Ноҳияи иқтисодии Бадахшон

Ноҳияи Бадахшон дар қисми шарқии мамлакат ҷойгир шудааст. Масоҳати он ба 63,7 ҳаз. км2 (зиёда аз 44 фоизи ҷумҳурӣ) ва аҳолиаш зиёда аз 215 ҳазор нафар мебошад.

Мавқеи географии он дар гиреҳи бо ҳам пайвандии бузургтарин қаторкӯҳҳои ҷаҳон: Тёншон, Ҳиндукуш, Куэплун, Қароқорум ва Ҳимолой ҷойгир буда, баландии миёнаи ин қаторкӯҳҳо аз 6000 то 7000 метрро дар бар мегиранд.

Сарҳади Помирро дар шимол қаторкӯҳҳои Пушти  Олой, дар ҷануб Ҳиндукуш, дар шарқ кӯҳҳои Қашқар ва дар ҷануб қаторкӯҳи Кӯҳи Лаъл ташкил медиҳанд. Ин мамлакати кӯҳсор аз баҳру уқёнусҳо дар масофаи хело дур воқеъ гаштааст. Масалан, дурии он аз уқёнуси Атлантика – 6700 км, аз уқёнуси Ором – 4200 км, аз уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ 3500 км ва аз уқёнуси Ҳинд дар масофаи то 2000 км дур ҷойгир шудааст.

географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Дар қисми шарқӣ сарҳади Помир бо Хитой (дар масофаи 430 км) ва дар Ҷанубу Ғарб бо Афғонистон (дар масофаи 600 км) мегузарад. Мавқеи географӣ ва мураккабии релеф сабаби солҳои тӯлонӣ дар вазъияти вазнини иқтисодӣ мондани ин сарзамин гардид. Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ аввалин роҳи мошингарди Ош-Хоруғ (солҳои 30-уми асри XX) ва минбаъд роҳи Душанбе-Хоруғ ин кишварро аз бумбасти коммуникатсионӣ  раҳо намуд. дар замони истиқлол баъди сохтмони шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма роҳи доимӣ байни Тоҷикистон ва Хитою Непалу Покистон бо воситаи Помир шурӯъ гардид.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шароит ва сарватҳои табиии Бадахшон хусусияти ба худ хосро доранд. Ҳудуди он саросар кӯҳсор буда, дар ин ҷо баландтарин кӯҳҳои ҷаҳон, қуллаҳои доим ба барф пӯшида, пиряхҳои доимӣ, биёбонҳои хунук ва хушки баландкӯҳ ҷойгир шудаанд.

Қисми зиёди масоҳати ноҳияро (95%) пиряхҳо, харсангҳо, нишебиҳо ва заминҳои серсанг ташкил медиханд. Помир ба Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ ҷудо мешавад. Ҳудуди Помири Ғарбиро қаторкӯҳҳои ба таври горизонталӣ ҷой гирифта ишғол намудаанд: Пушти Олой (бо қуллаи Истиқлол 7134 м), Ванҷ (5464 м), Язгулом (Қуллаи Инқилоб 6974 м), Рӯшон (6000-6100 м), Шуғнон (5704 м). Дар ин ҷо боз қаторкӯҳҳои ба таври мередионалӣ: Академияи илмҳо (қуллаи Исмолили Сомонӣ 7495 м), Зулумарт, Шохдара ва ғайра низ ҷойгир шудаанд. Қисми зиёди водиҳои Помири Ғарбӣ ба мисли водии Бартанг, Рӯшон, Ишкошим ва ғайра дар баландиҳои аз 2000 то 3000 м воқеъ гаштаанд.

Помири Шарқӣ бошад, ҳолати дигари табиию географиро доро мебошад. Биёбони баландкӯҳ аз доманакӯҳи ҷанубии кӯҳҳои Пушти Олой дар шимол то соҳилҳои дарёи Панҷ дар ҷануб кашол ёфтааст. Ҳамвориҳои онро водии Аличур, Мурғоб ва Рангкӯл дар баландиҳои аз 3400 то 4200 метр аз сатҳи баҳр ташкил медиҳанд.

Вобаста ба мавқеи географӣ ва релефи маҳал шароитҳои иқлимӣ низ гуногун мебошад. Ҳарорати миёнаи моҳи январӣ дар Хоруғ -7-80, дар Мурғоб -19-200 ва дар пиряхи Федченко -17-180 дар бар мегирад. Ҳарорати моҳи июлӣ низ нисбати дигар қисмҳои ҷумҳурӣ фарқ мекунад. Масалан, ҳарорати моҳи июлӣ дар Хоруғ +350, Ҷавшангоз +260, Мурғоб +310 ва Қароқӯл +200 мерасад. Боришот бошад, дар Помири Ғарбӣ нисбат ба Шарқӣ фарқ мекунад. Масалан, боришоти миёнаи солона дар Помири Ғарбӣ то 250 мм, вале дар Помири Шарқӣ 100-120 мм дар бар мегирад.

Ноҳияи иқтисодии Бадахшон аз канданиҳои фоиданок ниҳоят бой аст. Махсусан, конҳои бор, қалъагӣ, нуқра, тилло, никел, сангҳои қиматбаҳо, обҳои шифобахши он машҳур мебошанд. Дар ин ҷо 16 кон бо 11 намуди сарватҳои зеризаминӣ тадқиқ карда шудаанд, ки муҳимтарини онҳо кони лаъл, лоҷвард, аметист, скаполит, мармар ва ғайра мебошанд. Дар ҳудуди Бадахшон 70 чашмаи обҳои гарм ва хунуки шифобахш маълум карда шудааст. Чашмаҳои муҳимтарини он Авҷ, Абхарв, Жунт, Сист, Хозгунӣ, Баршор, Лангар, Гармчашма ва ғайра мебошанд. Хусусан, чашмаи Гармчашма бо хусусиятҳои табобатиаш дер боз дар мамлакат ва берун аз он машҳур аст. Обҳои дохилии ноҳияро шабакаи пиряхҳои азим, дарёҳо ва кӯлҳо ташкил менамоянд. Миқдори умумии пиряхҳои Помир ба 5,5 ҳазор мерасад, ки ин 60% миқдори пиряхҳои мамлакатро дар бар мегирад. Дар пиряхҳои ноҳия 360 км3 об ҷамъ шудааст, ки 7 баробар нисбати ҳаҷми солонаи дарёҳои Тоҷикистон зиёд мебошад. Ҳоло ба ҳар сари аҳолии Бадахшон 4 млн. м3 пирях рост меояд, ки аз ҷиҳати ин нишондиҳанда, Помир танҳо аз Гренландия қафо меистад. Калонтарин пиряхҳои ноҳия ин пиряхи Федченко, Грум-гржимайло, Бивачий, Ҷамъияти географӣ ва ғайра мебошанд.

Дар ҳудуди Бадахшон 500 дарёи калон ва миёна бо дарозии аз 25 то 300 км ба ҳисоб гирифта шудааст. Калонтарини онҳо Панҷ, Вахон, Ғунд, Шохдара, Бартанг, Язгулом, Ванҷ ва Обихумбоб мебошанд.

Дар ҳудуди Бадахшон зиёда аз 900 кӯлҳои хурду калон ба қайд гирифта шудаанд. Захираи умумии кӯлҳо ба 50 млн. м3 баробар мебошад, ки калонтарини он Қароқӯл – 26,6 км3, Сарез – 17,0 км3 ва Заркӯл – 5,7 км3 ба ҳисоб мераванд.

Ҳамин тавр, бо вуҷуди шароити мусоид ва захираҳои бузурги табиӣ то замони Ҳокимияти Советӣ (набудани роҳҳои муҳими алоқа) имконияти истифодабарии сарватҳои табиӣ ва дар асоси онҳо тараққӣ додани қувваҳои истеҳсолкунанда ғайриимкон буд.

Давраҳои ташаккули хоҷагии ноҳияи Бадахшон бо вуҷуди мушкилиҳои набудани роҳ ва алоқаҳои доимӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар тӯли садсолаҳо ба таври ба худ тараққӣ мекард. Мардуми ин кишвар бо заҳмати ниҳоят зиёд дар камари кӯҳ порчаи замин тайёр намуда, онро кишт менамуд ва ризқу рӯзии худро пайдо менамуд. Дар чунин шароити мушкил бо ёрии селексияи халқӣ намуди зироатҳои серҳосил ва тезпазакро пайдо намуда, онро ба дигар ноҳияҳо паҳн мекарданд. Академик Н.И.Вавилов ҳангоми омӯзиши зироатҳои Бадахшон яке аз намудҳои қадимии гандумро дар ин макон пайдо намуд ва муайян кард, ки ин мулк ватани қадими зироаткорӣ дар Осиё ба ҳисоб меравад. Бисёр боғҳои Бадахшон дар асоси интихоби навъҳои беҳтарину серҳосил равнақ меёфтанд. Селексияи халқӣ то ин дам дар баробари навъҳои серҳосил боз ба тобоварии онҳо ба таъсири иқлиму сармо диққати муҳим медоданд.

Дар ноҳияи Бадахшон аз қадим боз сангҳои қиматбаҳоро истифода ва ба муомилот мебароварданд. Масалан, лоҷварди бадахшонӣ дар бозори аксари мамлакатҳои Шарқ, Миср, Юнон ва Рим шӯҳрат дошт. Лоҷвардро бо корвонҳо ба Бобулистон ва Ҳиндустон мебурданд. Дар музеи Эрмитажи Санкт-Петербург ҳоло ҳам чанд зарфи нафиси лоҷвардӣ то имрӯз нигоҳ дошта шудааст. Ҳамин тавр, бо вуҷуди мушкилии роҳ муомилоти Бадахшон бо кишварҳои дуру наздик идома меёфт. Вале сохтмони роҳи мошингарди Ош-Хоруғ ва Душанбе-Хоруғ дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ вазъи ниҳоят вазнини Бадахшонро сабук намуда, барои инкишофи соҳаҳои саноат, нақлиёт ва сохтмон шароит фароҳам овард. Солҳои 1930-1940 дар Бадахшон аввалин корхонаҳои саноати маҳаллӣ – дӯзандагӣ, коркарди пӯст ва рехтагарӣ барпо ёфтанд. Дар ин давра яке аз муваффақиятҳои муҳими пешравии иқтисодиёти Бадахшон сохтмони якчанд нерӯгоҳхои хурди барқӣ, соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ ва саноати масолеҳи бинокорӣ буд. Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти обу замин якчанд маротиба заминҳои обёришаванда васеъ гардида, ҳосилнокии зироатҳои ғалладона зиёд гардид. Ин барои беҳтар шудани базаи хӯроки чорво ва маҳсулнокии он мусоидат намуд.

Баъди истиқлолият барои беҳтар намудани равобитҳои иқтисодӣ ва гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ як қатор тадбирҳои муҳим андешида шуд. Солҳои 90-уми асри гузашта дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ як қатор ислоҳотҳои нав гузаронида шуд. Ин ислоҳот пеш аз ҳама ба хоҷагиҳои камиқтидор ва камбизоат тақсим намудани замину чорво ба мӯҳлати дарозмуддат равона шуда буд. Дар ин муддат хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ пайдо гардиданд. Ин чорабинӣ имконияти пешгирии истеҳсолот ва дар як муддати кӯтоҳ ба афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва маҳсулнокии чорво дар Бадахшон сабаб шуд.

Аҳолии Бадахшон чун дигар ноҳияҳои Тоҷикистон дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ бо суръати баланд афзоиш намуд. Агар охири соли 1926 дар ҳудуди ҳозираи ноҳия аҳолӣ 54,6 ҳазор нафарро ташкил менамуд, пас соли 1979 ба 126,8 ҳазор ва ҳоло зиёда аз 215 ҳазорро дар бар мегирад. Солҳои 50-уми асри XX чун дигар қисматҳои кӯҳистон аз ноҳияи Бадахшон низ як қисми аҳолӣ ба ноҳияи Вахш муҳоҷир карда шуданд. Дар шароити гарми тобистон бо чунин тарз кӯчонидани аҳолӣ як қатор оқибатҳои манфӣ низ дошт. Ҳайати миллии ноҳияи Бадахшон нисбати тамоми ҷумҳурӣ фарқ мекунад. Ҳоло дар ин ҷо ҳиссаи тоҷикон ба 94% ва қирғизҳо 5,8% дар бар мегирад. Зичии аҳолӣ низ фарқ мекунад. Масалан, агар зичии миёнаи аҳолӣ дар Помири Ғарбӣ дар 1 км2 7,4 нафарро ташкил кунад, пас ин нишондиҳанда дар Помири Шарқӣ ба 0,4 нафар мерасад.

Дар ноҳияи Бадахшон низ миқдори зиёди бекорон ба назар мерасад. Танҳо дар соли 2008 нисбати соли 1997 миқдори бекорон қариб 2 баробар афзуд. Умуман, дар Бадахшон сатҳи бекорон 27,5 %-ро ташкил медихад (дар ҷумҳурӣ 2,5%). Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ аҳолии дар истеҳсолот банд набуда 21,1% аҳолии қобили меҳнати ноҳияро дар бар мегирад. Ҳар сол аз ҳудуди  Бадахшон тахминан аз 24% то 45% аҳолии қобили меҳнат барои мардикорӣ ба хориҷи кишвар мераванд. Ҳар сол аз ҷониби мардикорон ба ноҳияи Бадахшон аз 24 то 47 млн. доллар ворид мегардад.  Яъне, ба ҳар сар аҳолии ноҳия ба ҳисоби миёна соле аз ҳисоби мардикорон аз 119 то 224 доллар ворид мегардад, ки ин маблағ барои рӯзгузаронӣ кифоя нест.

Комплекси хоҷагии халқи ноҳияи иқтисодии Бадахшон дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ бунёд ёфт ва тараққӣ кард. Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ ҳоло ба ҳиссаи ноҳияи мазкур 8,2 фоизи истеҳсоли гӯшт ва 8,6 фоизи истеҳсоли картошкаи мамлакат рост меояд. Дигар соҳаҳои хоҷагии он нисбати сатҳи миёнаи нишондиҳандаи ҷумҳуриявӣ хело паст мебошад.

Инкишофи соҳаи энергетика дар ноҳия баъди сохтмони нерӯгоҳи Хоруғ (соли 1941) ибтидо мегирад. Минбаъд дар ин ҷо нерӯгоҳи Қалъаихумб (соли 1959), Оқсуй дар Мурғоб (соли 1965), Намадгут дар Ишкошим (соли 1971) ва нерӯгоҳи нав Помир-1 дар Хоруғ бунёд ёфтанд. Соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ вобаста ба талаботи бозор маҳсулоти худро мутобиқ намуда истодаанд. Вале инкишофи ин соҳаҳо пеш аз ҳама техника ва технологияи навро талаб менамояд.

Аз корхонаҳои саноати масолеҳи бинокорӣ заводи оҳану бетони Хоруғ калонтарин дар миқёси ноҳия ба ҳисоб мерафт. Солҳои 1975-1990 суръати истеҳсоли маҳсулоти он то 3,6 баробар афзуд. Айни замон корхона пурра бо иқтидори худ кор намекунад ва барои ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот гузаронидани чорабиниҳои нав зарур аст. Дар ҳудуди ноҳияи Бадахшон охири солҳои 80-уми асри гузашта фабрикаи коркарди сангҳои сохтмонӣ бо номи «Хрустал» (дар асоси кони мармари Даштак дар ноҳияи Ванҷ) ва фабрикаи «Лаъл» дар Поршнев, ки ба коркарди сангҳои қиматбаҳо сарукор дошт, бунёд ёфтанд. Ҳоло нарасидани қувваи барқ ба истеҳсоли маҳсулот дар ин корхонаҳо халали ҷиддӣ мерасонад.

Дар ҳудуди ноҳияи иқтисодии Бадахшон майдони заминҳои корам хело кам аст. Ба ҳар сари аҳолӣ дар ноҳия 0,06 га замини кишт рост меояд, ҳол он ки ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ ба 0,11 га рост меояд. Дар структураи заминҳои кишоварзӣ 88,6 фоизро чарогоҳи каммаҳсул 8,7 %-ро дарахтони бисёрсола ва танҳо 1,5 % ба заминҳои алафдарав рост меояд. Соҳаи кишоварзӣ асосан дар Помири Ғарбӣ тараққӣ ёфтааст. Қисми зиёди майдонҳои киштро зироатҳои ғалладона ишғол намудаанд. Дар баландиҳои то 3600 метр аз сатҳи баҳр зироати ҷав мекоранд. Зироати картошка то баландиҳои 3000 метр кишт карда мешавад ва ҳосилнокии он хело хуб аст.

Аз соҳаи боғдорӣ дар ин ҷо дарахтони зардолу, себ, тут, чормағз, нок, шафтолу ва ғайра парвариш мекунанд. Боғдорӣ бештар дар водиҳои дарёи Панҷ ва ноҳияи Ванҷ тараққӣ кардааст. Дар ноҳияи Дарвоз бошад,  соҳаи ситруспарварӣ ва парвариши анор даромади хуб медиҳанд.

Чорводорӣ дар ноҳияи ба соҳаи гӯсфандпарварӣ, чорвои калони шохдор ва дар Помири Шарқӣ қӯтоспарварӣ ба роҳ монда шудааст. Соҳаи кирмакпарварӣ дар Помири Ғарбӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад.

Дар инкишофи комплекси хоҷагии халқи ноҳияи Бадахшон дар оянда нақши асосиро соҳаи саноати сӯзишворию энергетикӣ, саноати маъдани кӯҳӣ ва индустрияи туризм хоҳад гирифт.

Аз намудҳои сӯзишворӣ дар ин ҷо конҳои ангишти Равнов ва Кӯртеппа вомехӯранд. Захираи кони Равнов ба 160 млн. тонна мерасад ва он дар сарҳади ноҳияи Дарвоз ва Муминобод ҷойгир аст. Истифодаи он дар оянда на ин ки талаботи ноҳияи Бадахшон, балки мавзеъҳои кӯҳсори ноҳияи Кӯлобро низ бо ангишт таъмин хоҳад намуд.

Ҳудуди ноҳияи Бадахшон имконияти бузурги инкишофи электроэнергияро дорад. Ҳоло захираи потенсиалии дарёҳои Бадахшон ба 833 млн. кВт ва ё худ  25,7 % захираҳои потенсиалии мамлакатро ташкил медиханд. Баъди сохтмони нерӯгоҳи барқии «Помир-2» дар оянда сохтмони нерӯгоҳи «Помир-3» бо иқтидори 23 ҳазор кВт сар карда мешавад. Яке аз манбаъҳои асосии инкишофи гидроэнергетика дар Бадахшон ин истифодаи оби кӯли Сарез мебошад. Ба хотири бехатарии кӯли Сарез дар ин кӯл сохтмони нерӯгоҳи барқӣ бо иқтидори 150 ҳазор кВт дар назар дошта шудааст.

Тараққиёти иқтисодиёти Бадахшон бо соҳаи саноати маъдани кӯҳи зич алоқаманд аст. Дар ин ҷо 6 ноҳияи истихроҷи маъдан (Қалъаихумб, Ванҷ, Рушан, Ишкошим, Мурғоб ва Рангкӯл) ҷудо карда шудааст, ки дар онҳо ғайр аз истеҳсоли металлҳои ранга, боз коркарди металлҳои нодиру камёфт ва сангҳои қиматбаҳо дар назар дошта шудааст.

Барои инкишофи хоҷагии қишлоқ низ имкониятҳои калон вуҷуд дорад. Мувофиқи ҳисоботи Институти «Гипрозем» дар ҳудуди ноҳия 10,5 ҳазор заминҳои барои кишт мувофиқ мавҷуд мебошад. Мувофиқи ҳисоботҳои Институти биологии Помир аз ҳисоби заминҳои кӯҳдоман имконияти васеъ намудани 13 ҳазор га замин вуҷуд дорад. Ин имконияти ба таври зиёд кишт намудани зироатҳои ғалладона, сабзавот ва боғдорию парвариши зироатҳои дорувориро ба амал меорад.

Сарзамини ноҳияи Бадахшон захираҳои бениҳоят зиёди рекреатсионӣ ва инкишофи туризму алпинизмро дорад. Ташкил намудани шароитҳои мувофиқ имконият медихад, ки ҳар сол ҳазорон сайёҳон аз давлатҳои хориҷ ба ин ҷо омада истироҳату сайёҳат намоянд. Дар мисоли дигар давлатҳо аз ҳисоби туризм ноҳияи Бадахшон даромади хело зиёд мегирифт, ки ин барои инкишофи иқтисодиёти ноҳия ва ҳам тамоми мамлакат шароитҳои муҳимро фароҳам меовард.

Пешрафти соҳаи нақлиёт ва авҷ гирифтани равобити иқтисодии ноҳияи иқтисодии Бадахшон ба шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма зич алоқаманд аст. Бо воситаи ин роҳ Бадахшон ва Тоҷикистон муносибатҳои иқтисодии худро бо давлатҳои Хитой, Непал, Покистон ва Ҳиндустон мустаҳкам карда, барои барпо намудани якчанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ имконият ба вуҷуд меояд.

ҚаблӣНоҳияи иқтисодии Рашт
БаъдӣКомплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ (КМИТҶ)