Гӯянд, маро чу зод МОДАР (Шеър)

Гӯянд, маро чу зод модар,
Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт.

Шабҳо бари гоҳвораи ман
Бедор нишасту хуфтан омӯхт.

Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам
Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.

Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шеваи роҳ рафтан омӯхт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Пас ҳастии ман зи ҳастии ӯст,
То ҳастаму ҳаст, дорамаш дӯст.

Эраҷ Мирзо

Иншо дар бораи МОДАР


Гуянд, маро чу зод МОДАР (Шеър), шеър дар васфи модар, шеъри Эрач Мирзо

ҚаблӣДасти дуои модар (шеъри пурра)
БаъдӣШеър дар бораи МОДАР