Зодруз муборак – Шеър барои зодруз

Зодруз муборак табрикнома, таваллуд муборак, шеър дар васфи зодруз, шеър барои рузи таваллуд, зодруз зодруз муборак барои зодруз табрикнома зодруз зодруз муборак табрикнома табрикот зодруз картинка зодруз зодруз муборак азизам

Чу Саъдӣ пир гардӣ, кам набинӣ,
Чу Ҳофиз шод бошӣ, ғам набинӣ.
Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошӣ,
Чу Сино дар дилу дар дида бошӣ.

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Ҷуз ин сухан нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта,
Сад сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Баҳори умратон бишкуфта хоҳам,
Ҳаёти пурнишоту суфта хоҳам.
Дар ин шоҳроҳи тайгардидаи умр,
Раҳи испеду кас нокӯфта хоҳам!
Озармеҳр

Мавлуди накӯи умр бодо табрик,
Ин як зи ҳазори умр бодо табрик.
Дар авҷу барор бахту толеи ту бод,
Ин авҷу барори умр бодо табрик!

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Эй баландахтар, Худоят умри ҷовидон диҳад,
Он чи пирузию беҳрузӣ дар он аст он диҳад.
Ҷовидон нафси шарифат бандаи фармон диҳад,
Баъд аз он бар ҷумлаи фармони ҳақ фармон диҳад.

Ниҳоли қоматат пурбор гардад,
Туро умри наку ҳам ёр гардад.
Дар ин дунё бизӣ сад соли дигар,
Ки дунё аз паят гулзор гардад.

ЗОДРӮЗ ҲУҶАСТА БОД!

Хоҳем мисли Саъдӣ, сад сол умр бубинӣ,
Аз домани умедат, гулдастаҳо бичинӣ.
Туро орзу дорем давлату ганҷ,
Бубинӣ сад сол умр, бе дарду бе ранҷ.

Фурӯғи дидагонат кам нагардад,
Ғаме бар шодии ту зам нагардад.
Ниҳоли умри худ дилшод бинӣ,
Ниҳоли орзуят хам нагардад.

Ҳамеша шодмону хушнаво бош,
Барои дӯстон обу ҳаво бош.
Бихоҳем сарбаландӣ байни ёрон,
Ба умри сад ба мо ҳамчун даво бош.

Эй ҳусни баҳор зодрӯзат табрик,
Бо бахт ҳазор зодрӯзат табрик.
Хушбахту саодату саломат бошӣ,
Бо авҷу барор зодрузат табрик.


ҚаблӣАло шодоб сохилхо (шеъри пурра, текст)
БаъдӣСаволу чавоб аз забони точики