд.
Ду дарвозаи калон ба як манзили зист,
“Домофон”-ҳо задагӣ, паноҳ меҷӯянд.

Раис “ҷаласа” дораву деҳқон хаста,
Миёни ҳама пиру ҷавон бишкаста.

Хола занг занад “ҷиян” “вне зона” – да ҳай,
Тағо дар пушти дар, хонадор хонадаҳай.
На меҳру муҳаббат мондагӣ дар олам,
Ҳушу гӯши духтарҳо фақат шонадаҳай.

Лабҳои сунъӣ, пеши бари ай “селикон”,
Манқаҳора бинишона бардошта “салон”.

“Косметика” маймуна парӣ гардонад,
” Доллару Евро” аз аскарӣ гардонад.
“А” – ра ай “Б” фарқ намекунад бачай вазир,
Лекин “прокурор”-ай, чунки эркай хонаҳай!

Ҷорӯб паси дар “полисос” бунгасс мекунад,
Арӯс ба сари домод ҷарангасс мекунад!

Хурӯс хомӯшай, мокиён қиғғас мекунад,
Хар дар паси ёлаҳо ҳангасс мекунад.
“Чизи” дунёи ба дасти кӯдак бозича,
Ай бепулира кисса ҷарангасс мекунад.

На пул баракат дораву на хонаву дар,
Сохтмони ду дунёву “бомж” -ҳои бе дар!

Духтарҳои беодоб бисёр шидай,
Бачаҳо ай ранги духтар безор шидай.
“Парк” – ҳои калон пури семичкафурӯш,
Сирати занҳой бозор валангор шидай.

Кӯ як каса эрод бигиру бинигар,
“Дела” – мекунанд туро то рӯзи дигар!

Эй Худои ҷон, чӣ давру даврон расид,
Занакҳои гуштингир ба майдон расид.
Мардакҳои мани ман кӯдакбон шуданд,
Қаҳтиву касофатӣ ба имон расид.

Қуръони Маҷид зиёду қуръонхонӣ кам,
Дӯстони забонӣ пуру дӯсти ҷони кам.

“Занталоқ!” қасамхӯрӣ аҷаб мода шудай,
Занҷалоба занҳояш чу пойтоба шудай.
Кӯдакҳои падардори аз падар ҷудо,
Оби чашмаи зулол лойоба шудай.

“Энергетик” менӯшанд занҳои беқувват,
Энержӣ гирифта мераванд бар хилват.

Курта ба тани зани ҷавон часпидагӣ,
Роҳ мегарданд банди таношон тофтагӣ.
Оҳ, офарини пиру ҷавони нарина,
Модаҳо гӯё, ки луч ба бозор рехтагӣ.

Эй Аллоҳи меҳрубон, ҳидоятгари мо,
Бе ҳидоятат сангчилу хок бар сари мо.

Андар дили муъминон тавфиқ ҷо кун,
Тавҳид фирист, имона побарҷо кун.
Тавре бинамо, ки Хари Даҷҷол бимирад,
Аҳриману Иблиса ба зулмот ҷо кун…

Давом дорад
Бадоҳатан навиштам. Бо дидани офтобаҳои беоб ва ба хоб дил бастани ҷавонзанон.)))))

Гули Зард – Зардова Гули Давлаталиевна.
Балҷувон, деҳаи “Туркон” 01.06.2021 сол.

ҚаблӣШеърхо дар васфи Дуст ва дусти
БаъдӣМарги ман чист? – Шеърхо аз Алишери Мухаммади