БОЙГОНИСОЗҲО (Архиваторҳо)

Барои баланд бардоштани эътимоднокии ҳифзи иттилооти дар компютер маҳфузбуда, ба таври даврӣ ва мунтазам нусхаҳои парвандаву ҷузвдонҳо бойгонисозӣ (архивӣ) карда мешаванд. Бойгонисозӣ пеш аз ҳама вазифаи маъмури системавӣ ба ҳисоб меравад, вале онро ҳар як корбари компютер низ метавонад анҷом диҳад. Агар шумо тасодуфан ягон парвандаро қатъан ҳазф карда бошед, он гоҳ тавассути нусхаи бойгонишуда онро аз нав барқарор карда метавонед.

Гарчанде тарзи кори бойгонисозҳо (архиваторҳо) гуногун бошад ҳам, вале вазифаашон як чиз – фишурдан аст.

Бойгонисоз барномаест, ки аз ҳисоби фишурдани иттилоот андозаи аслии парвандаро хурд ва тавассути сарфаи ҷойи холишуда ҳаҷми нисбии дискро зиёд менамояд.

Масалан, дар парвандаҳои матнӣ қисмҳои (фрагментҳои) такроршаванда хеле зиёд дучор меоянд. Вазифаи бойгонисоз аз ёфтан ва нишонагузорӣ кардани ин қисмҳо ва бо тартиби муайян аз нав ҷо ба ҷо намудани онҳо иборат мебошад. Андозаи парвандаи натиҷавӣ (бойгонишуда), бояд аз андозаи парвандаи додашуда хурдтар бошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бойгонисоз – барномаи иттилоотфишурӣ мебошад.

Дараҷаи фишурдашавии парвандаҳои намудашон гуногун ҳар хел аст. Масалан, имконияти фишурдашавии парвандаҳои матнӣ тақрибан ду маротиба (50%) буда, расми ғайриранга – ду, чор ва ҳатто даҳ маротиба аст. Парвандаҳое низ мавҷуданд, ки дараҷаи фишурдашавиашон ҳамагӣ як фоизро ташкил медиҳад. Масалан, парвандаҳои графикӣ хеле кам фишурда мешаванд.

Барномаҳои бойгонисоз ҳангоми фишурдани парвандаҳо аз алгоритмҳои гуногуни ҷафскунии иттилоот истифода мебаранд. Дар СА Linux фармони tar воситаи аз ҳама маъмули бойгонисозӣ ба ҳисоб меравад. Формати ин фармон – tar калидҳо номи_бойгонӣ парвандаҳо/ҷузвдонҳо мебошад. Дар ин ҷо калимаи калидҳо – номгӯи калидҳои фармон ва калимаҳои парвандаҳо/ҷузвдонҳо – номгӯи парвандаҳо ё ҷузвдонҳои ба бойгонӣ ҳамроҳшаванда ё аз он ҳазфшавандаро ифода менамоянд. Калидҳои маъмули фармони tar инҳоянд:

  • c – бойгонисозии парванда;
  • v – инъикоси номгӯи парвандаҳои бойгонишуда дар экран;
  • f – номгузорӣ кардани парвандаи бойгонишаванда;
  • z – бойгонифишурӣ ё бойгоникушоӣ;
  • x – бозгардонии парвандаи бойгонишуда ба ҳолати пештарааш;
  • t – нишон додани дарунмояи бойгонӣ.

Фармони tar ҷузвдонҳоро ба таври рекурсивӣ (аз нав истифодабарӣ) бо кулли парвандаву зерҷузвдонҳояшон бойгонӣ месозад. Масалан, фармони tar cvf backup.tar /etc ҳамаи парвандаҳои ҷузвдони /etc-ро бо номи backup.tar ба бойгонӣ ҳамроҳ менамояд, вале худи бойгониро намефишурад. Барои фишурдани парвандаи бойгонишуда, қисми иловагии номи онро tgz гузоштан лозим аст, яъне фармон бояд дар шакли tar cvfz ном.tgz парвандаҳо ифода ёбад. Фармони tar cvfz backup.tgz /etc бойгонии backup.tgz-ро месозад, ки андозаи он аз андозаи бойгонии backup.tar хеле хурд аст. Фармони tar tvfz backup.tgz дарунмояи бойгонии backup.tgz-ро ба экран мебарорад. Фармони tar xvfz backup.tgz бошад, дар ҷузвдони ҷорӣ зерҷузвдони etc сохта, дар он бойгонии backup.tgz-ро мекушояд.Барномаи дигари хеле маъмули бойгонисоз ва фишуранда утилити zip мебошад. Гарчанде вай нисбат ба tar парвандаҳои андозаашон каме ҳаҷман калонтарро созад ҳам, дар бойгонисозии парвандаҳои муҳити СА MS DOS ва Windows бештар истифода мешавад. Бо ёрии вай бойгонии дар як СА сохташударо бе ягон мушкилӣ дар дигар СА кушодан мумкин аст. Барои ҳамин ҳам, утилити zip дар табодули иттилооти системаҳои амалиётии гуногун татбиқ карда мешавад. Формати ин фармон – zip -калидҳо номи_бойгонӣ парвандаҳо/ҷузвдонҳо мебошад.

 Агар дар рӯйхати объектҳои бойгонишаванда номи ҷузвдонҳо низ мавҷуд бошанд, он гоҳ zip ҳамчун пешдид ба бойгонӣ танҳо худи номи онҳоро ҳамроҳ намуда, мазмуни ҷузвдонҳоро ба ҳисоб намегирад. Барои бойгонисозии рекурсивии ҷузвдонҳо калиди r-ро истифода мебаранд. Масалан, фармони zip -r foo my_dir бойгониеро бо номи foo.zip месозад ва дар он ҷузвдони my_dir-ро бо тамоми парвандаву зерҷузвдонҳояш ҷойгир менамояд.

Барои бойгоникушоӣ фармони unzip номи_бойгонӣ хизмат мерасонад. Масалан, фармони unzip foo.zip дар ҷузвдони ҷорӣ зерҷузвдони my_dir сохта, дар он дарунмояи бойгониро мекушояд.

ЭЗОҳ: Барои бо утилитҳои бойгонисоз пурратар шиносоӣ пайдо намудан, аз фармонҳои man tar, man zip ва man unzip истифода баред.

Барномаҳои бойгонисоз хеле зиёданд. Онҳо аз ҳамдигар бо истифодаи усулҳои математикӣ, суръати фишурдан ва сифати корашон фарқ мекунанд. Масалан, барномаҳои pkzip, lharc, arj, winzip низ мисоли бойгонисозҳо мебошанд, ки дар байни ҳаводорони СА Windows хеле маъмуланд. Аз бойгонисозҳо бештар ҳангоми бо ёрии дискҳо аз як компютер ба дигар компютер кӯчонидани парвандаҳои ҳаҷмашон калон истифода мебаранд.


БОЙГОНИСОЗХО (Архиваторхо), бойгонисоз чист? Архиватор чист?

ҚаблӣПарванда (файл)
БаъдӣҶАДВАЛИ ЭЛЕКТРОНӢ