Шеъри ҳаҷвӣ дар бораи Хушдоман

Шеъри ҳаҷвие, дар васфи Хушдоман меорем. Ин танҳо барои шухӣ ва болидаруҳии шумо оварда шудааст, дӯстон!

хушдоман

Ҳар руз маро ҷанг кунад.
Сарамро гаранг кунад.
Аҳволамро танг кунад
Хушдоманҷон Хушдоман.

Айб мемонад ба корам.
Дигар тоқат надорам.
Аз дастаки у хорам.
Хушдоманҷон Хушдоман.

Кас нагардад бемалол.
Бошад у кампири зол.
Афтодаам ба ин ҳол.
Хушдоманҷон Хушдоман.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Доим медиҳад дашном.
Аз субҳи содиқ то шом.
Дигар зистан намехом.
Хушдоманҷон Хушдоман.

Гуяд маро беодоб.
Надорам тоқату тоб.
Гушту руганам шуд об.
Хушдоманҷон Хушдоман.

Хезонад вақти намоз.
Диҳад ҷоруби дароз.
Равам ба огил дар тоз.
Хушдоманҷон Хушдоман.

Дар гуши бачеш хонад.
Дар таги шалоқ монад.
Доим маро ранҷонад.
Хушдоманҷон Хушдоман.

Пушам либоси зебо.
Бад-бад мекунад нигоҳ.
Гуяд “ҳа келинпошо”
Хушдоманҷон Хушдоман.

Ҷонаки ман дар азоб.
Аҳволам шуда хароб.
Ҳар қадамам ба ҳисоб.
Хушдоманҷон Хушдоман.

Куча бароям агар.
Гуяд “куҷо дарди сар”.
Кудакатро ҳам бубар.
Хушдоманҷон Хушдоман.

Агар равам ба раён.
Бардорад доду фиғон.
Бисер зиқам очаҷон.
Хушдоманҷон Хушдоман.

Бошад монанди Гитлер.
Аз ҷонакам шудам сер.
Гузаронад ба галбер.
Хушдоманҷон Хушдоман.

Арзи ҳама келинон.
Шунида аз дилу ҷон.
Умар навишт ин достон.
Хушдоманҷон Хушдоман.

Сайидумари Раҳимӣ.

Албатта ин як ҳаҷв аст, дӯстон.

Шеъри “беҳаҷв” дар вафи Хушдоман инҷо хонед >>

Шеър дар васфи Хушдоман

ҚаблӣШеъри ошики – субх ба хайр
БаъдӣЭй сорбон охиста рон (ғазали пурра, песня-mp3 )

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед