Гигиенаи пӯст. Ёрии аввалин ҳангоми хунук задан ва сӯхтани пӯст

Гигиенаи пуст. Ёрии аввалин хангоми хунук задан ва сухтани пуст. Тозагии пуст. Нигохубини муй ва нохунхо. Талаботи гигиени ба либос. Хунук задани пуст. Сухтани пуст.


Тозагии пӯст

Тозагии пӯст яке аз шартҳои муҳимтарини саломатии одам мебошад. Ҳуҷайраҳои дар натиҷаи пӯстпартоӣ вайрон шудаи эпидермиси пӯсти ифлос бо ёрии чарби пӯст часпида, маҷрои ғадудҳои чарбию арақро мебанданд. Дар пӯсти ифлос микроорганизмҳо афзоиш мекунанд. Дар ҳар як сантиметри мураббаи пӯсти одами ифлостабиат то 40 ҳазор микробро пайдо кардан мумкин аст, ки дар байни онҳо мавҷуд будани ангезандаҳои бемориҳо имконпазир аст. Дар натиҷаи фақат бо оби гарм ва собун шустани пӯст он аз ҳар хел моддаҳои ифлос ва микробҳои ҷамъшуда тоза мешавад.


Нигоҳубини мӯй ва нохунҳо

Мӯй ва нохунҳо ҳосилаҳои шохии пӯст мебошанд. Тамоми бадани одам, ғайр аз кафҳо ва ангуштони даст, лабҳо, кафҳои по бо мӯйҳои борик пӯшонда шудааст. Мӯйҳои дароз бештар дар сар ҷойгиранд. Онҳо мағзи сари одамро аз шуои офтоб ва сармо эмин медоранд. Ҳар як мӯй тана ва реша дошта, ба онҳо рагҳои хун ва асабҳо меоянд. Умри мӯй фардист ва он ба синну сол, ҳолати системаи асаб ва ғадудҳои тарашшуҳи дохилии одам вобаста аст.

Ҳар як тори мӯй ҳаёти ба худ хос дорад. Ҳар рӯз то 100 адад мӯйи одам рехта, боз ҳамин миқдор мӯяш аз нав месабзад. Аз ин ҷост, ки миқдори мӯй нисбатан доимист.

Мӯйи одам ҳар хел – зуд ё суст дароз мешавад. Ба ҳисоби миёна мӯйи сари одам 15 сантиметр дароз мешавад. Ранги мӯй бо миқдори пигментҳо муайян шуда, ҷило ва чандириаш ба равғане, ки ғадудҳои чарбӣ ҷудо мекунанд, вобаста аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мӯйро камаш дар даҳ рӯз як бор шустан даркор аст. Барои шустани мӯй бояд оби ҷӯшонда ва вобаста ба ҳолати мӯй собуни тавсияшударо ба кор бурд. Мӯйро ҳатман аз шуои офтоб нигоҳ доштан зарур аст, зеро он дар ҳавои офтобӣ хушк ва зудшикан шуда мерезад. Пӯсти сар сабӯсак мекунад. Дар ҳавои хунук бе каллапӯш гаштан норавост. Ин боиси хунук хӯрдани пӯсти сар, ғафсшавии қабатҳои чарби зери пӯст, вайроншавии бо хун таъминшавии мӯй гардида, одамро тоссар мекунад.

Пушти нӯги ҳар як ангушт бо моддаи шохӣ пӯшонда шуда, он нохунро ташкил медиҳад. Нохун одатан гулобиранг буда дар зери он хун, мӯйрагҳо намоён мешаванд. Рахи борики ҳилолшакли ибтидоии нохун сафед мебошад. Ин рахро дар нохуни сарангушти даст ба хубӣ дидан мумкин аст.

Нохун дар як ҳафта ба ҳисоби миёна 0,5 мм дароз шуда, тобистон нисбат ба зимистон зудтар месабзад. Суръати сабзидани нохунҳои дасту пой як хел нестанд, нохунҳои даст тезтар месабзанд. Бинобар ин, нохунҳои дастро ҳар ҳафта, нохунҳои пойро моҳе ду маротиба гирифтан лозим аст. Зери нохунҳои дароз микроорганизмҳою “занбӯруғҳои” бемориовар ҷамъ шуда, зуд афзоиш меёбанд. Нохунҳои дароз аксаран мешикананд ва пӯсти ангуштонро захмдор мекунанд.


Талаботи гигиенӣ ба либос

Либос одамро аз ҳодисаҳои нохуши муҳит эмин медорад: дар ҳавои хунук баданро гарм карда, дар гармо ба гармибарорӣ монеъ намешавад. Либоси хуб на фақат зебост, балки қулай ҳам аст. Он бояд ба одам ва атрофиён писанд ояд, сабук ва шинам бошад.

Либоси зимистонаро аз матоъҳои нахҳояш нарм: матоъҳои пашмин, бумазӣ, мӯина ва ивазкунандаҳои синтетикии онҳо медӯзанд. Либоси тобистонаро аз матоъҳои сабуку тунуки равшан медӯзанд, ки шуои офтобро ба хубӣ акс мекунад. Одам дар либоси шинаму васеъ ба осонӣ ҳаракат мекунад.


Хунук задани пӯст

Аз ҳама бештар ҷойҳои бараҳнаи бадан – бинӣ, гӯшҳо, инчунин ангуштони дасту пойро хунук мезанад. Аввал пӯст сафед шуда, баъд таъсири чизеро ҳис намекунад ва ниҳоят карахт мешавад.

Ҷойи хунукзадаи пӯстро бо бандинаи гарминигоҳдоранда, пахтаю дока ё матои пашмин мебанданд. Бандина бояд на ҷойи бетағйири пӯст, балки фақат ҷойи сафедшудаи онро пӯшонад. Бандинаро то гарм шудан ва таъсири чизеро ҳис карда тавонистани ҷойи хунукзада кушодан лозим нест. Дар айни ҳол дасту пойҳоро ҷунбондан хуб нест, зеро рагҳо сахт шуда, мумкин аст кафанд ва боиси хунравӣ шаванд. Ба ҷабрдида нӯшокии гарм (қандчой, қаҳва ва шир) медиҳанд.

Ҳангоми ба тамоми организм таъсир кардани сармо ҷабрдидаро ба хонаи гарм дароварда, пойафзоли яхкардаашро мекашанд, пойҳояшро бо нимтанаи пахтагин ё палто печонида, зуд ба беморхона мефиристанд.

Баъзеҳо чунин мешуморанд, ки сигоркашӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ гӯё одамро дар ҳавои хунук гарм мекарда бошад. Ин гумроҳист. Сигоркашӣ боиси танг шудани рагҳои хунгард ва камшавии хун дар мӯйрагҳои ангуштон гардида, хунукзании дасту пойро метезонад. Ҳангоми истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ рагҳо, хусусан пӯсти рӯю гардан васеъ мешаванд. Гармӣ ҳис карда мешавад, вале он фиребдиҳанда аст. Аслан, дар ин ҳол узвҳои дарунӣ ва организм хунук мешаванд. Одам гарм мешавад, вале ҳарорати баданаш торафт паст мегардад, зеро гармӣ берун мебарояд. Ҳиссиёти гармшавие, ки одамон ҳангоми истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ аз сар мегузаронанд, фиребдиҳанда аст.


Сӯхтани пӯст

Пӯст аз оташ, гудозиши оҳани тафсон, оби ҷӯш, ишқорҳо, кислотаҳо ва дигар моддаҳо месӯзад. Ҳангоми сӯхтани пӯст ҳаёти зарардида ба он вобаста аст, ки ба ӯ то омадани духтур чӣ хел зудтар ёрии аввалин мерасонанд. Ҳангоми аз оби ҷӯш ё ягон моеи гарм сӯхтани пӯст аввал либоси зарардидаро кашида, ба ҷойи сӯхта ҳатман оби хунук рехтан лозим аст. Баъд он ҷойро бо докаи тоза ва ё бо матои тоза мепӯшонанд. Ҳубобчаҳои ҷойи сӯхтаро кафондан, ба он равғани наботот ва моддаҳои сӯзонанда (маргансов, спирт, йод) молидан мумкин нест, зеро онҳо сӯзиш ва дарди ҷароҳатро зиёд карда, сиҳатшавиашро суст мекунанд.

Агар либос сӯзад либоси сӯхтаистодаро кашидан ё зери об гузоштан лозим аст. Оташро ба фарш ғел зада хомӯш кардан беҳтар аст. Бадани одами сӯхтаистодаро бо кӯрпа ё палто пӯшонида, оташро метавон хомӯш кард. Дар айни ҳол сари одами зарардида бояд кушода бошад. Баъди он ки оташ хомӯш карда шуд, ба ҷойи сӯхтаи бадан дар давоми 15 дақиқа оби хунук рехтан лозим аст.

Пӯсти аз моддаҳои кимиёвӣ зарардидаро ҳам бо оби хунук шустан беҳтар аст. Агар пӯст аз кислота зарар дида бошад, онро бо маҳлули содаи хӯрданӣ шустан даркор аст. Баъд ҷойи зарардидаро бо докаи тоза мебанданд.


Дониши худро санҷед:

  1. Чаро ба тозагии пӯст бояд риоя кард?
  2. Талаботи асосии беҳдошти либос кадомҳоянд?
  3. Ҳангоми хунук задан ва сӯхтани пӯст чӣ хел ёрии аввалин мерасонанд?
  4. Чаро сигоркашӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ организмро гарм мекунанд?
  5. Мӯйро чӣ хел бояд нигоҳубин кард?
  6. Ҷойи сӯхтагии пӯстро бо чӣ шустан лозим аст?