Таснифоти режимҳои сиёсӣ

Дар илмҳои сиёсӣ таснифоти мухталифи режими сиёсиро мушоҳида намудан мумкин аст. Дар аксари онҳо таснифи режими сиёсӣ бо назардошти омилҳои зерин амалӣ карда мешавад: дараҷаи рушди демократияи сиёсӣ ва мавқеи ҳуқуқию сиёсии инсон дар ҷомеа.

Ҳамин тариқ, аввалин маълумотҳо дар бораи демократия, тирания, диктатура ва монанди инҳо ҳанӯз дар замонҳои қадим мавҷуд буданд. Аз ҳамон давраҳо, аллакай, маълум буд, ки дар ҳар як ҷомеаи идорашаванда ду шакли муносибат ва фаъолиятҳои ҳамдигарро истиснокунанда мавҷуд аст: авторитарӣ ҳамчун яккаҳокимиятӣ ва тобеияти ғайришартномавӣ ва демократӣ ҳамчун баробарҳуқуқӣ, ризоияти умум, озодии интихоб. Аз рӯйи дараҷаи рушду инкишофи ҷомеа ва давлат ин меъёрҳо дар шаклҳои мухталифи ҳукмронии сиёсӣ ифода меёфтанд.

Дар воқеияти иҷтимоию сиёсӣ пайдо кардани намудҳои мутлақи режимҳои сиёсӣ хеле душвор аст. Ҳамаи таснифот нисбати режими сиёсӣ шартан ба амал меоянд. Зеро дар ҳар як режими сиёсӣ ин ва ё он хусусияти режимҳои дигарро низ мушоҳида кардан мумкин аст.

Яке аз типологияи машҳури режимҳои сиёсӣ тақсим намудани онҳо ба авторитарӣ ва демократӣ мебошад ва шаклҳои мухталифи зоҳиршавии режимҳои дигар, намудҳои ба тағйирот дучоршудаи инҳо ба шумор мераванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Инчунин, режими сиёсиро ба демократия ва диктатура низ тақсим менамоянд. Ба диктатура чунин шаклҳои идоранамоӣ ба монанди тирания, олигархия, режимҳои сулолавӣ, деспотия ва режимҳои ҳарбиро шомил менамоянд.

Тирания ҳокимияти як шахс буда, барои қонеъ намудани талаботҳои эгоистии тиран равона шудааст. Аз байн рафтани чунин режим ба марги диктатор вобастагӣ дорад.

Режимҳои сулолавиро инчунин диктатураи мутлақ меноманд ва онҳо аз тирания бо он фарқ менамоянд, ки дар шароити мавҷудияти режимҳои мазкур ҳокимият дар асоси қоидаҳои қатъӣ ташаккул дода шуда, амалӣ гардонида мешавад. Одатан, дар чунин режим ҳокимият дар байни аъзоёни оилаи монарх тақсим карда шуда, хусусияти меросӣ дорад ва легитимияти он аз неруи расму русуми мавҷуда вобаста мебошад (Арабистони Саудӣ, Шоҳигарии Бруней, Аморати Муттаҳидаи Араб).

Режимҳои ҳарбӣ шаклҳои паҳншудаи диктатураи авторитарӣ мебошанд. Мувофиқи як қатор сарчашмаҳо аксари давлатҳои ҷавон ба воситаи чунин режим ба вуҷуд омадаанд. Ҳарбиён, чун қоида, тамоми вазифаҳои ҳукуматро дар дасти худ гирифта, мамлакатро бевосита идора менамоянд ва ё аз болои ҳукумат назорати қатъиро ба роҳ мемонанд.

Режимҳои авторитарии якҳизба ҳизби сиёсии ягонаро ҳамчун воситаи асосии сафарбарнамоии мардум барои дастгирии ҳукумат истифода менамоянд. Аммо ҳизби ягона, чӣ гунае ки дар режими тоталитарӣ дида мешавад, мустақил нест ва барои ба даст овардани воситаҳои таъсиррасонии бештар бо дигар марказҳои ҳукмронӣ дар рақобат қарор мегирад (артиш, ибодатхонаҳо, иттиҳодияҳои мухталиф).

Кулли режимҳои авторитарӣ, ба истиснои режимҳои сулолавӣ, умри кӯтоҳ доранд ва дар онҳо механизмҳои легалии давомнокии ҳокимият дида намешаванд. Аз ин рӯ, интиқоли ҳокимият аз як даст ба дасти дигар ё бо роҳи бюрократӣ ё бо роҳи табаддулот ва ё бо роҳи истифодаи қувваи зӯрӣ ба амал меояд.

Барои дарк намудани моҳияти ин ва ё он режими сиёсӣ чунин омилҳоро ба назар гирифтан мумкин аст:

  • хусусиятҳои ҳокимияти давлатӣ ва дараҷаи назорати он аз болои ҷомеа;
  • механизмҳои ташаккулёбии ҳокимият;
  • хусусиятҳои муносибатҳои мутақобила миёни ҷомеа ва ҳокимият;
  • нақш ва мазмуни ташкилот ва сохторҳои ғайридавлатӣ ва ғайрисиёсӣ;
  • хусусияти меъёрҳои манъшуда дар ҷомеа;
  • нақши идеология дар ҳаёти ҷомеа;
  • хусусияти сарварии сиёсӣ;
  • таносуби ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон;
  • ҳолати васоити ахбори омма;
  • муносибат миёни ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия;
  • нақш ва мазмуни сохторҳои қудратӣ;
  • шакли рафтори сиёсӣ.

Дар замони муосир яке аз таснифоти машҳур ва паҳнгардида режими сиёсиро ба се гурӯҳ ҷудо менамояд: тоталитарӣ, авторитарӣ ва демократӣ. Ин таснифот танҳо дар асри ХХ бинобар сабаби он ки ин аср давраи ба вуҷуд омадани тоталитаризм мебошад, хеле машҳур мегардад. Бояд гуфт, ки режимҳои сиёсии замони муосир аз режимҳои сиёсии давраи қадим, асрҳои миёна ва замони Эҳё фарқиятҳои хеле зиёдеро дар бар мегиранд. Зеро дар замони муосир шаклҳои давлатдорӣ ба тағйирот дучор гардида, як қатор институтҳои сиёсии нав (чун ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ, ВАО, раванди оммакунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғ.) ба вуҷуд омадаанд.


Калидвожаҳо: Таснифоти режимхои сиёси, Таснифи режими сиёси.

ҚаблӣМоҳияти режими сиёсӣ
БаъдӣРежимҳои ғайридемократӣ