Парванда (файл)

Мафҳуми парванда

Вазифаи асосии парванда (файл) – нигаҳдории иттилоот ба ҳисоб меравад. Вай инчунин барои ирсоли додаҳо аз як барнома ба барномаи дигар ва аз як система ба системаи дигар низ хизмат мерасонад. Бо ибораи дигар парванда – анбори додаҳои устувор ва мутаҳаррик аст. Лекин он танҳо анбори одии додаҳо нест. Парванда ончунон анборест, ки соҳиби ному хосият (атрибут) буда, вақти эҷод ва тағйирёбии худро ба қайд гирифта метавонад.

Мафҳуми парванда бо гузашти айём маънии худро тағйир додааст. Системаҳои амалиётии компютерҳои аввалин парвандаро ҳамчун пойгоҳи додаҳо тасвир менамуданд. Бинобар он, барои онҳо парванда – ин маҷмӯи навиштаҳо (сабтҳо) буд. Одатан дар парванда ҳамаи навиштаҳо андозаи якхела (80-тогӣ аломат) доранд. Барои ҳамин ҳам дар парвандаҳои нисбатан калонҳаҷм вақти зиёд барои ҷустуҷӯ ва сабти додаҳо сарф мешавад.

Дар интиҳои солҳои 60-уми асри ХХ тамоюли содагардонии системаҳои амалиётӣ пеш омад. Ин ҳодиса имконияти истифода бурдани системаҳои амалиётии содашударо дар компютерҳои камиқтидортар низ фароҳам овард. Амали содагардонӣ пеш аз ҳама инъикоси худро дар СА Unix ёфт. Дар Unix парванда гуфта пайдарпайии байтҳо фаҳмида мешавад. Азбаски зарурати ба хотир гирифтани андозаи навиштаҳо аз байн рафт, бинобар он нигаҳдории маълумот дар диск низ осон гардид.

Unix ба дигар системаҳои амалиётии компютерҳои фардӣ таъсири бағоят калон расонид. Қариб ҳамаи КФ ғояи Unix-ро дар хусуси пайдарпайии байтҳо будани парванда қабул намуданд. Парвандаҳое, ки маҷмӯи додаҳоро ифода менамуданд, танҳо ҳангоми мубодилаи иттилооти байни системаҳои компютерӣ истифода мешуданд. Дар мавриди истифода бурдани сохтори мураккабтари парвандаӣ (масалан, СА OS/2) бошад, ҳамеша имконияти онро ба дастаи байтҳо табдил додан вуҷуд дорад.

Парванда (файл) чист?

Парванда – пайдарпайии номдори байтҳо мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сохтори парвандаӣ гуфта, системаи нигаҳдории парвандаҳоро дар хотираи компютер меноманд.

Парвандаҳо дар ҷузвдонҳо нигоҳ дошта мешаванд. Ҳар як ҷузвдон метавонад миқдори дилхоҳи зерҷузвдонҳо дошта бошад. Ҳар кадом зерҷузвдон бошад, дар навбати худ, метавонад парвандаҳо ва дигар зерҷузвдонҳоро дар бар гирад.

Тарзи ташаккули байтии додаҳоро формати парванда мегӯянд. Масалан, барои парвандаи ҷадвали электрониро хондан, зарур аст, ки тарзи тасвири байтии ададҳо, формулаҳо ва матнро дар катакҳои ҷадвал донем. Барои хондани парвандаи виростори матнӣ бошад, донистан зарур аст, ки кадом байтҳо барои тасвири аломатҳо, кадомашон – намуди ҳуруфҳо, ҳошияҳо ва ё дигар маълумот вобастаанд.

Барнома иттилоотро дар парванда тавре ҳифз менамоянд, ки барномасоз онро муайян намудааст. Вале айни ҳол талабот ончунон аст, ки парвандаҳо бояд аз тарафи барномаҳои навъҳои гуногун истифода шуда тавонанд. Барои амалишавии ин мақсад аллакай қисми зиёди барномаҳои татбиқӣ форматҳои бештар паҳнгаштаро мавриди истифода қарор додаанд.

Ҳамаи парвандаҳоро шартан ба ду қисм – матнӣ ва дуӣ ҷудо мекунанд. Барои нигаҳдории ҳар як аломати парвандаи матнӣ як байт хотира ҷудо карда мешавад. Ба ҳар як аломат аз фосилаи 0-255 як адади муайян мувофиқ гузошта мешавад, ки онро рамзи аломат мегӯянд. Парвандаҳои матнӣ бо ёрии ҷадвалҳои махсус рамзбандӣ карда мешаванд. Парвандаҳое, ки барои рамзбандии онҳо танҳо 127 адади аввалаи ин фосила истифода мешаванд, SCII-парванда (American Standard Code for Information Intercange – Стандарти амрикоии рамзбандии иттилоот) ном гирифтаанд. Вале дар SCII-парвандаҳо танҳо ҳарфҳои алифбои лотиниро тасвир кардан мумкин аст.

Дар рамзбандии қисми зиёди алифбоҳои миллӣ бошад, аз ҷадвалҳои ҳаштбита истифода мебаранд. Масалан, барои алифбои русӣ бештар се ҷадвал – Koi8-R, Windows-1251 ва Alt-рамзбандӣ маъмул аст. Аммо баъзе забонҳо, масалан хитоӣ, аз 256-то зиёдтар аломат доранд. Барои рамзбандии ин гуна забонҳо аз якчанд байт истифода бурдан лозим меояд. Дар чунин мавридҳо бештар аз стандарти Unicode истифода мебаранд, ки дар он барои рамзбандии аломатҳо фосилаи ададии 0-65536 хизмат мерасонад.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳоло санадҳои матнӣ на танҳо ҳуруфи гуногун, балки расму диаграммаҳо ва ҳатто иттилооти савту садоиро дар бар мегиранд. Дар натиҷа, форматҳое пайдо шудаанд, ки онҳо махлути (комбинатсияи) гуногуни форматҳои ин намудҳои иттилоот мебошанд.

Фарқи парвандаҳои дуӣ аз парвандаҳои матнӣ дар он аст, ки дар парвандаҳои дуӣ тамоми иттилоот танҳо ба воситаи рақамҳои дуӣ рамзбандӣ карда мешавад. Мисоли чунин парвандаҳо парвандаҳои махсуси иҷроишӣ ва графикӣ шуда метавонанд.


 Ҷузвдонҳо

Тавре қайд шуд, парвандаҳо ба ғайр аз ном боз соҳиби дигар тавсифҳо – ҳаҷм, сана, вақти сохта шудан ва ғайра мебошанд. Ному тавсифҳои парванда дар ҷойи махсуси сатҳи диск ба қайд гирифта мешаванд, ки онро ҷузвдон (каталог, директория, папка) меноманд. Агар номи парванда дар ягон ҷузвдон ба қайд гирифта шуда бошад, он гоҳ мегӯянд, ки парванда дар дохили ин ҷузвдон ҷойгир аст. Барои дар ҳамон ҷузвдон нигоҳ доштани нусхаи парванда, онро бо дигар ном сабт кардан кифоя аст.

Ҳамаи ҷузвдонҳои диск, ба ғайр аз ҷузвдони асосии он номи хусусии худро доранд. Рӯйхати ин номҳо дар худи диск ба қайд гирифта мешавад. Дар ин маврид диск низ ҳамчун ҷузвдон тасвир ёфта, ном, ҳаҷм ва дигар хосиятҳояш дар ҷузвдони дискҳои компютер ба қайд гирифта мешавад. Агар номи ҷузвдони X дар ҷузвдони Y ба қайд гирифта шуда бошад, он гоҳ X зерҷузвдон ва Y ҷузвдони волидӣ номида мешаванд.

Ҳар як диск як ҷузвдони асосӣ (решавӣ) ва миқдори дилхоҳи ҷузвдонҳои дигар дошта метавонад. Дар ҷузвдони асосӣ парвандаҳо ва ҷузвдонҳои дигар (ҷузвдонҳои дараҷаи якум) ҷойгир карда мешаванд. Дар ҷузвдонҳои дараҷаи якум бошад, парвандаву ҷузвдонҳои дараҷаи дуюм ва ғайра ҷойгир карда мешаванд. Бо зиёд шудани миқдори ҷузвдонҳои диск сохтори дарахтшакли ҷузвдонҳо пайдо мешавад. Истифодабарандаи компютер дар ҳар як лаҳзаи вақт бо яке аз ҷузвдонҳои диск сару кор дорад, ки онро ҷузвдони ҷорӣ мегӯянд.


СОХТОРИ ПАРВАНДАи (файли), Мафхуми парванда, Чузвдонхо, файл чист, парванда чист.

ҚаблӣСИСТЕМАИ АМАЛИЁТИИ LINUX
БаъдӣБОЙГОНИСОЗҲО (Архиваторҳо)